arzon replenishment
Кӣ гунаҳкор - ҷомеа, мактаб ё оила?
573

Дирӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистонда конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳимми тарбияи хонандагони душвортарбия дар шароити муосир” баргузор гардид. Дар ин бора як корманди Вазорати маориф ва илми кишвар ба "Оила" иттилоъ дод.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Муҳаммаддовуд Саломиён, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар ҳама давру замонҳо мушкилоти душвортарбия будани баъзе аз наврасон буду имрӯз ҳам ҳаст. Феълан, бо сабаби ба тағйироти куллӣ мувоҷҷеҳ шудани ҷомеаи башарӣ ин иллат диққати олимон ва мутахассисони соҳаро боз ҳам бештар ба худ ҷалб кард. Ҳамоиши мазкур низ ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкил, рафтори дуруст бо хонандаи душвортарбия ва хотима додан ба он роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки дар ҳар як синф хонандагон бо хислату атвори гуногун ва муносибати мухталиф бо ҳамсинфон аз пайи илмомӯзӣ мебошанд. Ҷиҳати хуб кардани хислати хонандагони душвортарбия ва ислоҳи онҳо ҳамкорию робитаи бардавоми роҳбари синф бо падару модарон нақши ҳалкунанда ва судманд мебозад. Яъне, падару модарон бояд таъкидҳои роҳбари синфро ба таври ҷиддӣ дар хусуси рафтору амали фарзандашон татбиқ намуда, рафторашонро назорат кунанд. Мутаассифона, қисми зиёди волидон ба тарбияи фарзандонашон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, баъд аз хатми дарсҳо аз онҳо намепурсанд, ки дар куҷо ва бо киҳо вақти худро мегузаронанд.

 

Давраи наврасӣ табиатан давраи душвор ва пурҷӯшу хурӯш дониста шудааст. Зеро наврасон дар ин давра бо тағйироти куллии равонию ҷисмонӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва ин дар навбати худ ба худбаҳодиҳии онҳо бетаъсир нахоҳад монд. Ва маҳз ана ҳамин ҳодиса, ки як давраи нисбатан кӯтоҳро дар бар мегирад, метавонад боиси тағйир ёфтани муносибати наврас бо атрофиён гардад. Тағйиротҳои куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд, дар заминаи онҳо як қатор хусусиятҳои нави психологӣ шакл мегиранд. Ин тағйиротҳои ба амал омада, ба душвортарбия шудани наврасон сабаб мешаванд. Алалхусус, ҳангоми ташкили нодурусти тарзи ҳаёт ва нодуруст созмон додани реҷаи рӯз наврас метавонад, ки дар ин давраи мусоид ба осонӣ майл ба каҷрафторӣ кунад ва бад ин васила метавонад «душвортарбия» гардад”,-таъкид гардид дар нишаст.

Бояд гуфт, ки асоси рафтори наврасони «душвортарбия»-ро беододбӣ, гапнодароӣ, каҷрафторӣ, бераҳмӣ ва беилтифотию дағалӣ ҳангоми муносибат ва муошират ташкил мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд вазъияти низоъангез, носолим ва ҷангҷолиро ба миён оранд. Дар содир намудани амалҳои ношоиста майл зоҳир мекунанд. Инчунин, онҳо ба осонӣ таъсиррасониҳои тарбиявиро қабул намекунанд ва баъзан муқобилият нишон додану пурра рад кардани онро ифода менамоянд.

Айни ҳол, барои фарогирии ин кӯдакон ба таълиму тадрис Мактаби махсуси ҷумҳурявӣ барои кӯдакони душвортарбия дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД