Дар бораи иваз кардани кӯдакон дар таваллудхона бисёр шунида бошем ҳам, вале дақиқан намедонем, нафароне, ки дар ин кор даст доранд, чӣ ҷазо мегиранд.
Аз назари қонун дар чунин кор кӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, роҳбари таваллудхона ё шахси дастдошта?
Ш., ш. Роғун
Мувофиқи талаботи моддаи 171-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иваз намудани тифл ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳолат шахси дар ин кор дастдошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.