Маслиҳати муфид дар боби табобати зуком дар кӯдакон
Зуком бемории вирусӣ буда, сироят ёфтан ба он хеле осон аст. Кӯдакон нисбат ба калонсол 4-5 мартиба бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Гирифторшавӣ ба зуком дар тифлакони аз як то сесола зиёдтар ба мушоҳида мерасад. Сабаби тез-тез грипп шудани бачаҳо дар он аст, ки ҷисми хурдтаракон нисбат ба организми калонсолон заифтар буда, ба зудӣ аз вирусу бемориҳо сироят меёбад, бинобар ин, падару модарон бояд фарзандони худро эҳтиёт кунанд.
Зуд-зуд грип шудани кӯдак чӣ оқибатҳо дорад?
Зуком бемории сироятӣ буда, барангезандааш вирусҳо мебошанд. Он бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, ҳангоми атса задан, сулфидан, ва ҳатто сӯҳбат кардан аз шахси бемор ва одамони солими дар атрофаш буда, аз ҷумла ба кӯдакони хурдсол гузашта метавонад. Зукомро сари вақт бояд табобат кард, зеро ин беморӣ ба роҳҳои нафаси болоӣ ва поёнии шуш зарар мерасонад. Дар сурати табобат накардани зуком кӯдак метавонад ба касалиҳои вазнинтар аз қабили илтиҳоби роҳҳои нафас - бронхит ва шуш, яъне пневмония гирифтор шавад.
Нишонаҳои зуком
Нишонаҳои асосии зуком дар кӯдакон инҳоянд:
1. Беморӣ бо табларза аз худ дарак дода, таби кӯдак то 38 - 40 дараҷа баланд мешавад.
2. Маҳкам шудани роҳи нафас, атса задан, ва рафтани оби бинӣ
3. Дар кӯдакони то яксола зуком метавонад боиси ташаннуҷ. (судорогӣ) гардад.
4. Дарди сар, дарди устухонҳо ва аъзои бадан.
5. Гум шудани иштиҳо.
6. Беқувватӣ.
7. Паридани ранги рӯй, ва сафедчатоб шудани пӯсти кӯдак.
8. Дарди гулӯ ва сулфаи хушк.
9. Нагирифтани пистони модар ва нооромии тифл.
10. Бехобӣ ва гирёнчак шудани кӯдак.
Ҳангоми табобати зуком ба қоидаҳои зерин риоя кунед:
1. Доруву давоҳои таъйинкардаи табибро дар вақту соати муайян ба кӯдак диҳед, агар сӯзандору фармуда бошад, онро бетаъхир гиред.
2. Кӯдак бояд реҷаи хуфтухобро риоя кунад.
3. Ба тифлак ба миқдори зарурӣ оби гарм диҳед, то ҷисмаш ба зудӣ тоза шавад.
4. Ҳангоми зуком иштиҳо гум мешавад, вале ба кӯдаки бемор кам-кам хӯрокҳои сабук додан лозим, то рӯдачаҳояш холӣ намонанд.
5. Кӯдаки беморро бисёр напечонед.
6. Ҳавои хонаро тез-тез тоза карда истед.
Таҳияи Ф. Сатторӣ