(Идомааш)
Ҳасратмоҳ вақте аз дари бемористон даромад, ки офтоб нурҳои аввалинашро ба замини интизори гармии ӯ равона карда буд. Ягон- ягон мардуми беморбин аз дари он даро баро доштанд. Ҳасратмоҳ вориди бино гардида, ба пештахтаи қабулгоҳ наздик шуд ва аз навбатдор пурсид:
-Духтарҷон, муаллим дар кадом ҳуҷра хоб аст?
-Муаллим? Кадом муаллим? Фамилияашро медонед, хола? –Дар ҷавоб пурсид духтараки хилъати сафедпӯш бо табассум.
-Фамилияаш? Ҳа фамилияаш... чӣ буд? Аз деҳаи Сафеддорон оварда буданд. Ба ҷарӣ афтода буд...
-Ҳа... Муаллими Муртазо? Холаҷон мебахшеду ба назди он кас ҳанӯз иҷозати даромадан нест. Вай гоҳ боҳушу гоҳ беҳуш. Метавонед бо духтураш суҳбат кунед. Доктор Салим Ашӯрзода, ҳо ана кабинеташон,-духтарак бо даст ба охири коридори дароз ишора намуд.
Ҳасратмоҳ ба тарафе, ки навбатдор ишора намуд, равона шуд ва дар паси даре, ки лавҳаи “Ҷарроҳ Салим Ашӯрзода” навишта шуда буд, истода, каме андеша карду хост пас гардад, аммо ин дам овози шиносеро аз дохили ҳуҷра шунида , беихтиёр гӯш ба садое дод, ки аз дари нимроғ ба гӯш мерасид.
-Маълум, ки мардак туро дӯст намедорад, духтарҷон. Ту хафа нашав ва ин ҳақиқатро қабул кун. Худро ва ин мардакро ин қадар азоб надеҳ, ман суханони ба зани худаш гуфтаи ӯро шунидам ва медонам, ки ҳамин тавр аст. Дигар ба аёдати ӯ набиё, вақте ки бемор шахси барояш нохушояндро мебинад, бемориаш авҷ мегирад ва табобат карданаш мушкил мешавад. Инро ман ба ту ҳамчун духтур мегӯям. Духтарам, ту ҳанӯз хеле ҷавон ҳастӣ, дар оянда бахти худро меёбӣ, вале ба ин мард часпида истӣ, ҳаргиз хушбахт намешавӣ. Инашро ман ҳамчун шахси дунёдида ба ту мегӯям...
-Пас, ман чӣ кор кунам, духтурҷон?-Ҳасратмоҳ садои Шафоатро шунида як қад парид ва гӯшашро ба роғи дар наздиктар бурд, то боварӣ ҳосил намояд, ки гӯшаш ӯро фиреб накарда истодааст.
-Охир ман ӯро дӯст медорам...
-Намедонам, то кадом андоза дӯст медорӣ, вале ба фикрам ин танҳо як ҳаваси кӯдакона аст, агар дар ҳақиқат ӯро дӯст дорӣ, беҳтараш ӯро ба ҳоли худаш мон, ба пуррагӣ сиҳат шуда хезад, баъд маълум мешавад, ки киро интихоб мекунад, занашро ё туро. Маслиҳати ман ҳамин ки то ба по хестани Муртазо ӯро ба ҳолаш гузор... Аслан, ба по рост шудани ӯро танҳо Худо медонад. Қариб ҳашт ҷои устухонҳои дасту пояш шикастагӣ. Бо чунин ҷароҳатҳо кам касон дубора роҳ гашта, сиҳат мешаванд. Таъсири ин ҷароҳатҳо хоҳ-нохоҳ мемонад ва инсон ланг ё ягон дасташ ногиро мешавад. Ба ту, духтари ҷавон як шахси марди маъюб чӣ лозим? Беҳтараш меҳри ӯро аз дилат канда парто ва аз паи хондану мактабат шав...
Дар ҷавоби ин суханони доктор Салим танҳо садои фириқ- фириқ гиристани Шафоат ба гӯш расид. Ин дам касе аз паси Ҳасратмоҳ садо баровард:
-Ҳай ҳай хола, аз паси дар суҳбати одамонро гӯш кардан хуб нест. Як тараф истед, ман дароям...
Аз ин суханон як қад парида, Ҳасратмоҳ рӯ ба ақиб овард, дар пасаш Маҳина-ҳамшираи шафқати Муртазо дар даст лаълича ва дар болои он чанд асбоби духтурӣ меистод. Ҳасратмоҳ чӣ гуфтанашро надониста танҳо “духтарам… духтарам...” гуфта тавонисту халос.
