Ҳамин тавр ман бо Ганҷина ошно шудам, ҳамон бегоҳ ӯро то назди бинои истиқоматияш гусел кардам. Акнун ҷойи кори ӯро, ки дар як вазорати бонуфуз буд, медонистам ва ҳар бегоҳ пешвозаш мегирифтам, ман ба ин зани нозанин аз ҷону дил ошиқ шуда будам, вале дар рӯ ба рӯяш инро гуфта наметавонистам, ӯ ҳам бо ман мисли як дӯст муносибат мекард…
Ишқи нобаробар
Ман аллакай дар бораи ҳаёти Ганҷина чизҳои зиёдеро медонистам, ӯ зани дуюми як мансабдор будааст ва баъди марги ӯ ду духтару як писарашро худаш ба воя расонидааст. Шавҳараш барои ҳар фарзандаш хона харида монда будаасту Ганҷина онҳоро хонадор карда, калиди хонаҳояшонро ба дасташон додааст, худаш бошад, танҳо зиндагӣ мекунад. Писараш дар Аморати Мутаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекардаасту хоҳаронашро бо домодҳояшон, ки яке писари амак ва дигаре писари аммааш аст, назди худ хондааст. Танҳо Ганҷина зиндагӣ дар диёри бегонаро ба калла нагирифтааст…
Вақте бо баҳонае рақами телефони Ганҷинаро гирифтам, баъд телефонӣ ба ӯ изҳори ишқ кардам. Ӯ аввал маро хеле носазо гуфт, алфонсам хонд, чӣ гапҳое, ки нагуфт…
Вале ман шаш моҳ шабу рӯз аз пушти вай давидаму оқибат дилашро ёфтам. Дилёбии чӣ, вай розӣ шуд, ки бо ман гап занад. Барои ман ҳаминаш кифоя буд, оҳиста-оҳиста меҳрубониҳои ман ба дили ӯ кора карданд, аммо як чизро ҳамеша пеши рӯям меовард, ки вай аз ман сездаҳ сол калон аст. Ду соли дароз мо фақат сӯҳбат мекардем, ман ҳатто дасти вайро нақапидаам, аммо ҳамин ишқ маро ба зиндагӣ дилгарм мекард, кӯшиш мекардам марде шавам, ки зани дӯстдоштаам аз ман шарм надорад.
Барори кор
Ман ҳеҷ вақт алофонс набудам ва аз Ганҷина, ки зани ба худаш тинҷи пулдор буд, ҳатто тӯҳфаеро қабул накардам. Ганҷина баъзан мегуфт, ки ман он қадар тӯҳфаҳои қимматбаҳоро дидаам, ки чашмам сер аст, ба ман самимият лутфу меҳрубонӣ намерасад. Ман ӯро дӯст медоштам ва бе гуфти худаш ҳам лутфу меҳрубониро аз сараш мерехтам. Дар иду ҷашнҳо ба ҷону ҳолаш намонда, барояш тӯҳфаҳои қимматбаҳо мехаридам.
Ба тиҷорате машѓул шудаму корам омад кард, аввал хона, баъд мошин харидам. Пеш рафтам, модарам ҳар гоҳи ба ноҳия рафтанам ашк мерехт, ки зан бигир, инро ба Ганҷина гуфтаму ӯ модарамро дастгирӣ карда гуфт, ки ту бояд зан гирӣ, вале дили ман моли ӯ буд.
Пас аз панҷ соли шиносоиямон Ганҷинаро ба никоҳам даровардам ва аз ман хушбахттар марде дар олам набуд. Ба фарзандону пайвандони ӯ шинос шудам, онҳо аввал издивоҷи моро хуш қабул накарданд, аммо баъдҳо бо ман унс гирифта ошно шуданд. Духтару писарам донишҷӯ шуданду ба пойтахт омаданд, барои онҳо низ хона харидам. Ганҷина мегӯяд, ки як хонаи дигар низ харидан лозим то ҳарду фарзандат бо хона таъмин бошанд. Падару модару пайвандони ман бо Ганҷина муносибати хуб доранд. Инак, шаш сол боз ман бо ҳамсарам зиндагии хушу хурсандона дорем. Ман ҳама пешравиҳоямро аз баракати ишқи ҳамсарам медонам, танҳо ба хотири ба ӯ маъқул афтодан ман ҷаҳду талош мекардам.
Намедонам чаро дар ҷомеаи мо ин гуна издивоҷҳоро ба танз мекашанд ва мардонеро, ки бо зани аз худашон калон зиндагӣ доранд, таҳқир мекунанд. Ишқ сарҳаду ҷуѓрофиёву синну солро намепазирад, бовар кунед…
Насибҷон
Таснифи Рухсора Саид