-Ҷаноби олӣ, ман аз Шумо як гила дорам!
Ин муроҷиати Абдулазиз Қодирови 101-сола ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони ноҳияи Шаҳринавро мушавваш кард. Онҳо гумон карданд, ки мӯйсафед аз чизе шикоят мекунад. Сарвари давлат бодиққат ба ин марди нуронӣ, ки лаҳзае қабл, дар бораи иштирокаш дар ду ҷанг – ҷанги Финландия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва гузаштан аз душвориҳову дидани гармиву сардии зиёд дар зиндагӣ ва расидан ба истиқлоли Ватан бо ифтихор қисса мекард, менигарист.
-Гилаи ман ин аст, ки шумо ба ноҳияи мо кам меоед, агар шумо тез-тез ба Шаҳринав оед, бо баракати ташрифи шумо ноҳияи мо обод мешавад.
Баробари садо додани ин ҳарфҳои самимӣ, иштирокчиёни ин вохӯрӣ аз ҷой бархоста, кафкӯбӣ карданд.
-Гилаатон қабул,-даст пеши бар ва бо табассум, посух дод сарвари давлат.
Суҳбати мо бо Абдулазиз Қодиров низ аз мулоқот бо президент оғоз шуд.
-Вохӯрии ман бо Пешвои миллат, ки санаи 1 октябри ду сол қабл зимни сафари кории эшон ба ноҳияи Шаҳринав сурат гирифт, хотирмон аст,-он рӯзро ба ёд меорад, ҳамсуҳбатам. -Баъди вохӯрӣ президент ба наздам омада, дастамро фишурда, гуфтанд “Ман супориш додам. Баъди маҷлис аз номи ман ба шумо туҳфа мебаранд.”. Ҳамон рӯз воқеан, тӯҳфаҳои Пешвои миллат ба хона расид.
Пас аз ёдоварии ин рӯзи таърихӣ аз бобои Абдулазиз хоҳиш кардам, ки хотироти 80 сол қаблро варақгардон кунад...
...Абдулазиз Қодиров пас аз хатми мактаби деҳа ба техникуми омӯзгорӣ дохил мешавад. Он солҳо таҳсил яксола буд. Соли 1938 ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ мекунад. Соли 1939 ӯро ба аскарӣ даъват карданд ва баъди гузаштани тамрини ҳарбии чандмоҳа отряди онҳоро ба ҷанги зидди Финляндия мебаранд.
Соли 1941 Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз мешавад ва Абдулазиз Қодировро дар қатори садҳо ҷанговар ба ҷанги навбатӣ сафарбар намуданд. Ӯ дар шаҳрҳои Керч, Севастопол, Одесса ва Симферопол мардонавор бар зидди фашистони немис меҷангад.
“Ман дар ҷабҳа тирандоз будам. Муҳорибаҳои ҷангӣ пуршиддат идома мекарданд. Баъзан вақт чандин рӯзу шаб аз хандақҳо баромада наметавонистем. Агар аз хандақ бароем, самолёти немис моро бомбаборон мекард. Аз дохили ҳамин хандақҳо ман се самолёти душманро зада афтондам”–бо ифтихор нақл мекунад, ӯ.
Ӯ аз майдони ҷанг зуд-зуд ба падару модараш нома менавишт ва аз саломатии худ онҳоро хабардор мекард, вале боре чунин иттифоқ афтоду хати сиёҳаш омад.
“Ҳангоми ҷанг дар ноҳияи Камеланами Симферопол аз ду дасту як поям захмӣ шудам. Чанд вақт беҳуш хоб меравам. Маро мурда пиндошта, гузашта мераванд ва ба хонаамон хати сиёҳ мефиристанд, ки фарзанди шумо се самолёти немисро тарконида, мардонавор ҳалок шуд…” – бо табассум, он рӯзҳоро ба ёд меорад.
Хабари марги ӯ дили модару падаррро садпора кард. Аҳли оила ба қароре омаданд, ки маросимҳои ҳафту чили Абдулазизро мегузаронанд.
Идомаи қиссаро бобои Абдулазиз чунин нақл мекунад:
“Чанд муддат беҳуш будам, як вақт садои омадани аробаро шунидам. Бедор шуда дидам, ки дар паҳлӯям як ҷанговари ҷавони рус беҳуш хоб аст. Ҳис кард, ки ӯ ҳам зинда аст. Ароба равон буд. Чашмамро кушода аз марде, ки моро мебурд, пурсидам:
-Моро ба куҷо мебарӣ?
-Ман шуморо то назди поезд мебарам, пас ба ягон беморхона бурда табобататон мекунанд.”
Аробакаш онҳоро ба назди поезд мерасонад. Поезд беморонро ба Керч меорад. Захмиёнро дар он ҷо се моҳ табобат мекунанд. Пасон онҳоро ба воситаи пароход ба шаҳри Сочи мефиристанд, чунки дар Керч ярадорон хеле зиёд мешаванд. Дасти рост ва пойи рости Абдулазизро гаҷбандӣ (гипс) шуда буд, ӯ қариб ҳаракат карда наметавонист. Дере нагузашта, госпитали Сочӣ ҳам аз ярадор пур мешавад ва Абулазизи маҷрӯҳро, ки хеле беҳтар шуда буд, ба Қаршӣ интиқол доданд.
Дар госпитали Қаршӣ, вақте дасту пойи Абдулазизро аз гипс кушоданд, ӯ зуд ба падару модараш мактуб менависад...
“Баъди чанд рӯзи мактуб фиристоданам падару модарам, додарам ва амакҳоям ба дидорбиниам омаданд. Онҳо зор-зор мегиристанд, ман ҳайрон будам. Баъдан фаҳмидам, ки онҳо кайҳо маро мурда гумон мекардаанд”,–мегӯяд бобои Абдулазиз.
Баъди табобат гирифтану шифо ёфтан Абдулазиз ба деҳа баргашт ва касби омӯзгориашро давом дод. Баъди шаш моҳ боз даъватнома омад, ки бояд ба ҷабҳа баргардад, аммо ҳамон замон фармони И.В. Сталин баромад, ки омӯзгорон ба ҷанг нараванд, чунки дар ақибгоҳ муаллимон намерасиданд.
Абдулазиз Қодиров, дар баробари кор дар мактаби деҳа, соли 1957 факултаи географияи Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ғоибона хатм намуд. Баъдан, соли 1961 факултети таърихи ҳамин донишгоҳро ғоибона хатм кард. Соҳиби ду маълумоти олӣ гардида, 47 соли умри бобаракати худро сарфи донишомӯзии хонандагон кард. Дар давоми ин солҳо садҳо шогирд аз ӯ сабақ омӯхтанд. Соҳиби унвони «Аълочии маорифи ҶТ» мешавад. Соли 1989 ба нафақа мебарояд.
Имрӯз ҳам бобои Абдулазизи 103-сола ба таълиму тарбия машғул аст, ба таълиму тарбияи наберагону аберагонаш, ки шуморашонро намедонад. “8 фарзанд дорам, набераву абераам беҳисоб. Ҳанӯз ҳам бекор нестам, онҳоро сардорӣ мекунам, ки корҳои хонаро ба сомон расонанд. То қалбам метапад, вазифаи инсонии худро иҷро кардан мехоҳам” – мегӯяд, номбурда.
Одил Нозир