arzon replenishment
Кӯдакамро ба зани ӯзбек додаму худамро бе корд куштам
14.10.2022
ОИЛА
1558


Салом! Ман 12 сол қабл баъди хонавайрон шуданам роҳ ба сӯи муҳоҷират пеш гирифтам. Дар мулки ғурбат ҷавоне бисёр насиҳатам кард, ки дар ғарибӣ марди бад бисёр асту ба никоҳи ман даро, дигар касе ба ту кордор намешавад.

Мани 27-сола ноилоҷ боз ба шавҳар баромадам, ба умеди он ки шояд ин дафъа хушбахт мешавам, вале дар моҳи охирини ҳомиладориам шавҳарам якбора нест шуд.Тарсидам, ки гум шудааст, аммо баъди чанд рӯз аз зодгоҳаш, ноҳияи Ҳисор занг зада, гуфт, ки “маро бубахш, ман ба назди зану кӯдаконам омадам.

Туро талоқ кардам, кӯдакро исқоти ҳамл кун”.Тасаввур кунед он лаҳза эҳсосот ва шароити тангу бепулии маро. Дар Ватан як модару бародари бадҷаҳл доштам, ки ҳаргиз тифли бе падари маро ба хонаашон роҳ намедоданд, бар замми ин, соҳиби хона омада, маро дар моҳи сарди феврал аз хона берун кард. Бовар кунед, он лаҳза ба худкушӣ розӣ будам, вале як зани муҳоҷири узбек гуфт, ки ман ба ту кумак мекунам, аммо як шарт дорам.

Он лаҳза аз сардиву гуруснагӣ ба ҳама гуна шарт розӣ будам.Ин зан ба ман сарпаноҳ дода, худаш маро ба таввалудхона бурд.Хуллас, як писарчаи солим ба дунё омад, вале зан нагузошт, ки як борак ба тифлакам шир диҳам. Кӯдакро ба номи дигар кас ба қайд гирифта, ба як хоҳари бефарзандаш дод, ки дар Питер муҳоҷир буд. Мани гумроҳ забонхат навишта, аз баҳри кӯдакам баромадам.

Ҳоло дар Ватан ҳастам, се сол аст, ки оиладорам. Шавҳарам хеле одами хуб аст ва гузаштаамро медонад.Аммо бо амри тақдир ман дигар кӯдакдор нашудам. Аз ғами фарзандам сӯхта, касалӣ шудаам. Доимо гиряи нахустини ҷигарбандам ба гӯшам мерасад.Тақдири писарам чӣ шуда бошад, намедонам. Ман ҳатто суроғаи зани узбекро намедонам. Писарчаам, агар зинда бошад, имрӯз бояд 10- сола шуда бошад. Дили сӯхтаи маро фақат марг дармон аст. Аз тамоми занҳо хоҳиш дорам, ки дар ҳолати мушкилтарин ҳам аз фарзанди худ даст накашанд.
Л.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД