Ман бе иҷозати падару модарам бо зане, ки нав аз оилааш ҷудо шудааст, никоҳ кардам, зеро хуб медонам, ки волидайнам ба интихоби ман ҳеҷ гоҳ розӣ намешуданд.
Ман ин занро дӯст медорам. Оё амали ман дуруст аст ё нодуруст?
Малик, ш. Панҷакент.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, агар иддаи талоқи он зан сипарӣ шуда бошад, никоҳи шумо аз нигоҳи исломӣ дуруст аст. Зеро дар никоҳ муҳим розигии тарафайн аст. Вале агар падару модар аз он никоҳ розӣ набошанд, зиндагии шумо бебаракат хоҳад шуд. Чунки дуои волидайн барои саодати зиндагии фарзандон бисёр муҳим аст.
Ягон падару модар дар зиндагӣ бадии фарзандашро намехоҳад. Бинобар ин, агар шумо аллакай издивоҷ карда бошед, аз падару модар бахшиш пурсед ва дуои хайрашонро бигиред.