Худойдод Орифӣ, ҳунарманд ва коргардони маъруфи театру кинои тоҷик, иддао дорад, ки набераи зиндаашро ба кӯдаки мурда иваз кардаанд.
Ӯ дар видеое, ки дар фейсбук нашр кардааст, гуфт, аз ин ки духтараш дар синни 33-солагӣ ҳомиладор шудааст, тамоми хонавода хурсанд буданд. Аммо, хунукназарии духтурон дар таваллудхонаи шаҳрии №3 (собиқ таваллудхонаи №1)-и пойтахт онҳоро ноумед кард.
“Духтари ман пас аз азоби зиёд ва хунукназарии духтурон писар таваллуд кард, аммо кӯдакаш мурда ба дунё омадааст”, - гуфт ҳунарманд ва таъкид кард, ки онҳо ба ин гап бовар надоранд ва эътимоди сахт дорад, ки кӯдакро дар таваллудхона иваз кардаанд.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки духтурон кӯдаки мурдаро ба падараш дода, аз ӯ хостанд зери варақе имзо гузорад ва падари кӯдак, ки даступохӯрда шуд буду чӣ кор карданашро намедонист, ин варақро нахонда, имзо намудааст. Дар ин варақ навишта шуда будааст, ки “Мо аз шумо домангир нестем”.
Худойдод Орифӣ гуфт, ки ҳатто санаи таваллуди кӯдак иштибоҳ навишта шудаст. Ба иддаои ӯ ҳарчанд наберааш рӯзи 14 июн таваллуд шуд, аммо дар варақа 13 июн нишон дода шудааст.
Барои фаҳмидани назари табибон мо ба таваллудхонаи мазкур тамос гирифтем. Дар қабулгоҳ баъди фаҳмидани суоли мо баргашта, суол доданд, ки оё мо ба иваз кардани кӯдаки зинда ба ҷисми мурда бовар дорем ва барои равшан кардани мавқеъ моро бо муовини директор оид ба ташхис ва табобат Адиба Мирзоева пайваст кард.
Инчунин, хонед:
Ин масъули беморхона баъди фаҳмидани арзи мо гуфт, ҳоло дар ташхиси беморон аст ва баъди чанде худаш баргашта, тамос мегирад.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти табибон норизоӣ изҳор мекунанд. Моҳе қабл Шоира Зуҳурова, сокини пойтахт, даъво кард, ки духтари қадраси зебояш, ки 17-сола буд, бо хатои духтури Беморхонаи клинникии шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе фавтид.
Онҳое, ки аз фаъолияти табибон норозианд, умедворанд вокунишашон боис мешавад, то ҳама беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва клиникаҳо бозбинӣ шаванд ва тамоми духтурон аз хатои кардаи ҳамкасби худ дарс гиранд, то ин бадбахтӣ ба сари каси дигар наояд.
Аз идора: Мо тамоси ҷавобии муовини директорро интизор шуда, баъди суҳбат бо масъулони беморхонаи мазкур назари ҷониби онҳоро ҳатман нашр мекунем.