Фикру андешаҳо дар мавриди ҷашн гирифтани Наврӯз гуногунанд. Иддае таҷлили ин идро бо далели аз замони оташпарастӣ мерос монданаш гуноҳ мешуморанд, бархеи дигар мегӯянд, ислом бо Наврӯз ҳеҷ ихтилоф надорад. Воқеан муносибати дини ислом ба ҷашни Наврӯз чӣ гуна аст?
Тавре корманди Раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ зимни як суҳбат мо бо гуфтанд:
- Наврӯз ҷашни шодмонии замин ва ҷӯши шукуфтанҳову рустанҳову эҳё шудани табиат аст. Дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) оварда шудааст, ки ҳар чизе, ки аз замин нешзада мебарояд, шукру зикри оллоҳ мекунад, аз ин хотир Наврӯзро ҷашн мегирем, зеро шумори зикркунандагони офаридгор дар ин айём ҳазорон-ҳазор меафзояд.
Ҷашнгирии Наврӯз гуноҳ нест
Бархе иддао доранд, ки ҷашн гирифтани иди Наврӯз барои мардуми мусалмон ҷоиз нест, аммо дар асл чунин нест. Касе, ки мехоҳад назари Исломро дар бораи Наврӯз бидонад, бояд бубинад манобеи исломӣ чӣ мегӯянд. Ривоёте ҳаст дар таъйиди Наврӯз:
Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он ҳазрат ҳайрон шуда, пурсид: «Ин чист?».
Гуфтанд: “Имрӯз рӯзи Наврӯз аст”.
Пурсид: “Наврӯз чист?”.
Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст”.
Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард”.
Пурсиданд: “Аскара чист?”.
Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, ки бимиред. Мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр
фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфтааст”.
Он гоҳ Расули Худо аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат карду гуфт: Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд!
Ин ривоят нишон медиҳад, ки паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ мухолифате бо Наврӯз надошт ва ин идро қабул доштанд.
Расули Худо фармудаанд: “Он ки суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал намояд, барои ӯ подоши амали худаш ба иловаи монанди подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) хоҳад буд, бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва он касе, ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, ваболи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст, бидуни он ки аз визру ваболи дигарон коста шавад”. (Ибни Моҷа).
Наврӯзи имрӯза ба дину мазҳаби мо ва ба фармудаҳои ислом ҳеҷ мухолифате надорад, зеро замоне, ки Ислом омад, тамоми чизҳое, ки ба дини ислом халал мерасонданд, аз миён рафтанд. Аз ҷумла оташро муқаддас шуморидан, баҳамоии зану мард, нӯшидани шароб барин корҳои нораво аз миён бардошта шуданд. Танҳо расму русуме, ки ба дини ислом зиддият ва зарар надоштанд, боқӣ мондаанд. Хонатаконӣ, оштикунии қаҳриҳо, шурӯи корҳои деҳқонӣ, аёдати беморону кӯҳансолон, ба ятимон туҳфа додан аз оинҳои хуби наврӯзист, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст ва ислом низ ҳамеша мардуми мусалмонро ба ин амалҳои нек талқин менамояд.
Хулоса, Наврӯз як ҷузъи фарҳанги мост ва мардуми тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо онро ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии Наврӯз гуноҳ нест, зеро дар рӯзҳои Наврӯз ояи Қуръон мехонанд, ки савоби зиёде дорад.