Дар Ҳиндустон як кӯдаки ҳаштсола кобраи заҳролудро газида куштааст. Дар ин бора "Live Science" иттилоъ додааст.
Дар аввал мор ба дасти писарак печида, ӯро бидуни заҳр газидааст. "Чун кӯдак дарди ҷонкоҳеро эҳсос кард бо тамоми қувват морро газид. Дар натиҷа мор ба ҳалокат расид ва писарак ба беморхона интиқол ёфт".
Қайд карда шудааст, ки бачаи моргазида писаре бо номи Дипак будааст. Вай дар назди хонаашон дар Пандарпад, як деҳаи ноҳияи Ҷашпури иёлати Чхаттисгарх бозӣ мекард, ки бо як навъи номаълуми кобраи заҳролуд дучор шуд. Мор ба дасти кӯдак печида, ӯро газид ва дар ҷавоб писарак низ ду маротиба морро газид.
"Азбаски хазанда ҳангоми ҷунбониданаш намеҷунбид, ман онро ду маротиба сахт газидам. Ҳамааш дар як лаҳза рух дод", - гуфтааст писарак.
Вақте мор Дипакро ва Дипак морро мегазад, хонаводаи писарак фавран ӯро ба беморхона бурданд. Дар он ҷо ӯро бо як антидот табобат карданд. Табибон гуфтанд, ки ҳарчанд мор заҳрнок буд, эҳтимол вакти газиданаш заҳр надоштааст.