Бузурге фармудааст: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сару торик мемонад, вале агар ноҷо биафтад, хонаву хонумон ҳамаро саросар месӯзад!”
Ҳодисаи хунине, ки рӯзи шанбе, 5-уми сентябр дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як фоҷиаи хунин дар Вилояти Суғд хабар дод. Ин рӯйдоди даҳшатзо санаи 5-уми сентябр дар ноҳияи Деваштич ба вуқуъ пайваста, як сокини 56- солаи шаҳраки Ғончӣ бо болға ҷавони 25 -солаи сокини шаҳри Истаравшанро ба ҳалокат расонидааст.
Куштор номусӣ буда, ин ҳодисаи ваҳшатнок дар заминаи рашк ба вуқуъ пайвастааст. Гумон меравад, ки марҳум бо духтари гумонбар муносибатҳои ошиқона доштааст.
Бо мақсади гирифтани интиқом аз Маҷнуни сонӣ падари ба хашм омада маҳбуби духтарашро ба “сӯҳбати мардона” мехонад. Вохӯрии “домодшаванда” бо падари бонуи дӯстдоштааш хеле тезу тунд сурат гирифта дар ҷараёни кашмакаш ва ҷангу ҷанҷол мард ба сари ҷавон чанд маротиба бо болға мезанад. Аз зарбаҳои пай дар пай хун фаввора зада мешорад. Ошиқи ноком мисли чанори аз тундбоди қисмат якбора решагардон шуда гурсосзанон ба замин афида, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Бо дидани ин манзараи пурхун мард ба даҳшат афтида, талош мекунад, то кирдори содир намудаашро пинҳон созад. Бо мақсади нест кардани изи ҷиноят ӯ ҷасади ошиқи духтарашро ба мошинаш бор карда, ба ҷамоати Маҷнун мебарад ва зери хок мекунад, аммо...
Ин ҳодисаи хунин аз назари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон намонда, марди 56-соларо бо гумони даст доштан дар куштори ҷавони 25-сола дастгир намуданд. Айни замон ин падари бадрашк, ки пештар бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон-куштор ҳабс шудааст, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.