Дар кишвари афсонавии Дубай кучаеро бунёд мекунанд, ки доимо дар он борон меборад. Меҳмонони кӯчаи 1-километрии аз ҷиҳати иқлим назоратшаванда метавонанд тибқи дархост борон ва ҳатто барфро тамошо кунанд.
Ин кӯча дар ҳамкорӣ бо Институти маъруфи Фраунхофер таҳия шуда, ҳанӯз дар марҳилаи сохтмон қарор дорад. Дар ин бора сомонаи Khaleej Times иттилоъ медиҳад.
Кӯча бо айвони зебои сурху сафеди худ мехмононро ба кӯчаҳои Фаронса мебарад. Он ҳарорати тобистонаи ҷануби Фаронсаро инъикос мекунад, ки дорои ҳарорати назоратшавандаи 27 дараҷа, шамол бо суръати 5 км / соат ва намӣ 60 дарсад аст.
Кӯчаи истироҳатӣ дар ҳавлии тарабхонаи La Brasserie French Bistro ҷойгир аст. Меҳмонон метавонанд қаҳва ва хӯрокҳои гуногун фармоиш диҳанду дар курсиҳои сурх ва сафед нишаста лаззат баранд. Ин кӯча муҳити аврупоиро ба дили Дубай наздиктар мекунад, махсусан дар моҳҳои гарми тобистон. Пас аз лаззат бурдан аз борон, меҳмонон метавонанд рангинкамони рангоранг ва садҳо паррандагонро бинанд, ки дар наздикии баҳр парвоз мекунанд ва ба об ғарқ мешаванд.
Онҳое, ки мехоҳанд аз кӯчаи боронӣ лаззат баранд, бояд дар тарабхона хӯрок хӯранд ё дар меҳмонхона ҷойгир шаванд. Кот-д'Азур танҳо бо истифода аз яхтаи хусусии аз ҷониби меҳмонхона идорашаванда дастрас аст ва бояд пешакӣ фармоиш дода шавад. Меҳмонхона ба соҳили Ривьераи Фаронса монанд аст.
Курорт Cote d'Azur аз чор меҳмонхонаи боҳашамати панҷситорадор ба номи Монако, Нитса, Канн, Сент-Тропес иборат аст. Дар айни замон, танҳо меҳмонхонаи Монако фаъолият мекунад, ки касро ба олами рангини Фаронса мебарад.
Абдуғаффор Шодиев