tobiston
“Калкулятор”-и зинда
09.08.2025
Oila.tj
69

Аарян Шуклаи 14-сола аз иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон бо қобилиятҳои аҷиби ҳисобкунӣ рекордгузори ҷаҳонӣ шуд.

Номи ин наврас шаш маротиба ба Китоби рекордҳои Гиннес барои иҷрои ҳисобҳои мураккаб дар муддати кутоҳ ворид шудааст. Аввалин бор таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Аарян моҳи феврали соли 2024 дар намоишномаи "Lo Show Dei Record" дар Италия ҷалб шуд, ки ӯ 50 рақами панҷрақамаро дар 25,19 сония ҷамъ кард. Соли дигар, феврали 2025, дар Дубай ӯ аз озмоишҳое гузашт, ки барои устодони варзидаи математикаи зеҳнӣ душвор буданд. Аз ҷумла: ҷамъ кардани 100 рақами чоррақама дар 30,9 сония ва 200 рақами чоррақама дар 1 дақиқаю 9,68 сония. Ҳамчунин 50 рақами панҷрақамаро дар ҳамагӣ 18,71 сония ҳисоб кард.

Дар бахши зарб, Аарян 10 мисоли панҷрақамаро дар 51,69 сония ва 10 мисоли ҳаштрақамаро дар 2 дақиқаю 35,41 сония ҳал кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД