arzon replenishment
“Каша” ба кӯдак фоида дорад ё зарар?
1010


Ман ба духтарчаи нӯҳмоҳаам ба ҷойи шир “Каша”медиҳам, вале чанде пеш аз як барномаи телевизионӣ фаҳмидам, ки аз меъёр зиёд хӯрдани “Каша” ба кӯдакон зарар доштааст.

Ростӣ сахт ба ташвиш афтодаам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, кӯдакамро боз ба шир гузаронам ё “Каша” хӯронданро идома диҳам?
Аслия, сокини ш. Душанбе.

Посух

Хуб мешуд, ки шумо фарзандатонро бо шири худ ба воя расонед, зеро чизе дар дунё ҷойи шири модарро гирифта наметавонад. Дар таркиби шири модар тамоми моддаҳои барои рушд ва инкишофи ҷисмонию ақлонии кӯдак зарурӣ мавҷуданд, вале на ҳамаи модарон инро мефаҳманд. Аксари занон ба реклама дода шуда, хеле барвақт тифлаконашонро ба шири сунъӣ ё “Каша” мегузаронанд, ки ин чандон амали хуб нест. Баҳсу мунозираҳо дар бораи “Каша” ва ё шавла хеле зиёданд. Бархе шавлаи аз овсянка тайёршударо бо он гунаҳкор менамоянд, ки дар таркибаш кислотаи фолиевӣ зиёд аст ва пайваста чунин шавла хӯрдан кӯдакро ба бемории рахит гирифтор месозад. Дар асл шавла барои кӯдак муфид аст, вале ба меъёр бояд риоя намуд. Дар асл ғизои кӯдак бояд гуногуну сервитамин бошад. Барои наҳории кӯдакон муфидтарин хӯрок шавла аз овсянка аст. Ярмаи бомаза рӯдаҳои холишудаи кӯдакро ба кор дароварда, фаъол мекунад. Ин шавла хеле осон ҳазм мешавад ва аллакай баъди се соат кӯдак дубора гурусна мемонад, вале тифл бояд дар баробари ин шири модарашро хӯрад ва кам-кам маззаи шарбати меваю сабзавоти тару тозаро низ чашида истад. Меваҳоро гарм карда, аз турбтарошак гузаронда, аввал як-ду қатрагӣ ба кӯдак диҳед ва баъдан бо мурури замон онро кам-кам зиёд кардан гирад. Аммо бори дигар таъкид мекунем, ки беҳтарин ғизо барои кӯдакон, хоса тифлакони то яксола шири модар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД