Arzon march 2024
Кӣ ҳақ: Табиб ё ҳунарманд?
722

Худойдод Орифӣ, ҳунарманд ва коргардони маъруфи театру кинои тоҷик, дирӯз даъво кард, ки набераи зиндаашро ба кӯдаки мурда иваз кардаанд. Ин матлабро дирӯз мо нашр кардем.

Адиба Мирзоева, муовини директори Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, маъруф ба Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе, дар вокуниш ба ин матлаб гуфт, даъвои ҳунарманд асос надорад ва онҳо аллакай санҷиши дохилидоравиро дар мавриди нуктаҳои ин даъво оғоз кардаанд.

“Аллакай таҳлил гузаронида истодаем ва ба Вазорати тандурустӣ низ ҳамаи чизро пешниҳод кардем. Дирӯз аз Вазорат ҳуҷҷатҳоро талаб карданд ва мо ҳам додем. Он ҷо як комиссия ин шикоятро баррасӣ дорад. Натиҷааш маълум хоҳад шуд”, - гуфт ин масъули таваллудхона зимни суҳбат бо “Oila”.

Ҳунарманд гуфта буд, ки духтурон кӯдаки мурдаро ба падараш дода, аз ӯ хостанд зери варақе имзо гузорад ва падари кӯдак, ки даступохӯрда шуд буду чӣ кор карданашро намедонист, ин варақро нахонда, имзо намудааст. Дар ин варақ навишта шуда будааст, ки “Мо аз шумо домангир нестем”. Аммо, Адиба Мирзоева гуфт, онҳо чунин ҳуҷҷат надоранд ва ба ин мазмун ҳам ба касе санад надодаанд.

“Вақте ки кӯдак фавтида буд, мо аз падараш барои чок кардани ҷисм ва гузаронидани ташхис иҷозат хостем, вале ӯ розӣ нашуд. Бинобар ин, барояш санад пешниҳод кардем. Дар он варақа ҳам навишта шуда буд, ки барои сӯрох кардани ҷисми кӯдак иҷозат намедиҳам”, - гуфт табиб.

Дар мавриди иваз шудани саннаи таваллуди кӯда бошад, ин масъули Пажӯҳишгоҳ гуфт, тамоми ҳуҷҷатҳо аз рӯи варақаи таваллуд пур шудаанд ва дар он саннаву вақти валодат навишта шудааст.

"Ҳарчанд, ман он справкаро надидаам, вале ҳеҷ мумкин нест, ки рӯзи таваллуди кӯдак хато навишта шуда бошад”, - гуфт ӯ.

Барои фаҳмидани ҳолати баррасии шикоят мо ба сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ занг задем, вале ӯ тамосро қатъ карду дигар ба зангҳо ҷавоб надод.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

НОРИЗОӢ АЗ КОРИ ТАБИБОНИ ТАВАЛЛУДХОНАИ №3

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Худойдод Орифӣ, ҳунарманд ва коргардони маъруфи театру кинои тоҷик, даъво кард набераи зиндаашро ба кӯдаки мурда иваз кардаанд. Ӯ дар видеое, ки дар фейсбук нашр кардааст, гуфт, аз ин ки духтараш дар синни 33-солагӣ ҳомиладор шудааст, тамоми хонавода хурсанд буданд. Аммо, хунукназарии духтурон дар собиқ таваллудхонаи №1-и пойтахт онҳоро ноумед кард.

“Духтари ман пас аз азоби зиёд ва хунукназарии духтурон писар таваллуд кард, аммо кӯдакаш мурда ба дунё омадааст”, - гуфт ҳунарманд ва таъкид кард, ки онҳо ба ин гап бовар надоранд ва эътимоди сахт дорад, ки кӯдакро дар таваллудхона иваз кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти табибон норизоӣ изҳор мекунанд. Моҳе қабл Шоира Зуҳурова, сокини пойтахт, даъво кард, ки духтари қадраси зебояш, ки 17-сола буд, бо хатои духтури Беморхонаи клинникии шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе фавтид.

Онҳое, ки аз фаъолияти табибон норозианд, умедворанд вокунишашон боис мешавад, то ҳама беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва клиникаҳо бозбинӣ шаванд ва тамоми духтурон аз хатои кардаи ҳамкасби худ дарс гиранд, то ин бадбахтӣ ба сари каси дигар наояд.

Аз идора: Мо қазияи мазкурро то охир пайгирӣ намуда, аз ҷараёни баррасии он дар Комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва хулосаи ниҳоиашон иловатан маълумот медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД