Дар кишвари Ҳинд зани 80- сола, модари чор фарзанд тамоми умри худ рег истеъмол мекунад, вале тамоман бемор намешавад.
Kusma Vati аз синни нуҳсолагӣ рӯзе ду килограмм рег мехӯрад. Бо вуҷуди ин одати бадаш кампирак аз ягон беморӣ шикоят надорад, зеро ҷисмаш регро ба осонӣ ҳазм мекунад. Дар ҳолатҳои рег пайдо карда натавонистан кампир андоваи девори хонаашро канда, бо иштиҳои том истеъмол мекунад. Набераҳояш аз ин одати бибияшон ба таҳлука афтида, чанд бор аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки регхӯрияшро бас кунад, вале кампир аз пайвандонаш рӯй мегардонаду аз рег не.