Роҳҳои қонунии ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак
Қиссаи зане, ки орзуи фарзанд дошт
Муҳаббат ҷавонзани зебои 35-сола ва панҷ панҷааш ҳунар бошад ҳам, фарзанд надошт. Хонаву дар, мошин ва беҳтарин шароити зиндагиро дошта бошад ҳам, ғами бефарзандӣ ӯро азият медод. Табобатҳои пай дар пай дар назди табибон натиҷаи дилхоҳ надоданд. Ташхис собит намуд, ки ин зан безурёт аст ва модар шуда наметавонад, аммо Муҳаббат ба тақдир тан надода, ба хулосае омад, ки кӯдаки ятимеро ба фарзандӣ қабул мекунад ва меҳру муҳаббати модаронаашро ба ӯ бахшида, ҳамчун фарзанди худ ба воя мерасонад.
Фоҷиаи бародар ва тифлакони ятимаш
Дар ин миён бародари 30-солаи Муҳаббат, ки 2 фарзанди хурдсол дошт ва занаш боз ҳомила буд, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Аз марги шавҳараш ҳанӯз як сол ҳам нагузашта, келин “ман ба хотири писаратон дар ин хона зиндагӣ мекардам, дигар ин ҷо монданӣ ман маънӣ надорад” гӯён, фарзанди калониашро гирифту ду тифли хурдсолашро, ки яке нав сесола шуда буд ва дуюмӣ ҳамагӣ 9 моҳ дошт, партофта рафт. Модари пираш аз уҳдаи нигоҳубини ду кӯдаки хурдсол намебаромад ва бо маслиҳати аҳли оила Муҳаббат тифлакони ятими бародарашро ба фарзандӣ қабул кард. Пеш аз он ки кӯдаконро ба хонааш барад, ба собиқ келинашон занг зада, розигии ӯро гирифт.
Аммаи беҳтар аз модар
Ҳамин тавр, Муҳаббат ду кӯдаки хурдсоли бародари ҷавонмаргашро ба тарбияи худ гирифт, вале барои расман онҳоро ба фарзандхондӣ қабул намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб додан муроҷиат накард, зеро ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе модари ин тифлакон аз карда пушаймон шуда, дубора ба суроғи фарзандонаш меояд. Муҳаббат ва шавҳараш бо тиҷорат сарукор дошта, зиндагии серу пур ва орому осуда доштанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки кӯдакон аз чизе танқисӣ накашанд. Ҳамин тавр, аз байн 7 сол гузашт. Духтарчаи калонӣ аллакай 10-сола шуда, дар синфи 4 мехонд, хурдӣ бошад, синфи 1-умро тамом кард.
Бозгашти модари фарзандбезор
Муҳаббат худро хушбахттарин модари дунё эҳсос менамуд, вале пас аз 7-8 сол собиқ келинашон - модари аслии духтарчаҳо пайдо шуда, талаб намуд, ки фарзандонашро ба вай баргардонанд. Муҳаббат лол монда, чӣ гуфтанашро намедонист. Ӯ кӯшиш кард ба келинашон, фаҳмонад, ки барои тарбияи ин кӯдакон 7 соли дароз заҳмат кашидааст, вале “модари ин кӯдакон манам, дар шаҳодатномаи таваллудашон номи ман сабт шудааст, ба хубӣ духтарҳоямро деҳ, набошад аз болоят ба милитсия шикоят карда мегӯям, ки ту фарзандони маро зӯран кашида гирифтӣ” гӯён, духтарчаҳоро зӯран кашола карда бо худ бурд...
Дили Муҳаббат барои духтарчаҳое, ки тӯли 7 сол бо сад ранҷу заҳмат тарбият карда буд, гум мезад, вале модарашон дигар барои вохӯрии онҳо иҷозат надод. Муҳаббат пушаймон аст, ки чаро дар вақташ аз паси тахт кардани ҳуҷҷатҳо нашуд. Агар ҳамон вақт онҳоро бо роҳи қонунӣ фарзандхонд мекард, модари фарзандбезорашон дубора ба суроғашон омада, духтарчаҳоро зӯран бо худ бурда наметавонист...
Муҳаббатҳо зиёданд, вале...
Муҳаббат ягона зане нест, ки бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Аксари одамоне, ки бидуни ҳуҷҷат кӯдакеро ба фарзандӣ қабул мекунанд, бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Барои пеш наомадани мушкилиҳо фарзандхондиро қонунӣ кунондан лозим аст.
Барои қонунан фарзандхонд карданӣ кӯдак чӣ бояд кард?
Тартиби фарзандхондӣ дар боби 19-и “Кодекси оила”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ дар боби 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” нишон дода шудааст. Шахсоне, ки мехоҳанд кӯдакеро ба фарзандӣ қабул намоянд, бояд ба суди маҳали зисти кӯдак ё суди маҳали зисти худ муроҷиат намоянд, зеро тибқи моддаи 47-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” асос барои бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак санади судӣ дар бораи фарзандхондии кӯдак мебошад, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар мақомоти САҲШ-и макони бароварда шудани санади судӣ дар бораи фарзандхондӣ гузаронида мешавад.
Ба суд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст?
Барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак пеш аз ҳама розигии падару модари кӯдак зарур аст. Дар сурати аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гаштани волидони аслии кӯдак, аз фарзанди худ даст кашидани онҳо ё кӯдаки ёфтшударо ба фарзандӣ қабул намудан, фарзандхондӣ бо розигии мақомоти васоияту парасторӣ ва санади судӣ сурат мегирад. Шахс ё шахсоне, ки мехоҳанд кӯдакро ба фарзанхондӣ қабул намоянд, ҳуҷҷатҳои зеринро бояд ба суд пешниҳод созанд:
- Ариза дар бораи ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак.
- Нусхаи шиносномаи шахс ё шахсоне, ки мехоҳанд кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул намоянд.
- Розигии нотариалии падару модари кӯдак.
- Хулосаи Комиссияи ҳуқуқи кӯдак дар бораи шароити зисту зиндагии шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул карданист ва ба манфиати кӯдак будани фарзандхондӣ.
- Шаҳодатномаи ақди никоҳи зану шавҳаре, ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардан мехоҳанд.
- Ҳуҷҷатҳои манзили шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул мекунад.
- Маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатии шахсоне, ки кӯдакро фарзандхонд карданиянд.
- Маълумотнома дар бораи ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор набудани шахс ё шахсоне, ки кӯдакро фарзандхонд карданиянд.
- Маълумотнома дар бораи гирифтор набудан ба нашъамандӣ.
- Маълумотномаи тиббӣ дар бораи гирифтор набудани шахсони кӯдакро ба фарзандхондӣ қабулкунанда ба ВИЧ-СПИД.
- Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ
- Маълумотнома аз ҷойи кор.
- Хислатнома-характеристика.
- Маълумотнома дар бораи вазъи саломатии кӯдак.
Назари ҳуқуқшинос
Тавре ҳимоятгари ботаҷриба Холида Шомирзоева, ки борҳо бо масъалаи фарзандхондӣ машғул шудааст, зимни суҳбат бо мо гуфт, “фарзандхондӣ сирри махфӣ ба шумор рафта, мурофиаи судӣ ба таври пӯшида мегузарад. Дар мурофиа бояд ҳатман прокурор ва намояндаи мақомоти васояту парасторӣ иштирок дошта бошанд. Қабл аз мурофиаи судӣ Комиссияи ҳуқуқи кӯдак шароити зисту зиндагии шахс ё шахсонеро, ки мехоҳанд кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул намоянд, месанҷад ва хулосаашро ба суд пешниҳод мекунад. Мувофиқи моддаи 128-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқияти синнусолии шахси ба фарзандӣ қабулкунанда ва фарзандхонд набояд аз 17 сол кам бошад. Агар шахсе, ки мехоҳад кӯдакеро ба фарзандӣ қабул намояд, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гашта бошад, барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба ноболиғон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, аз ҷониби суд шахси ғайри қобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эълон шуда бошад ва ё ҷойи истиқомати доимӣ надошта бошад, аризааш барои ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак рад карда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо суд бо дарназардошти ҷиҳатҳои мусбати масъала ва ба манфиати кӯдак будани фарзандхондӣ дар бораи ба фарзандхондӣ додани кӯдак санади зарурии судӣ қабул мекунад”.
Тартиби бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ
Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар асоси аризаи хаттии шахс ё шахсоне, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардаанд, гузаронида мешавад. Дар баробари ариза ба мақомоти САҲШ санади судии фарзандхондии кӯдак ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти фарзандхондкунандагон бояд пешниҳод карда шаванд. Бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ дар муддати се рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза гузаронида шуда “Шаҳодатномаи фарзандхондӣ” дода мешавад.
Гирифтани “Шаҳодатномаи таваллуд“ барои кӯдаки фарзандхондшуда
Тағйир додани ному насаб ва номи падари кӯдак тибқи моддаи 20-и Қонуни мазкур сурат мегирад. Дар санади судӣ оид ба фарзандхондӣ сана ва ҷойи таваллуди кӯдак иваз карда шуда бошад, бо хоҳиши шахсони кӯдакро ба фарзандӣ қабулкарда сабти асноди нав дар бораи таваллуди кӯдак тартиб дода шуда, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак бекор карда мешавад ва ба кӯдаки фарзандхондшуда дубора “Шаҳодатномаи таваллуд” дода мешавад, ки дар он ба ҷойи ному насаби волидони аслии кӯдак ҳамчун падару модар ному насаби шахси кӯдакро ба фарзандӣ қабулкарда сабт шудааст. Агар дар санади судӣ оид ба фарзандхондӣ дар бораи нигоҳ доштани муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайри молумулкии кӯдаки фарзандхондшуда бо падару модари ӯ ва ё яке аз онҳо нишон дода шуда бошад, маълумотҳое, ки дар бораи падару модари кӯдак ё яке аз онҳо дар қайди асноди таваллуди кӯдак нишон дода шудаанд, тағйир дода намешаванд.
Нигоҳ доштани сирри фарзандхондӣ
Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун ҳифз мекунад. Мувофиқи моддаи 55-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” кормандони мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ бе розигии шахс, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардааст ҳуқуқ надоранд оид ба фарзандхондӣ ягон маълумот диҳанд ва ҳуҷҷатҳоеро диҳанд, ки аз муҳтавои онҳо падару модари кӯдаки фарзандхондшуда набудани шахси кӯдакро ба фарзандӣ қабулкарда маълум мегардад.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.