Ба гиряву зории Cадаф нигоҳ накарда, шавҳараш ба падараш занг зад. Баъди ним соат падару модараш бо дасту пойи ларзону дидаи гирён омаданд. Зану шавҳар ин ҳолатро дида, дасту по хўрда, чизе гуфта наметавонистанд. Муаллим забон хоида, сар аз замин намебардошт. Занаш-Моҳрў зор-зор мегиристу духтарашро сарзаниш мекард.
-Дидед, кори духтаратонро, муаллим? Чӣ кор кунам?-ашки чашмонашро пок карда, пурсид Беҳрўз.
Муаллим ҳамоно хомўш буд. Садаф бошад, мехост бо гиряву зорӣ бегуноҳияшро исбот кунад. Ниҳоят, баъд аз гирифтани якчанд акси Шодиву Садаф Беҳрўз иҷозат дод, ки вай шимашро пўшида равад.
Ҳангоми пўшидани шим пулҳои дар кисааш буда ба замин рехтанд. Бо дидани пулҳо оташи хашму ғазаби аҳли хонавода аланга гирифт.
-Пулҳоро аз куҷо гирифтӣ?-пурсид Беҳрўз.
-Вай ба ман дод,-ҷониби Садаф ишора кард Шодӣ.
-Не, дурўғ мегўяд. Ман, ман…
-Хомўш! Касе аз ту напурсидааст,- сухани Садафро бурид Беҳрўз.
-Аз куҷо гирифта дод?-Боз пурсид Беҳрўз.
-Аз қабати ана ҳамин кўрпача,–ҷойи пулмонии онҳоро нишон дод Шодӣ.
-Шарм накарда, ҳам хиёнат мекуниву ҳам дуздӣ,- Беҳрўз борони дашномро ба рўйи Садаф резонд. Ба ин дилаш хунук нашуда, ба муаллим рў оварда гуфт:
-Ҳамин хел духтар тарбия кардед-а? Ҳам дузд, ҳам фоҳиша.
Муаллим хомӯш буд. Ба рўйи касе нигоҳ ҳам намекард. Фақат вақте гап зад, ки Беҳрӯз ба милиса занг заданӣ шуд. Гарчанде муаллим зорӣ кард, Беҳрӯз ба зориву таваллояш аҳамият надода, барқасдона занг зад. Милисаҳо расида омаданд. Ҷойи ҳодисаро ҳам аксу ҳам ба навор гирифтанд. Баёноти шоҳидонро бошад, як милисаи қадбаланди сермўйлаб гирифт.
Садаф дигар қуввати рост истодан надошт, пойҳояш ба ў итоат намекарданд. Ба саволҳои милиса баъди чанд маротиба пурсидан ҷавоб медод. Баъди пурсишу гирифтани баёнот Садафро ба милисахона бурданд.
-Ҷавобгар, хоҳиш мекунам ба савол ҷавоб диҳед,- ин савол дили ўро дубора хун кард. Ашк рухсораҳояшро шуста, қатра- қатра мисли борони баҳорӣ мечакиданд. Мехост бо тамоми қувваташ фарёд занад, ки вай гуноҳе надорад. Мехост муъҷизае рух диҳаду бегуноҳияш исбот шавад. Боз мисли пештара шавҳараш ўро ба оғўш гирифта: “Садафи зебои ман, қуввати дилу бозуи ман, гавҳари аз дарё пайдокардаи ман” гуфта, аз рухсораҳояш бўсад. Хўроки пухтаашро бо ҳазор таъриф тановул кунад. Оҳи сарде кашида, ба шавҳараш чашм дўхт.
-Муҳтарам раиси суд, мумкин аст, як бор ба назди шавҳарам равам?-Садаф саволомез ба раиси суд нигарист.
-Фақат як дақиқа, хоҳиш мекунам.
Баъди иҷозат гирифтан Садаф ба назди Беҳрўз рафта, дастонашро дошту ба чашмонаш нигарист.
-Ман ягон гуноҳ надорам. Ҷонам фидои як тори мўйи ту бод, Беҳрўзҷон! Ман ҳатто фикри ба ту хиёнат карданро накардаам, -гулӯгираш кард. Сулфа зад то роҳи овозашро озод кунад.
-Ту гуноҳе надорӣ, медонам, лекин ин падари аҳмақат,-ба гўшаи чашм ба муаллим нигарист,- гуноҳи бузург дорад. Бигзор мазаи шармандагиро чашад. Фаҳмад, ки чӣ қадар тунду тезу шўру талх аст,- Аз дил гузаронд Беҳрўз ва дастонашро аз дасти Садаф раҳо кард.
Садаф дар чеҳраи шавҳари меҳрубонаш бегонеро дид, ки гўё ўро надидаасту намешиносад. Ноумедиҳо ўро ба сӯйи худ бурд, вале:
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Аз дил гузаронд ва дубора даст сўйи Беҳрўз бурд.
-Фоида надорад, барои ҳама чиз дер шуд. На худатро азоб деҳ, на маро,-бо қавоқи овезон гуфт Беҳрўз.
Садаф зери лаб фақат «дер, хеле дер» мегуфт. Ўро милисаҳо ба ҷояш бурданд. Барои бозпурсӣ Шодиро даъват карданд.
-Шумо аз кай бо Хасанова Садаф робитаи маҳрамона доред?
-Вай бо ман ягон хел робита надорад, ҳар чӣ мегўяд, дурўғ мегўяд. Инсоф кун бародар! Фикр кун, ки дар ҷойи ман хоҳарат ё духтарат истодааст,-гирякунон гуфт Садаф.
Судя ўро ба хомўш истодан даъват кард. Шодӣ ба Беҳрўз нигарист. Суханони Садаф ба дили вай сахт таъсир карданд. Мехост бегуноҳии ўро исбот кунад. Саволро дубора такрор карданд. Садаф дигар на умеде дошт на тобу тавони шунидани ҷавоби дурўғро. Шунида будам, ки «Умри дурўғ кўтоҳ аст» мегуфтанд, вале дар навбати ман худи ин ҷумла дурўғ шуд. Чашм аз рўйи шавҳараш канду ба падару модари ғамхораш дўхт. Хира бошад хам, медид, ки чӣ хел дар байни ин чанд рўз дар чеҳраи падару модраш ожангу дар мўйҳояшон сафедӣ пайдо шудааст. Афсўс мехўрд, ки бегуноҳияшро исбот карда натавонист.Офтоби зиндагии вай ба ғуруб майл дораду дубора тулўи онро касе намедонад.Сўзиши қафаси синааш зиёдтар мешуд, гулуяш тамоман хушк шуда буд. Мисли барги хазондида ба замин афтод.