Шавҳари занакча
Пас аз рафтани хоҳаршӯйҳоям ду рӯз хонаву дар тоза кардаму нафаси осуда кашидам. Парвиз зидди кор кардани ман буд, аз ин рӯ, хонашин шудам. Субҳ хусуру хушдоманам ва Парвизро ба кор гусел карда, як-ду соат мехобидаму баъд хеста, хӯроки нисфирӯзӣ мепухтам, онҳо барои як соат омада, хӯрок хӯрда мерафтанд ва ман боз ғами хӯроки шомро мехӯрдам. Оҳиста-оҳиста бо шавҳарам аз наздик шинос шудам. Парвиз хеле занаксифат буд, ба ҳама чиз айб меёфт, ин куртаатро бо ин рӯймол банд, ин рӯймолро бо ин курта намепӯшанд, гӯён маро ба ҳайрат меовард. Бо апаҳояш, ки ҳар рӯзи якшанбе ҳамакаса ба зиёфатхӯрӣ меомаданд, нишаста ҳамаро мазоҳу масхара мекард. Ман ҳеҷ гоҳ ба нишастҳои онҳо қатӣ нашуда, нақши хизматгорро доштам, ки ин ғаши хушдоманамро меовард.
-Ту кӯҳрӣ нашав, омада ҳамроҳи мардум шин!!!- Бо овози баланд фармон медод ӯ, ман аввалҳо хомӯш будам, вале дидам, ки намешавад, гуфтам:
-Очаҷон, агар ман шинам, хизмати шуморо кӣ ба ҷо меорад ва номам кӯҳрӣ шуд дар ин хонадон.
Аслан сӯҳбатҳои пур аз хандаю мазоҳу ғайбати ин оилаи бефарҳанг ба ман маъқул набуд. Кор то ҷое расид, ки шавҳарам маро назди апаҳояш мазоқ мекарду онҳо механдиданд. Боре онҳо аз ким кадом маҳсулотҳои баҳрӣ хӯриш тайёр карданд ва ман хӯрда натавонистам, Парвиз бо овози баланд гуфт:
-Охир, ин духтари муаллим аст, коғаз мехӯрад!
Апаҳояш хандиданд, ман ки аз ин гуна зиндагии нобасомон ва таҳқири зиёд хаста шуда будам, аз наздашон хеста рафтаму хонаи худам даромада гиристам. Парвиз омада, маро зери мушту лагат гирифт, чун хушдоманам мехост аз зери шаттаи писараш озодам созад, хоҳаршӯйҳоям рӯирост ӯро гирифта бурданд. Апаи калони шавҳарам Гулшода як лагат дар миёнам фароварда, “фоида дорад” гуфт ва сар шуданд азобҳои ман…
Хирмани оташ
Дигар Парвиз зуд-зуд ба сарам даст мебардошт, ману падару модарамро ҳақорат медод. Апаҳояш бошанд, маро масхара мекарданд, коғазхӯру «крахабор»-у кӯҳриям меномиданд. Гулшода хоҳаршӯйи калониям борҳо маро шаппотию лагат зада буд, ҳамин шаш нафар худашон як рӯз хизмати хушдоманро накарда буданд. Бо ёрии волидон хонаашонро ҷудо карда, ҳар кадоме ба номи худаш як дорухона дошт дар макони зисташ ва хӯрда мегаштанд. Ҳатто дар дорухонаҳояшон фурӯшанда доштанд, зеро майли меҳнат кардан дар вуҷудашон набуд. Ғайри ин ҷо омада хӯрда рафтан, боз ҳар ҳафта бо навбат рафта, хонаи ҳар кадомашонро тоза карда меомадам, ман ҳақ надоштам, ки як шаб дар хонаи волидонам хоб кунам. Ҳарчанд намегуфтам, модарам пай мебурд, ки зиндагии хуб надорам, вале насиҳатам мекард, ки “сабр намо, духтарам, оқибат ҳамааш хуб мешавад”. Дар батнам кӯдак пайдо шуд, ростӣ зиндагии нобасомон сахт асабиям карда буд, харобу лоғару рангзард будам. Аммо ягон нафар дар ин хонадон ба ҳолам раҳм надошт ба ҷуз хусурам. Як рӯз боз Парвиз чӣ таҳқирам карду гапаш гардондам ва ӯ рӯйи ҳавлӣ аз мӯйҳоям дошта, маро лату кӯб кард. Хусурам маро пуштибонӣ карда, ӯро шаппотие зад, Парвиз аз дунболам хона даромада гуфт:
-Ҳа, дар набудани ман бағали хусурҷоната ғарм мекунӣ, ки пуштибоният мекунад, дар шикамат хоҳарам ё додарам?!
Бо шунидани ин сухан чанд дақиқа аз ҳуш рафтам, зеро ин гуна беимониро бори аввал медидаму мешунидам. Парвиз баромада рафту ман ба гаражи мошин даромада, як қутии пластикии бензиндорро ёфта, онро ба сарам рехтаму гӯгирд кашидам….
Пас аз ду ҳафта ба худ омадам ва танҳо баъди як сол захмҳоям каме шифо ёфтанд, шаш ҷарроҳиро пушти сар кардам, дар баданам ҷойи ободӣ нест. Рӯямро бо дастонам пӯшонидам, кам осеб дидааст дигар ҳама ҷоям маъюбу пурожанг…
Хусуру хушдоманам маро бемори рӯҳӣ унвон кардаанд, ман ҳам гуфтаҳои онҳоро тасдиқ кардам, шавҳарам дигар сӯям наомад, ба Худо супоридамашон. Тифли батнам афтид, инак, се сол мешавад, ки азоб мекашам…Баъди якуним соли ин ҳодиса Парвиз дар як садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи шавҳари апаи калонияш ба ҳалокат расид. Золимонро Худо ҷазо дод, аммо ман мондаму дардҳои сӯзандаву кунҷи пушаймонӣ…
ИН ҚИССАҲОРО НИЗ БИХОНЕД: