Динораро падару модараш хело зуд аз дунё гузаштанду тағояш ӯро дар тарбияи худаш гирифта буд. Азбаски дар деҳа амакҳояш низ зиндагӣ мекарданд, баъди хатми синфи 11-ум амакаш аз тағояш иҷозат пурсида, духтаракро меҳмони худ мекунаду мехоҳад барои шод шудани руҳи бародараш ба ӯ чизе харида диҳад. Мансури маккор бошад, бо дидани духтари зебои аз дунё бехабар ба гӯшаш афсонаҳои пурмуҳаббат хонда, ӯро ба чанги худ медарораду ба ӯ чанд маротиба дастдарозӣ мекунад ва ӯро бо ваъдаҳои беохир ба хонаи тағояш мефиристад.
Пас аз чанд муддат Динора аз дарди меъда шикоят намуд ва тағояш зуд ӯро ба беморхона бурда, пас аз шунидани ҳақиқат дар беморхона ҷон ба ҷаббор супорид.
Шояд ҳодисаҳои нохуши ба сараш омада ба тифли батнаш таъсири худро расониданд, ки кӯдак дар батни Динора мурд ва ӯро зуд ба марди 14 сол аз худаш калон ба шавҳар доданд. Мансур бошад, аз як оилаи сарватманд духтар интихоб карда, бо тӯю сур ба хона арӯс оварду гумон мекард, ки аз ӯ дида марди хушбахттаре вуҷуд надорад. Баъди чанде занаш ҳомиладор шуд, аммо фарзанди аввалинаш дар беморхона мурда ба дунё омад. Бо ҳамин ду кӯдаки дигараш ҳам дар батни модар то моҳи нуҳ нафас мекашиданду пеш аз таввалуд худ ба худ мефавтиданд. Ҳамсари Мансур аз чунин гардиши қисмат нолаи ҷонкоҳ мекард. Аммо Мансур ҳамеша хомӯш буд. Пас аз сар задани ин ҳама нохӯшиҳо рӯзе падари Мансур ӯро дар наздаш шинонида пурсид:
-Мансур, мабодо ту Динораи сағераро ранҷонида бошию барои худро аз гуноҳ пок кардан қасами бардурӯғ нахӯрда бошӣ?! Агар чунин бошад, ҳанӯз ҳам дер нашудааст, рафта аз духтари амакат бахшиш пурсида, назди Худо тавба кун! Оҳи сағера ганда аст!
Мансур боз дар назди падар худро сафед карду зиндагиро идома дод. Ҳанӯз дарди аз даст додани фарзандон тоза нашуда буд, ки Мансур гирифтори бемории табобатнашавандае шуд, ки оҳиста-оҳиста ӯро аз по афтонд. Ҳеҷ табибе ба дарди ӯ дармон ёфта натавонист. Ҳамсараш низ бо марди касалӣ зистан нахоста, баромада рафт. Рӯзе Мансур назди падар, ки аллакай пир шудаву аз ғами фарзанд хун мехӯрд, бо чашмони пур аз ашк гуфт:
-Ман аз бекасии Динора истифода намуда, номусашро доғдор карда будаму ӯро сағераи бе кас гуфта, ба ҳоли худаш партофтам. Қудрати Худоро мебинӣ, падар?! Оҳи сағера маро гирифт!
Хандазеби.......