Паричеҳра
Мардҳо рафтанду баъди торик шудан занро гирифта омаданд. Дар дасти зан кўдаки зебои фарбеҳаке низ буд. Шавҳари зан ҳамоно хомўш буду бародараш назди Қудрат як қабза пул монду хутбаи никоҳоро хонд. Қудрат пулҳоро гардонда ба мард дода, гуфт:
- Бародар, намедонам шумо аз деҳаи ҳамсоя барои чӣ маро барои ин кори нангин интихоб кардед, вале ман ба хотири ана ҳамин кўдак розӣ шудам. Пулатон лозим нест.
Мард пулҳоро гашта ба кисааш монда, гуфт, ки “ин сир бояд байни мо монад”…
Мардҳо рафтанду кўдак ба гиристан оғоз кард. Зан низ баробари кўдак мегирист. Қудрат чӣ кор карданашро надониста, гуфт:
- Хоҳари азиз, ман ба шумо кор надорам. Биёед кўдакро ба дасти ман диҳед…
Зан кўдакро ба дасти Қудрат дод. Мард бори аввал кўдакро рӯйи дастонаш гирифта, бо лаҳни кўдакона навозишаш кард: “Э паҳлавонча, гиря накун, модарат зиқ мешавад…”.
Кўдак оҳиста-оҳиста хомўш шуду худ ба худ ғурунг-ғурунг карда, баррача барин хобаш бурда монд. Зан рўймолашро як тараф карда, ба Қудрат нигаристу бо гиряи зор-зор гуфт:
- Ман як сағираи бесоҳибам, на падар дораму на бародар, як кампири модар дораму халос. Хонаводаи шавҳарам дар ҳамсоягии мо мезистанд ва маро барои фарзанди кенҷаашон келин карданд. Дар ин хонавода ман чун каниз кор мекунам, боз шавҳарам шабу рўз зери лагад мегирадам. Аз бесоҳибиям истифода бурда, оварда никоҳ карда, ба шумо доданд. Очаи бечораам зорӣ кард, ки талоқаш кардӣ, хуб кардӣ, мон зиндагӣ мекунем дукаса, аммо додаршўям фикри ҳалоларо кард.
Қудрат дурусттар нигариста, дид, ки сару рўйи зан, ки мисли парӣ зебо буд, пури захми кабуду сиёҳ аст. Ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам ў зебо буд…
Гардиши қисмат
Он шаб то рўз ду кас рози дил гуфтанд. Қудрат Нозигулро тасалло медод, ки ҳоло шавҳараш шарм дошта, марди хуб мешавад… Аммо Нозигул бо гиря гуфт:
- Не, шавҳарам бадтар мешавад, ман ҳам дигар ўро чашми дидан надорам, чӣ қадар хориҳо кашидам дар ин ду сол, худам медонаму Худо ва чор девори хонаам…
Қудрат ба Нозигул менигаристу ба шавҳараш лаънат мехонд, ки ҳамин гуна зани боақлу зеборо ба ин ҳол расонидааст…
Субҳ дамиду дар чашми ин ду нафар хоб набуд. Ҳамин вақт мошин ғиррӣ назди дарвозаи фарсуда истоду акаву додар ба хона зада даромаданд.
- Зуд бош, меравем,- амр кард додаршўяш ба Нозигул.
Аммо зан ҷавобе дод, ки ҳама дар ҷояшон шах шуданд:
- Ман ҳеҷ куҷо намеравам. Ман акнун зани ҳамин мард ҳастам ва бо ҳамин мемонам!
Шавҳараш ин тавр ранг гирифтани ҳодисаро дида, хост аз нав занро зери мушту лагад гирад, ки Нозигул фарёд кард:
- Ту чӣ ҳақ дорӣ ба сари зани дигар кас мушт мебардорӣ? Гум шавед аз хонаи ман!...
Мард ҳақоратҳои қабеҳро ба сари зан рехту писари хобашро таги каш карда, аз хона баромад ва баъди чанд лаҳза кўдаки аз тарс чиррос зада, гиря мекардаро оварда болои кат ҳаво дода, гуфт:
- Гир ҳаромиятро!
Мардҳо аз хона баромада рафтанду баъд Қудрат ба худ омад, гумон мекард ҳамаи инро дар хоб мебинад…
Ситораи бахт
Бо дамидани субҳу баромадани хуршед, деҳа чӣ, ноҳия пури овоза шуд… Аммо Нозигул ба зӯриву зориҳои авлоди шавҳари собиқаш дода нашуда, қадамашро аз хонаи Қудрат берун намонд ва ба ин марди силии қисмат дида бахт овард…
Баъди як моҳ кампири Холмоҳ, модари Нозигул низ барои зиндагии доимӣ ба хонаи духтараш омад. Хонаву дари кампирро дар деҳаи ҳамсоя фурўхтаву хонаву дари худашонро чаппа карда, хонаҳои нав сохтанд. Шукруллоҳ - писараки Нозигул он қадар ба падарандараш меҳр дошт ки ногуфтанӣ... Ин хонуми паричеҳра аз никоҳи дувум се писари нозанину як духтари моҳчеҳра таваллуд кард. Ба зиндагии ин ҷуфт мардум бо ҳавас менигаристанд, писарон қад кашида, ба воя мерасиданду армони волидайнро мешикастанд…
Имрўз пиру кампир давлати пирӣ меронанд, писаронашон яке судя, дувумӣ духтур, савумию кенҷагӣ тоҷир ва духтарашон муаллима ҳастанд…
Аҷаб гардишҳое дорад қисмати одамӣ…
Нисо ХОЛИД