Commerc banl
Иштибоҳи писар (ҚИСМИ 4)
366

Собирҷон рӯзе дар назди дарвоза истода буд, ки ҳамсояаш - холаи Санам дар даст нони гарм наздаш омад. Холаи Санам ба рӯйи ӯ нигариста, бо афсӯс гуфт, ки Собирҷон, шаби охир модарат ба назди ман баромада буд ва мегуфт, ки дилаш барои ту хеле танг шудааст. Мехост ба ту занг занад, вале метарсид, ки Гулчеҳра хашмгин мешавад ва миёни шумо ҷанҷол меафтад.

Собирҷон бо шунидани ин суханон сарашро ба девор такя дод, ба назараш чунин расид, ки гӯё тамоми олам ба сараш фурӯ рехта, зери ин бори гарон устухонҳояш реза-реза мешаванд. Фаҳмидани он ки модараш ҳатто дар лаҳзаҳои танҳоӣ ва тарс бештар аз роҳати худ дар фикри оромии оилаи писараш будааст, хеле дарднок ва аламовар буд.

Дар ҳамин асно, дар гӯшаи дигари шаҳр Гулчеҳра дар хонаи боҳашаммати волидайнаш танҳо нишаста, дарк менамуд, ки дигар ба касе даркор нест.

Рӯзе дар як маъракаи калон иштирок карда, миш-миши занҳоро шунид, ки дар бораи Собирҷон ва хидматҳои ӯ ба пиронсолон бо ҳам суҳбат мекунанд. Яке аз онҳо гуфт, ки Собирҷон марди ҳақиқист, ки барои гуноҳаш тавба кардааст, вале занашро Худо набахшад, ки сабаби ҷудоии онҳо шуд.

Ин суханон мисли нештар ба дили Гулчеҳра халиданд.

Гулчеҳра бо табъи хира ба хона баргашта, ба оина нигоҳ кард ва дар он занеро дид, ки ҷавонӣ ва зебоиашро бар ивази сангдилӣ бохтааст. Шабҳо хоб надошт. Ба ёд меовард, ки чӣ тавр бо маслиҳати модараш Собирҷонро зидди модари пираш шӯронида буд. Ӯ акнун мефаҳмид, ки пулу мол, ному мақом ва тилову ҷавоҳирот ҷойи як дуои хайри модарро гирифта наметавонанд. Пушаймонӣ мисли заҳри қотил дар вуҷудаш паҳн мешуд ва эҳсос мекард, ки лаънати он кампири бегуноҳ ӯро гирифтааст.

Рӯзе Гулчеҳра бо умеди охирин ба ҳавлии кӯҳна омад ва Собирҷонро дид, ки бо либосҳои одӣ машғули об додани гулҳо буд. Гулчеҳра бо овози ларзон гуфт, ки маро бубахш, Собирҷон, ман акнун фаҳмидам, ки чӣ кор кардам.

Собирҷон бидуни он ки ба ӯ нигоҳ кунад, оромона ҷавоб дод, ки ман туро бахшидам, вале оё ту худатро бахшида метавонӣ ва илова кард, ки мо ҳарду қотили меҳр будем ва акнун бояд бо ин бори вазнин то охири умр зиндагӣ кунем.

Гулчеҳра гирён аз ҳавлӣ баромад. Ӯ фаҳмид, ки роҳи бозгашт нест ва пушаймонӣ ягона чизест, ки то охири умр ҳамсафари ӯ хоҳад буд.

Собирҷон бошад, дар ҳавлӣ монд, то бо хидмат ба дигарон ва дуову тавба, шояд рӯзе оромии гумшудаашро биёбад. Ҳарду зинда буданд, вале пушаймонӣ барояшон аз ҳар марге вазнинтар буд, зеро онҳо бояд ҳар рӯз бо ин хотираҳои талх рӯ ба рӯ мешуданд. Онҳо фаҳмиданд, ки дар ин дунё ҳама чизро бо пул харидан мумкин аст, ба ғайр аз фурсати дубора барои гуфтани як калимаи одӣ: Модар, маро бубахш. Пушаймонии онҳо абадӣ шуд, зеро дарвозае, ки аз он бахшиш мепурсиданд, барои ҳамеша баста шуда буд.

Фоҷиаи онҳо на дар марги модар, балки дар он буд, ки онҳо зинда монданд, то ҳар рӯз бо ин бори гарон рӯ ба рӯ шаванд. Собирҷон дар он ҳавлии кӯҳна ҳар шом ба садои шамол гӯш медод ва гумон мекард, ки ин рӯҳи модараш аст, ки ҳанӯз ҳам барои ӯ дуо мекунад. Гулчеҳра бошад, дар миёни тилову ҷавоҳироташ бадбахтона зиндагӣ намуда, дарк мекард, ки дурахши ҳамаи ин зару зевар дар назди як лабханди беғаразонаи модар ҳеҷ аст.

Ин қисса ҳушдорест барои ҳар касе, ки имрӯз волидайнаш дар қайди ҳаёт ҳастанд. Пушаймонӣ баъд аз марг танҳо як садои холӣ дар биёбон аст. Меҳри модар мисли офтоб аст, вақте ки ҳаст, мо ба гармии он аҳамият намедиҳем, вале вақте ки ғуруб мекунад, тамоми ҷаҳон дар назарамон торику сард мегардад.

Зиндагӣ барои Собирҷон ва Гулчеҳра дарси талхе шуд, ки қиматаш хеле гарон буд. Онҳо фаҳмиданд, ки бахшишро бояд то он даме пурсид, ки гӯше барои шунидан ва диле барои бахшидан метапад. Дарвозаи бахшиш, ки бо марг баста шуд, дигар бо ҳеҷ калиде кушода намешавад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД