Ишқи сари роҳ
Аз курси якум дар шуъбаи ғоибона хонда пас аз дарсҳо дар мактаб муаллима шуда кор мекардам. Рӯзе бо як кори муҳим ба шуъбаи маориф равон будам, ки тангемчае дар наздам истод. Дар мошин ба ғайр аз ронанда дигар касе набуд. Аввал аз нишастан ба ин мошин ҳаросида бошам ҳам, суханони меҳрубонони ронанда, ки бисёр боодобона гап мезад, маро ба савор шудан моил намуданд. Раҳораҳ ин ҷавони зебо ҳар дам аз оинаи мошинаш ба ман нигариста зери лаб табассум мекард. Чанд каси дигар даст бардошта бошанд ҳам, ронандаи тангем дигар одам нагирифта, маро то ҷойи даркорӣ расонд ва роҳкироро аз дастам нагирифта гуфт: «Духтари хола, росташро гӯям, ту ба ман маъқул шудӣ. Зангирам, рақами телефоната те, чақ-чақ мекунем, баъд отаю очама хонатон хостгорӣ равон мекунам…» Азбаски аслу насаби ҷавонро намедонистам, хоҳишашро рад намуда аз мошин фаромадам. Гумон доштам, ки тақдир дигар маро бо ин Маҷнуни сари роҳ ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ намесозад, вале…
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад
Аз байн чанд сол гузашт. Дар ин миён ман донишгоҳро хатм намуда, соҳиби диплом гаштам, вале бо сабаби кам будани маоши омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисосам кор накарда, дар бозор савдо мекардам. Рӯзе дар дӯкон аз бекорӣ газета хонда нишаста будам, ки ҷавоне аз дар даромад ва синчакорона сар то пойи маро аз назар гузаронида пурсид:
-Мебахшед, шумо ҳамон муаллимае нестед, ки ман бо тангем то шуъбаи маориф бурда будам?
Дар симои ин ҷавон ронандаи ошнояшро шинохта гуфтам:
-Бале, ман ҳамон муаллима ҳастам.
-Ана дидӣ, куҳ ба куҳ намерасаду одам ба одам мерасад!-Хурсандона нидо кард ҷавон, ки Беҳрӯз ном дошт, вале аз чӣ бошад, ки ба ӯ Сай лақаб гузошта буданд.
Ҳамин тавр суҳбатамон тасфид ва Сай лоф зад, ки гӯё маро хеле кофта бошад ҳам, суроғаамро аз ягон ҷо наёфтаасту ночор духтари холаашро ба занӣ гирифтааст. Духтарчадор шуданашро фаҳмида, ман ӯро муборакбод намудам ва ба Сай бахти сафед хоста хайрухӯш намудам, аммо рӯзи дигар ин ҷавони хира боз дар пеши дӯконам пайдо шуд. Дар дасташ як симкорти нав буд. Ба ҷону ҳолам намонда симкортро ба дастам дод ва таъкид намуд, ки бегоҳ ба ман занг мезанад, албатта гӯширо бардорам, чунки як гапи бисёр муҳим дорад.
Зане, ки палонҷ меҷуст
Бегоҳ нав хӯроки шомро хӯрда будем, ки телефонам занг зад. Гӯширо бардошта овози Сайро дарҳол шинохтам. Пас аз аҳволпурсӣ вай сари мақсад омада гуфт:
-Зани ман касал аст, духтурҳо ба вай бо мард алоқа карданро манъ кардаанд. Барои ҳамин ман бояд зани дуюм бигирам, агар розӣ бошӣ, туро ба никоҳам медарорам.
Суханҳояшро макру ҳиллаи марди зандор ҳисобида розӣ нашудам. Беҳрӯз дид, ки ман ба гапаш бовар намекунам, ҳамсарашро садо карда телефонро ба ӯ дод. Гумон кардам, ки ҳозир занаш бо ман ҷанг мешавад, вале ғайри чашмдоштам ҳамсари Сай бисёр меҳрубонона сухан карда, тасдиқ намуд, ки вай дар ҳақиқат бемор аст ва мехоҳад шавҳарашро зан диҳад. «Сай пеш аз маро ба занӣ гирифтан шуморо дӯст медоштааст, барои ҳамин ман мехоҳам, ки ӯ ягон бегонаро не, ишқи аввали худашро ба занӣ гирифта орзую ормонашро шиканад»,- гӯён, ҳамсари тангемчӣ бо ман хайрухуш кард.
Хостгори булаҷаб
Аз байн як ҳафта гузашт. Дар ин миён Сай чанд маротиба ба ман занг зада, пешниҳоди хонадоршавӣ карда бошад ҳам, розигӣ надодам, аниқтараш метарсидам, ки падару модарам хостгории марди зандорро қабул намекунанд. Рӯзе дар дӯкон будам, ки зани ношиносе аз дар даромад ва бо табассум ба ман нигариста пурсид:
-Зарина шумоед?
Занро мизоҷи навбатӣ пиндошта гуфтам:
-Бале, чӣ мехостед?
-Ман зани Сай, шуморо хостгорӣ кардан омадам,-Ҷавонзан рост ба чашмонам нигариста афзуд,-Заринахон, парво накунед, зарур шавад, худам ба назди падару модаратон рафта, ҳамаашро мефаҳмонам…