arzon november car header
Касофати ношукри (2)
02.01.2022
Zebo
772

Ѓазаби Худо

Самад аз Русия њар рўз ба занаш занг мезад, аз духтаронаш хоњиш мекард, ки модарашонро кор кардан намонанд. Хулоса, њама интизори меросхўр буданд, аз њомиладории Нозигул шаш моњ гузашт, ў њар моњ барои муоина назди духтури занона равад њам, ба ташхиси ултрасадої барои фањмидани љинси кўдакаш намерафт, чунки метарсид… Моњи њафти Нозигул даромаду Самад низ бо маблаѓи зиёду савѓоњои бењисоб ба хона баргашт. Рўзи дигар мард бо беќарорї њамсарашро ба ташхис бурд, кампири Садбарг мехост писарашро аз роњ баргардонад, вале Самад Нозигулро ба мошин шинонида, ба духтурхона бурд… Ташхис нишон дод, ки тифли батни Нозигул духтар аст, зан дар љояш шах шуд, Самад бошад, борони њаќоратро ба сари њамсараш рехт. Духтур ба зӯр ўро ором карда гуфт:

-Шумо одами аљиб будаед, оё њамон табиби руссиягиятон нагуфт, ки писар ё духтар будани фарзанд аз падар вобаста аст, на аз модар, инро њатто талабаи мактаб медонад!

Худи њамон рўз Самад њамсарашро ба пойтахт оварда, ба чанд табиби дигар нишон дод, дањ нафар дастгоњи ташхисии ултрасадої духтар будани фарзандашро нишон доданд. Зану шавњар малулу хотирпарешон ба хона баргаштанд, Самад ќарор дод, ки тифлакро исќоти њамл мекунанд. На насињатњои модар ба гўшаш медаромаданду на гиряи духтаронаш, ба ман боз як духтари дигар даркор нест, ба бањс нукта гузошт мард. Рўзи дигар ў Нозигули хомўшу парешонро ба мошин шинонида, ба духтур бурд, пеши духтури таљрибадоре дусад доллар гузошта гуфт:-њамсари маро исќоти њамл кунед, зӯри ман ба ин ќадар фарзанд намерасад!

Духтур Нозигулро муоина карду бори дигар ташхиси ултрасадої намуда гуфт:-Додар, духтараки солим аст, барои исќоти њамл дер шудааст…

-Илтимос, як бало карда, ўро гирифта партоед, ки ман ин духтарзоро мекушам,-гапи духтурро бурид Самад.

Духтур ноилољ ба бадани Нозигул дору гузаронид ва дарди зодан фаро расид, тифлак ѓайричашмдошти табиб зинда ба дунё омад, ў писарча буд!!! Самад ин хабарро шунида, зада ба назди Нозигули бењушу ёд ва писараки бо маргу зиндагї даст ба гиребонаш даромад-писарча чун гунљишкак се-чор бор дањонашро кушода пўшиду аз љунбидан монд. Духтур њайратзада ба кўдаки бељон ва падари љоњил менигарист, ки бо ду зону рўйи фарш нишаста, бо тамоми овоз фарёд мезад, “Худоё, љони маро њам гир…”

                                                                                                        Њилола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД