Утоқи кории Собирҷон ҳамеша бӯйи атри гаронбаҳо дошт. Ӯ сардори идораи банақшагирӣ буд ва ҳар дақиқаи умрашро мисли ҷадвалҳои иқтисодӣ ҳисоб мекард. Аммо дар ин ҷадвалҳо барои модараш - холаи Саломат ҷой намонда буд. Модар дар ҳавлии канори шаҳр мисли як дарахти кӯҳансоли фаромӯшшуда яккаву танҳо зиндагӣ мекард. Собирҷон бо таъсири ҳамсараш Гулчеҳра, ки дунёро танҳо аз равзанаи тилову завар медид, модарро ба гӯшаи фаромӯшӣ афканда буд.
Гулчеҳра рӯзе ҳангоми субҳона ба Собирҷон нигоҳ карда, гуфт, ки модарат дар ҳавлии калон танҳост ва беҳтар аст, ки мо онро фурӯхта барояш як хонаи якҳуҷрагӣ гирем.
Собирҷон аввал каме дудила шуд, вале баъд бо ишораи сар розӣ шуд. Ӯ фикр мекард, ки роҳати модар дар пулу ғизо аст, на дар дидор.
Як рӯзи ҷумъа Собирҷон ба хабаргирии модар рафт. Кампир дар рӯйи кати кӯҳна нишаста, бо дастҳои ларзонаш ҷомаи кӯдакии писарашро даст мекашид. Модар ба писараш нигоҳ карда, гуфт, ки Собирҷон, ман пул намехоҳам, фақат шабҳо аз тарс хобам намебарад, деворҳо бо ман гап мезананд.
Собирҷон бо айнакҳои тилоии худ бозикунон посух дод, ки очаҷон, ман одами банд ҳастам, барои шумо беҳтарин парасторро ёфтам, ӯ ҳама корро мекунад.
Модар хомӯш монд. Ӯ фаҳмид, ки писараш акнун на бо дил, балки бо ҳисобу китоб гап мезанад.
Шоми дигар дар хонаи Собирҷон меҳмонҳои олирутба ҷамъ омада буданд. Гулчеҳра бо либосҳои абрешимин дар байни меҳмонон мерақсид. Дар ҳамин лаҳза телефони Собирҷон дар утоқи дигар занг мезад. Модар буд. Холаи Саломат ҳис мекард, ки касе дар ҳавлиаш мегардад. Ӯ бо тарсу ларз тугмаҳои телефонро пахш мекард. Собирҷон зангро дид, вале ба худ гуфт, ки ҳатман модараш боз барои ягон чизи майда-чуйда занг мезанад ва телефонро ба гӯшае партофт.
Дар ҳамон лаҳзаҳо се ҷавони ниқобпӯш, ки гумон доштанд писари ин кампир пули зиёдеро дар хона пинҳон кардааст, вориди ҳуҷра шуданд. Яке аз онҳо бо хашм ба сари кампир омада талаб кард, ки калиди сандуқро диҳад. Модар аз дидани корд ва ниқобҳои сиёҳ чунон тарс хӯрд, ки нафасаш дар гулӯяш печид. Ӯ танҳо тавонист номи писарашро зери лаб бигӯяд. Вақте ҷавонон даҳони ӯро бо матои ғафс бастанд, дили заифи кампир тоб наовард. Ӯ дар рӯйи ҳамон ҷойнамозе, ки барои писараш дуо мекард, ҷон дод.
Роҳзанон вақте диданд, ки кампир дигар нафас намекашад, бо дастони холӣ аз девор парида гурехтанд.
Субҳи барвақт парастор ба хона омада, ҷасади сардро ёфт. Вақте Собирҷон ба ҳавлӣ расид, аллакай кормандони милитсия дар он ҷо буданд. Ӯ ба чеҳраи модараш нигоҳ кард, ки ҳатто дар ҳолати марг ҳам осори интизорӣ дар чашмонаш боқӣ монда буд. Яке аз милисаҳо ба Собирҷон нигоҳ карда гуфт, ки модаратон шаб бист маротиба ба шумо занг задааст, чаро ҷавоб надодед. Собирҷон мисли ҳайкали сангин хомӯш буд. Ӯ фаҳмид, ки ҳисобҳои зиндагиаш ин дафъа хато баромаданд ва ӯ қиматтарин дороиашро дар ивази як зиёфати шабона бохтааст.
Собирҷон дар курсии чӯбини айвон нишаста буд ва ба ангуштони худ нигоҳ мекард. Дастони ӯ, ки ҳамеша бо худқалами гаронбаҳо варақҳои ҳисоботиро имзо мекарданд, акнун меларзиданд.
Гулчеҳра дар кунҷи дигари ҳавлӣ бо рӯймоли сафед истода буд, вале ашки ӯ бештар ба намоиши як ҳунарпешаи театр мемонд. Ӯ гоҳ-гоҳ ба Собирҷон наздик шуда, бо овози паст мегуфт, ки худро азоб надиҳад, зеро ин тақдири илоҳӣ буд ва касе аз марг гурехта наметавонад.
Дар ин вақт афсари калони милитсия, ки марди солхӯрда ва ботаҷрибае буд, аз ҳуҷраи кампир баромад. Ӯ дар даст телефони кӯҳнаи холаи Саломатро дошт. Афсар ба Собирҷон наздик шуд ва бе ягон муқаддима гуфт, ки модаратон дар лаҳзаҳои охирин на барои наҷоти худаш, балки барои огоҳ кардани шумо талош кардааст. Ӯ илова кард, ки охирин паёми нотамоми модар дар телефон чунин буд: Бачаам, эҳтиёт шав, дарро маҳкам кун.
Собирҷон бо шунидани ин суханон гӯё аз дохил фурӯ рехт. Модар ҳатто дар зери дасти қотилон дар фикри амнияти писари бепарвояш буд.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН