Рӯзҳои вазнин аз сари Шаҳноз мегузашт. Ӯ аз як зани шӯху чақ-чақӣ, хушсухану хандонрӯй ба дамдузду гӯшанишин табдил ёфт. Ба маъракае намерафт, худро аз ҳама канор мегирифт.
Теппаҳои пур аз гули ноҳия барояш якранг менамуданд. Гӯё табиат болои боғи орзуҳояш жолаи бераҳмӣ меборонд. Дунё барояш холӣ буд, холитар аз зиндагии берангу бораш. Дӯстони беҳтаринаш, ки ҳамеша дар гирди дастархонаш буданд, аз ӯ дур шуданд. Мегӯянд, ки дӯстро дар рӯзҳои вазнин мешиносанд. Ӯ шинохт ҳамаро.
Дигар намехост бо касе вохӯрад, рози дил гӯяд. Дар рӯзҳои вазнин ягона дӯсташ китоб буд. Мехонд, бисёр мехонд. Бо каҳрамонони қиссаҳо хаёлан суҳбат мекард. Аз қиссаҳои хондааш ҳамтақдирони худро меҷуст, ки ояндаашон чӣ мешуда бошад?
Рӯзҳо сипарӣ мешуданд, давраи ҳомилагии Шаҳноз хеле бад мегузашт, ӯ бисёр асабонӣ мешуд, фишори хунаш баланд мешуду худро хеле бад ҳис мекард. Духтурон ба ӯ тавсия медоданд, ки дар ҳавои кушод бештар гардад, фикрҳои бадро аз сараш дур созад. Дар бораи сиҳату саломат таваллуд шудани фарзанд фикр кунад.
Нуҳ моҳу нуҳ рӯз гузашт. Ӯ охирин умедашро амалӣ карданӣ шуда, ба Воҳид занг зад:
- Воҳидҷон, вақти таваллуди фарзанд наздик аст. Саломатиам хеле бад, метарсам, ки сари фарзанд наравам. Аз ту хоҳиш мекунам, агар ба ман ягон ҳодиса шавад, фарзандамонро таҳти тарбияи худ гир.
Аз гӯшаки телефон садои хандаи масхараомез баланд шуд:
- Дар бораи кадом фарзанд мегӯӣ? Тую фарзанди ҳаромии ту ба кӣ даркор?
Шаҳноз дигар чизеро нашунид. Гӯшҳояш кар, чашмонаш кӯр гаштанд ва чун ба ҳуш омад, худро болои кати таваллудхона дарёфт. Ӯ ба атроф назар кард ва якчанд зани хилъатсафедро дида, пурсид:
- Ман дар куҷоям? Бо ман чӣ ҳолате рух додааст?
- Шумо дар таваллудхонаед, фарзанд таваллуд кардед, акнун бояд истироҳат кунед,- ҷавоб дод духтурзан ва кӯшиш кард бо ҳамин суҳбатро қатъ кунад ва баромада рафтанӣ шуд.
- Духтурҷон, илтимос, наравед, ба ман фарзандамро нишон диҳед,- гуфт Шаҳноз.
Духтур аз роҳаш бозистода, курсиеро гирифту ба бемор наздик монда нишаст.
- Духтарам, ту давраи ҳомилагиатро бад гузарондаӣ. Ҳамеша асабонӣ мешудӣ, ҳамаи ин сабаб шуд, ки зоиш бисёр вазнин афтад. Мо духтурон сабаби наҷот ёфтанат шудем, аммо кӯдакат дар ҳолати вазнин аст. Ӯро пеши ту оварда наметавонем. Ба ҳар ҳол, ба ҳама чиз тайёр шудан даркор, сабур бош, духтарам. Ту ҷавонӣ, ҳаётат дар пеш аст, дар насибат бошад, фарзандони зиёд ба дунё меорӣ.
(Давом дорад)
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА