Бепарвоии волидон ва беэҳтиётии як ронандаи солманд дар шаҳри Конибодм боиси сар задани рӯйдоди хунине гашт, ки солҳои сол аз ёд намеравад.
Бар асари ин фоҷиаи талх як кӯдаки 6-сола, ки ба қавли маъруф ҳанӯз аз сад гулаш як гулаш нашкуфта буд, ҷони ширини худро аз даст дод...
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 12-уми июн, тахминан соатҳои 08:30 ба вуқуъ пайваста, ронандаи 67-сола Маҳкам Ҷӯраев ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом дар чорроҳаи кӯчаи М. Горкий бо мошини боркаши тамғаи КАМАЗ духтарчаи хурдсол Хуршедзода Фарзон 6-сола, ки савори велосипед буд, пахш намудааст. Дар натиҷаи ин садамаи тақдирсӯз велосипедсавори хурдакак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.