-Бале, ман духтаратон, лекин гапи дигаронро гӯш кардан гуноҳ аст! Хола, ба Шумо кӣ лозим?
-Духтарам, ба ман духтарам лозим. Вай дар ҳамин ҷо,-фаҳмонданӣ шуд Ҳасратмоҳ...
-А...аа... духтаратон дар назди доктор? Акнун фаҳмидам. Хайр, шумо ҳам дароед набошад...
-Не, не, гап назан духтарам. Ана ман меравам,-инро гуфта Ҳасратмоҳ аз дари доктор Салим дур шуд ва бо ин кори худ Маҳинаро боз ҳам бештар ба ҳайрат гузошт. Ҳамшира дар даст асбобҳо аз паси ӯ нигариста истода дари нимроғро боз карду вориди утоқи доктор гашт. Ҳасратмоҳ бозгашта ба назди навбатдор омад ва дар яке аз курсиҳое, ки барои шахсони корафтода гузошта буданд, бемадорона нишаст...
***
Шафоат баъд аз ворид шудани Маҳина ба назди доктор Салим дигар истоданро ба худ эб надида, аз ҷояш хесту ба тарафи дар равон шуд. Аз паси ӯ доктор бо оҳанги насиҳатомез гуфт:
-Гуфтаҳои маро боз як бор ба тарозуи ақлат гузошта баркаш, духтарҷон...
Шафоат дигар ба қафо нигоҳ накарда, ҷониби баромадгоҳ равон шуд. Дар дилаш алангае фурӯзон гашта буд, ки онро ҳаргиз оби андешаи солим хомӯш карда наметавонист. Вақте ки нисфи даҳлези дарозро тай намуда, ба баромадгоҳ наздик шуд, якбора мисли аспи дар яккамех басташуда дар ҷояш истода монд ва лаҳзае андеша намуда, қафо гашту ба тарафи ҳуҷраи эҳёгарӣ, ки дар он ҷо Муртазо мехобид, равон шуд. “Ҳоло, ки ҳамшираи шафқат дар назди доктор аст, дар он ҷо касе нест. Як бор дароям...” Ӯ мисли шахсе, ки азми дуздӣ дорад, ба ҳар тараф нигариста истода, ба дари шуъбаи эҳёгарӣ наздик шуд . Ба дари дутабақаи пластикӣ гӯшашро гузошт, вале аз дарун ягон садо намебаромад. Дастаки дарро тоб дода , ба тарафи худ кашид, ки дар боз аст. Оҳиста онро калонтар кушоду ба дохил қадам гузошт. Ҳавои дохили ҳуҷраи эҳёгарӣ вазнин набуд, маълум, ки ҳамшираи шафқат ҳар вақт онро шамол дода меистад. Дар гӯшаи ҳуҷра мисли пештара Муртазо беҳаракат мехобид. Шафоат нӯг-нӯги по ба кати ӯ наздик шуд ва дид, ки чашмонаш пӯшида аст. Баробари ба болои сари Муртазо наздик шудани ӯ шояд аз шарфаи пои духтар бошад, ки бемор бо азобе чашмашро андаке воз намуд, аммо сарашро ба тарафи садо гардонда натавонист. Ин ҳолати ӯро Шафоат ҳис карда, ба сари болини Муртазо наздиктар омад. Бемор чашмони варамидаашро бо азобе боз андаки дигар кушод ва дар рӯ ба рӯяш чеҳраи Шафоатро дида, худ ба худ аз дард бошад ё аз он, ки ин симо ба ӯ маъқул нашуд, боз ҳам бештар рӯй турш кард. Ин чиз аз нигоҳи Шафоат дур намонд ва боз ҳам дар қалбаш оташакеро аланга дод, ки худаш ҳам намедонист он чист. Муҳаббат, нафрат ва ё ҳисси рашку ҳасуд? Духтар дид, ки наздикии ӯ ба Муртазо на он қадар хуш меояд, аз болои кати бемор андаке дуртар рафту дар курсии дар паҳлуи кат гузошташуда нишаст ва бо овози нарм садо баланд кард:
-Муртазо...
Аз бемор садое шунида нашуд. Шафоат дубора садо кард:
-Муртазо... Ман Шафоат...
-Шинохтам,-бо овози ларзон ҷавоб дод Муртазо,-Чаро омадӣ?
Вуҷуди Шафоатро якбора оташи рашку алам ва боз ким чиҳои дигар фаро гирифту худро дошта натавониста гуфт:
-Омадам, ки аз мурдани модарат туро хабар кунам. Бечора очаат дар ғами ту дар худи ҳамин ҷо ҷон дод...
(Давом дорад)