Айзек Ҷонсон, сокини 16-сола аз иёлоти Миннесотаи Амрико, даҳонашро ба андозаи 10,175 см кушода, ба Китоби рекорҳои “Гиннес” ҳамчун дорандаи калонтарин даҳон дар ҷаҳон дохил шудааст.
Ин бори аввал нест, ки Айзек рекорд мегузорад. Ӯ қаблан низ бо чунин дастовардҳояш ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил шуда буд. Ҳоло ӯ тӯби бейсбол, себ ё шишаи лимонадро озодона ба даҳонаш андохта метавонад. Навори даҳонкушоии Айзек, ки дар “TikTok” нашр шуда буд, зиёда аз 90 миллион маротиба аз назар гузаронида шудааст.