Қисмати ду зан (ҚИСМИ 2)
301

Вақте ки Бахтиёр ба ҳавлӣ даромад ва онҳоро паҳлуи ҳамдигар дид, Маҳтоб натарсид.

Ӯ бархост, кӯдакро ба дасти Нигора дод ва рӯ ба шавҳараш кард:

- Бахтиёр, ин чойи кабуд аллакай хунук шудааст. Мисли меҳри ман нисбат ба ту. Акнун интихоб кун: ё мард мешавӣ ва масъулияти ин зану кӯдакро ба дӯш мегирӣ, ё то абад ҳардуи моро аз даст медиҳӣ. Вале дар ин хона барои ту дигар ҷой нест.

​Ин лаҳзае буд, ки Маҳтоб аз як зани итоаткор ба як зани озод табдил ёфт. Ӯ фаҳмид, ки бахт дар соҳиб шудани мард не, балки дар гум накардани хештан аст.

Бахтиёр мисли дарахти аз реша буридашуда дар миёни ҳавлӣ шах шуда монд. Нигоҳи ӯ аз Маҳтоб ба Нигора ва аз Нигора ба тифли гирён мегузашт. Дар чеҳрааш на ишқ буд ва на шафқат, танҳо тарси марде буд, ки бинои дурӯғҳояш бо як таккони ҳақиқат фурӯ рехтааст.

- Маҳтоб,- бо овози паст гуфт ӯ,- ман намехостам ин хел шавад. Нигора, чаро омадӣ? Магар ба ту ҳама чиз намерасид? Ман барои ту хонаи ичора гирифтам, пулат медодам.

​Маҳтоб як қадам пеш гузошт. Дар чашмони ӯ оташи қаҳре фурӯзон буд, ки Бахтиёр онро дар даҳ соли зиндагӣ ҳаргиз надида буд.

- Пул? Хона?,- бо зарда гуфт Маҳтоб. Ту фикр кардӣ, ки бахти зан дар деворҳои хиштӣ ва дар чанд сомонист? Ту ин занро дар шаҳри бегона танҳо гузоштӣ, то худат дар ин ҷо бо ман бозии муҳаббат кунӣ. Ту бачаҳои маро бо пуле хӯрондӣ, ки ҳақи ин тифли бегуноҳ буд. Ту нони моро бо заҳри дурӯғ олуда кардӣ.

​Нигора, ки то ин дам хомӯш буд, бархост. Ӯ ашкҳояшро пок карду бо қатъият гуфт:

- Бахтиёр, ман омадам, ки фиреби туро фош созам. Гуфтӣ фарзанд надорӣ, аммо чаро дурӯғ гуфтӣ? Гуфтӣ занат безеби сиёҳ аст, ҳол он ки Маҳтоб маҳтоби ростина аст. Ту мисли саробе ҳастӣ, ки ташнаро мефиребад. Маҳтоб-апа аз ман дида ҳақи бештар дорад, вале ӯ аз ҳақаш гузашт. Ман ҳам дигар намехоҳам зани дуюм ё пинҳонӣ бошам.

Маҳтоб ба хона даромад ва ҷомадони Бахтиёрро, ки ҳанӯз нокушода дар кунҷе меистод, берун баровард. Ӯ онро дар назди пойи Бахтиёр гузошт.

- Ин ҷомадони ту,- гуфт ӯ бо лаҳни ором, вале сангин.- Дар дарунаш ҳама чиз ҳаст: либосҳоят, дурӯғҳоят ва ваъдаҳои пучат. Аз ин дарвоза баро ва дигар ҳаргиз барнагард. Роҳи ту акнун ба он ҷост, ки ин тифл интизори падар аст. Назди Нигора рав. Ӯро фиреб додӣ, акнун умратро сарфи ҷуброни он фиреб намо.

​Бахтиёр кӯшиш кард, ки чизе гӯяд, дасти Маҳтобро гирад, вале Маҳтоб дасташро кашид.

- Нарас. Дастоне, ки ду занро дар як вақт навозиш мекарданд, барои ман бегонаанд.

​Бахтиёр ҷомадонашро гирифту бо сари хам, мисли мағлубе, ки аз майдони набард мегурезад, аз ҳавлӣ баромад. Нигора ҳам бо кӯдакаш ба дунболи ӯ рафт. Маҳтоб то лаҳзаи охир ба онҳо нигарист. Дар дилаш дард буд, вале ӯ иродаашро дошт.

​Шаб гузашт. Субҳи дигар Маҳтоб барвақт хест. Ӯ ҳавлиро рӯфт, гулҳоро об дод ва дастархони хоксоронае орост. Фарзандонаш Алишеру Гулрӯ бедор шуданд.

- Очаҷон, дадам канӣ?,- пурсид Гулрӯи хурдакак.

Маҳтоб мӯйҳои духтарашро сила карду оҳиста гуфт:

- Дадатон ба як сафари дур рафт, духтарам. Аммо ҳар вақт омада шуморо хабар мегирад.

​Маҳтоб ба оина нигарист. Ӯ дигар он зани содаву зудбовари дирӯза набуд. Ӯ зане буд, ки тавонист аз миёни оташи хиёнат бо сари баланд гузарад. Дар дилаш ҳеч ин дурӯғи шавҳарашро бахшида наметавонист.

- Эҳ хиёнаткор, чӣ қадар бароям азиз будӣ. Доимо мегуфтӣ: “Ҳастиам ба ҳастии ту вобаста аст... Дидани ту бароям баҳои ҷон аст...”. Вале ин қадар фиреб дар вуҷуди ту ҷой доштааст. Наход то ин дараҷа бошӣ, ки ба хотири хонуми дигар гӯйӣ, ки занат безебу бефарзанд аст. Афсӯс! Хиёнат мисли коғази сӯхта аст, ки агар сад бор ҳам бичаспонӣ, боз ҳам бӯйи дуд медиҳад. Дигар баргашта наё, чун ман он одамеро, ки дӯст медоштам, аллакай дафн кардам. Ту барои ман танҳо як бегонаи шиносӣ...

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД