Дар шаҳри Анқараи Туркия семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Омори кишоварзӣ” бо иштироки роҳбарони аввали мақомоти омори Тоҷикистону Туркия ва мутахассисони соҳаи омори ҳарду давлат баргузор гардида истодааст.
Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия (TIKA) аз 26 то 30-юми январи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Семинари мазкурро Президенти Институти омори Туркия Эрҳан Четинкая ифтитоҳ намуда, таъкид доштааст, ки семинари навбатӣ ба масъалаҳои омори кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи усулҳои муосир дар ҷамъоварӣ, коркард ва паҳнкунии нишондиҳандаҳои омори кишоварзӣ бахшида мешавад. Эрҳан Четинкая ба иштирокдорон муваффақият таманно намуда, баргузории семинарро ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои судманд арзёбӣ намудааст.
Ҳамзамон дар идомаи семинар Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода баромад намуда, семинари мазкурро заминаи муҳим барои таҳкими муносибату ҳамкории дуҷониба байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Туркия маънидод намуда, омодагии ҷонибро оид ба таҳкими робитаҳои васеътар, ташкили барномаҳои муштараки соҳавӣ, табодули таҷриба ва тарбияи кадрҳо иброз доштааст.
Қобили зикр аст, ки қаблан даври аввали семинарҳои омӯзишӣ бо ташрифи коршиносони мақомоти омори Ҷумҳурии Туркия дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият баргузор гардида, дар он 30 нафар кормандони Агентӣ иштирок намуда буданд. Дар натиҷаи арзёбии сатҳи фаъолият ва иштироки самаранок, 10 нафар кормандони фаъол, ки дар даври аввал иштирок доштанд, барои ҷалб гардидан ба даври навбатии семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳри Анқара аз ҷониби коршиносоне, ки даври аввали семинарро гузарониданд, интихоб шудаанд.