Arzon march 2024
Кӯдакистонҳо мададгори волидон
1033

Таълиму тарбияи томактабӣ раванди мақсаднок буда, қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва зеҳнии кӯдаконро инкишоф дода, ба оила ва падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мадад мерасонад.

Вазифаҳои асосии таълиму тарбияи томактабӣ ҳифз ва таъмини беҳдошти вазъи саломатӣ, инкишофи равонӣ, маънавӣ ва нерӯи эҷодии кӯдакони синни томактабӣ, дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан мебошад. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машғулиятҳои таълимӣ мувофиқи синну соли кӯдакон ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла шиносоӣ бо муҳити атроф, инкишофи нутқ, омодагӣ ба саводомӯзӣ, ташаккули тасаввуроти оддитарини математикӣ, хештаншиносӣ, тартибдиҳӣ, кори дастӣ, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, расмкашӣ, гулмонӣ, суробсозӣ ва ғайраҳо. Машғулиятҳо дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 5 қисм: ташкилӣ, такрори мавзӯи гузашта, баёни мавзӯи нав, лаҳзаи истироҳат ва ҷамъбасти машғулият иборат мебошанд.

Ҳамчунин, бозӣ, фаъолияти мустақилонаи кӯдакон, хоби рӯзона, сайру гашт тибқи реҷаи намунавии рӯз дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар давраи омодагӣ ба мактаб кӯдакон фаъолияти гуногунро иҷро менамоянд ва он дар таълим нақши калон мебозад. Онҳо маҳорати амалу гӯш кардан, иҷро кардани супориши калонсолро пайдо менамоянд; инкишофи маърифатии кӯдакон ба худ шаклҳои мураккаб мегирад; дарки кӯдакон мақсадноку оммавӣ мешавад; мушоҳидакории кӯдакон инкишоф ёфта, қобилияти муҳимми сенсории онҳо ташаккул меёбад; шунавоии фонематикии кӯдакон такмил меёбад; онҳо забони модариро хуб дарк менамоянд ва мавқеи овозҳоро дар калима муайян мекунанд; кӯдакон ҳикояву афсонаҳоро нақл мекунанд ва гӯш кардани мусиқиро ёд мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 707 муассисаи томактабӣ (Суғд-277, Хатлон-162, Душанбе-161, НТҶ-81 ва ВМКБ-26) фаъолият менамояд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 139 муассисиаи таҳсилоти томактабии хусусӣ мавҷуд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД