Sebiston new 2024 october
Камбағалдухтар келини оилаи бой шуду аз худ рафт
03.01.2023
Дилошӯб
2911

 

Мегӯянд, ки ғайбати худиро намоӣ, эътиқоди бегона мепарад, аммо ман ғайбат намекунам. Мехоҳам ҳайратамро аз нақшофарии инсонҳо дар саҳнаи зиндагӣ ин ҷо бикорам.

Муддати даҳ сол мешавад, ки ин ҳайрат гиребони ақли маро гирифтаву ҳеҷ раҳояш карданӣ нест, шояд бо навиштани ин қисса каме дилам холӣ шавад. Аз ин рӯ, қиссаи хонаводагиямонро ё шояд мушкили оилавиямонро пешорӯи хонандаи азизи «Оила» мегузорам.

Падару модарам тоҷикони муваффақ ҳастанд, оилаамон низ яке аз хонаводаҳои шинохтаи кишвар мебошад. Дар оила ду нафар ҳастем, ману бародарам. Падару модари азизам ҳама ҳастияшонро сарфи мо ду нафар гардонданд, ману бародарам пайи касби волидонам рафтему духтур шудем. Падару модарам клиникаи шахсӣ доранд ва боз ба тиҷорати дору ва асбобҳои тиббӣ машғуланд. Бародарам бо онҳо пайваст, ман бошам, шавҳар кардам. Шавҳарам бонкир буд ва дар бонке вазифаи калидӣ дошт, хусуру хушдоманам дар деҳа зиндагӣ мекарданд, ману шавҳарам дар хонаи панҷҳуҷрагии пурҷиҳози маркази шаҳр.

Дар ҳамсоягии ман ҷавонзане мезист, ки бо амри тақдир бева монда, чор фарзандашро танҳо ба воя мерасонид. Азбаски кор мекард, хоҳараш, ки ҳамсоли ман буду дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд, ҳамеша бо ӯ буд. Ман бо ин хонавода риштаи дӯстӣ доштаму чизи аз зиндагиямон зиёда мондаро ба онҳо медодам. Раҳима- хоҳари ҳамсояам бо ман дугонаи ҷонӣ шуд, аз забони Раҳима фаҳмидам, ки оилаашон калон ва камбағал будаанд. Падару модари омӯзгораш, бо пули муаллимӣ зиндагии даҳ фарзандро пеш бурда қисме аз онҳоро хонадор кардаанду қисми дигарашон мехонданд.

Падару модари ман хеле замонавӣ буданду ҳуқуқи интихоби ҳамсарро ба худи мо вогузошта буданд. Ҳамсари ман маро дар як семинари кумитаи ҷавонон дида, хуш карду дӯстии мо ба ишқ анҷомид. Волидонам не нагуфтанд, зеро домодшаванда низ бародарони сарватманду дар шаҳр хонаву дар дошт ва ба қавли падарам бачаи шуданӣ буд. Бародарам бошад, ба як ҳамсабақаш, ки ӯ низ аз оилаи номдор буд, дил басту мо ӯро келин кардем. Келинамон эркачаи гузаро буд, дасташро ба косаи оби хунук намезад. Кораш салон ба салон гаштану худро орову торо додан буд, барои ӯ ҳурмату эҳтироми шавҳару хусуру хушдоман вуҷуд надошт. Назди падару модарам бо майкачаҳои нимбараҳнаву шортик гашту гузор карда, озод хӯрок мехӯрд, телевизор медид. Ростӣ, ман ҳайрон мешудам,чунки ман ҳам дар оилаи сарватманду замонавӣ ба воя расида будам, аммо фаросат доштам, чунки медидам, ки модарам ба хешовандони падарам чӣ гуна эҳтиром мегузорад. Модарам ҳамеша зеби зан будани шарму ҳаёро таъкид мекарданд, келинамон бошад, аз фаросат дури дур буд. Падару модарам аз дар дароянд, аз ҷояш намехест, дарав аз пайи дастархон ҳам намегашт, ин амали келин ба модарам хуш наомаду хост хонаи онҳоро ҷудо кунад, аммо акаам инро нахоста гуфт:

-Ман аз кӣ ҷудо мешавам?! Хоҳад, ислоҳ шавад, нахоҳад ҷудо мешавем!

Дили бародарам аз занаш рӯз то рӯз хунуктар мешуд ва бо вай зиндаги кардан намехост, вале модарам зидди хонавайронии писари ягонааш буд ва ӯро ҳамеша сарзаниш мекард, ки ҳеҷ гап не, занат ҷавон аст, оҳиста-охиста ҳама чизро ёд мегирад, аммо…

Келинамон зиндагидориро ёд нагирифт, ки нагирифт. Фигураам вайрон мешаваду ҳоло вақташ не “гӯён, фарзанддор ҳам шудан намехост. Модарам насиҳат кунад, ба рӯяш давида, “худатон пир шуда, ин қадар хӯрда мегардеду чӣ ба ман зиндагӣ намефорад” гӯён ба рӯяш медавид. Оқибат акаам аз занаш ҷудо шуд. Дар ин миён ман фарзанддор шудаму Раҳима шабу рӯз ёрдамчинии ман буд, ҳатто либосҳои таркардаву ифлоси кӯдакамро мешӯст. Табиист, ки ман дар бораи келинамон ба ӯ рози дил мекардам ва Раҳима келинамонро ношукр мехонд. Наход хизмати як хусуру хушдоманро карда натавонӣ, аҷаб духтарҳое мегуфт. Аз миён як сол гузашту бародарамро боз зан доданӣ шуданд. Акаи бечораам як бор хато кардам гӯён, ёфтани келинро ба мо ҳавола кард. Ман ба модарам Раҳимаро пешниҳод карда гуфтам, ки “очаҷон, як бор бойдухтар гирифта «маззаш»-ро чашидем, биё Раҳимаро келин кунему ҳузур намо!”

Ҳамин тавр, Раҳимаро ба бародарам додам, аҳли хонаводаи онҳо, хоса апааш аз ин лутфи ман хеле шод буданд, аммо…

Баъди ба ҳавлии сеошёнаи барҳавои мо келин шуда омадани Раҳима, воқеан ҳама ҳама ҷо гул кард. Оҳ духтари балое буд, дили падару модар ва акаамро ба даст овард. Пайи ҳам ду писари нозанин таваллуд кард ва баъд худро хуҷаини мутлақи ин шукӯҳу шаҳомат дида, сар кард ба нописандӣ, худхоҳӣ ва дигар корҳо.

Рафтори Раҳима ба модарам умуман маъқул набуд, ӯ на сари дастархон худро идора карда метавонисту на ақлу тамиз дошт. Суханҳояш ҳам подарҳавои аблаҳона.Фахмидем, ки ҳама он чизе, ки пеш аз тӯй будааст, нақшофарие будаасту халос. Ӯ ба хотири ба даст овардани дили ману гирифтани акаам аз худаш духтараки содаву поку беолоиш месохтааст. Бечора модарам ба хотири бори дигар вайрон нашудани оилаи писари ягонааш ҳавлиро ба акаам монда, ҳамроҳи падарам ба квартираи дар маркази шаҳр доштаамон кӯчиданд. Акнун танҳо рӯзҳои шанбею якшанбе ҳавлӣ мерафтанд, ман ҳам кӯдаконамро, ки акнун дуто буданд, гирифта мерафтам. Раҳима гӯё маро намешинохт, сардакак авҳолпурсӣ мекарду дастархон партофта, ягон хӯроки пӯхтаашро мекашиду мерафт ба ошхона. “Ман бекорам, ки мешинам лақ-лақ карда” мегуфт ӯ ва дар ошхона танҳо чою хӯрокашро мехӯрд. Аҳвол ҳамин хел идома дорад, Раҳимаи мо соҳиби шаш кӯдак шуду одам не! Бечора акаам ба тақдир тан додааст, шояд бо зани дигар муносибат дорад, ки ҳама нағмаҳои янгаамро нодида мегирад.

Ману модарам ҳайрони тамассхури қисмат гаштаем, наход одам ба дараҷае тавонад нақши инсони хубро бозӣ кунад, ки ба боварият дарояд. Ҷуз он ки мегӯям Худованд ба Раҳимаи бераҳми мо тавфиқ диҳад, гапе надорам…

                                                                           Хонандаи шумо

                                                                           Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД