Formula novemver 2024
КӮДАК ДАР 5 СОЛАГӢ АЗ ГУФТОР МОНД
2180

Салом "Оила". Банда яке аз хонандагони доимии ин ҷаридаи дардошно ҳастам, ки ҳар шумораашро мутолиа мекунам. Имрӯз сабаби ба шумо муроҷиат карданам дар мушкилие аст, ки чанд муддат аҳли оилаи моро ба шигифт овардааст.

Набераам то синни 5.5 солагӣ гап мезад, суруд мехонд, вале бе ягон сабаб баъди тамошои филмҳои тасвирии тоҷикӣ, русӣ, эронӣ, туркӣ худ аз худ забонашро тамоман гум кард. Гап намезанад, кам-кам фарёд мекунад, гоҳҳо гиря ва худ ба худ гап мезанад ё ханда мекунад. Хеле серҳаракат аст. Дар шаҳри Душанба ба духтурони зиёде нишон додем, вале беҳбудӣ дида нашуд. Шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳед?

Мирзо Алимов

image_2021-03-03_10-51-27

Посух аз идора:

Дар воқеъ ҳолати набераи шумо хеле нигаронкунанда аст. Итминон дорем, ки баъд аз маслиҳати коршинос сабаби дақиқи ба ин ҳолат дучор шудани набераатонро меёбед ва дар табобати ӯ ба як хулосаи амиқ меоед. Инак, тавсияи табиби асабшинос Асоев Миралӣ Мадалиевичро пешкаши шумо мегардонем.
Кудаке, ки то синну соли муайян гап мезад, аммо дар як муддати муайян қобилияти гуфтораш аз байн рафта бошад, ин ҳолат метавонад чанд сабаб дошта бошад:
-вайроншавии қобилияти шунавоӣ;
-вайроншавии фаъолияти дастгоҳи суханронӣ;
-қафомонии ривоҷи умумии рӯҳӣ;
-таъсири манфии баъзе омилҳои иҷтимоӣ, яъне вақте, ки дар муҳити оила бо кӯдак кам гап зананд, инкишофи нутқи ӯ суст мешавад ва ин ба он оварда мерасонад, ки кӯдак камгап мешавад ва ё умуман майли сӯҳбат карданро аз даст медиҳад;
-равияи иллатнокии давраи ҳомиладорӣ, давраи айни таваллуд;
-бемории аутизм.

image_2021-03-03_10-54-43
Мо шаш омили маъмулиеро номбар намудем, ки шояд яке аз ин омилҳо сабаби қобилияти суханрониро аз даст додани ин кӯдак гардидааст, вале то набераи мӯҳтарам Алимов аз ташхиси мукаммал нагузашта бошад ва натиҷаи он ташхис дар дастамон набошад, хулосаи дақиққро наметавон баровард. Кӯдакро бояд аз чунин ташхисҳо гузаронд:
-муоинаи равоншиноси кӯдакона;
-муоинаи суханшинос (логопед);
-муоинаи рӯҳшинос;
-муоинаи духтури гӯш, гӯлӯ ва бинӣ

image_2021-03-03_10-53-24
Дар мавриди он, ки оё сабаби гап назадани кӯдак аз тамошои филми тасвирӣ бо забонҳои гуногун тарҷумашуда бошад, инро танҳо равоншиноси кӯдакона дақиқ гуфта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД