Лола акнун ба шери жаён табдил ёфта, бо шавҳараш муносибаташ мисли аввала набуд. Миёни онҳо як деви рашки сиёҳ рахна кард.
Шамшод ҳис кард, ки Лола тағйир ёфта, гоҳо бесабаб аз хона ба куҷое баромада дер ба хона меояд. Дили Шамшод аз ин гумони бад бурда, аз паси ҳамсараш поида мегаштагӣ шуд.
Бегоҳие ба Лола занг зада гуфт, ки имшаб ба хонаи ӯ намеояд. Лола бошад, чун ҳардафъаина ҷанҷол набардошта, гуфт, ки боз беҳтар. Шамшод аз ин рафтори сарди Лола пай бурд, ки таги коса нимкосаест. Барои ҳамин ноаён ба назди бинои истиқоматии Лола зиндагӣ мекардагӣ омад. Баъди ягон ним соат Лола мисли ҳамешагӣ ороставу хеле зебову муаттар аз хона баромада, ба истгоҳ омад. Дар истгоҳ мошини мӯди нави «Мерседес» интизори Лола меистод. Шамшод аз рашк девонавор аз мошинаш фаромад. Аммо мошин дар як сония аз назар нопадид гашта, ба сӯйи самти роҳи шаҳр равона гардид. Шамшод ба рақами телефони мобилии Лола пайи ҳам занг задан гирифт. Аммо Лола телефонро хомӯш кард. Шамшод акнун фаҳмид, ки дар интихоби зани дувум хато кардааст. Аммо дили омӯхтаву шайдояш аз рашк месӯхту месӯхт. Аз рашк ба ҳама кор қодир буд Шамшод. То субҳ ӯ назди дари хонаи Лола истод. Лола субҳи солеҳон бо чашмони сурху аз хоб накардан варамида ба хона баргашт. Дар назди бинои истиқоматӣ мошини Шамшодро диду аз тарс дар ҷояш карахт шуда монд. Шамшоди банди рашк худро бепарво нишон дода, ба назди Лола омада, гуфт, ки ӯро сахт ёд кардаасту ба диданаш омадааст.
- Чаро телефонатро набардоштӣ, сахт хавотир шуда омадам.
- Ба хонаи хоҳарам рафта будам.
- Тинҷӣ буд?
- Тинҷӣ, каме писарчааш бемор шудааст.
Онҳо паси ҳам ба хона ворид шуданд. Шамшод дарро қулф карду аз мӯйҳои дарози Лола кашида, дод зад:
- Канӣ бигӯ, бо кӣ будӣ?
- Кори ту чӣ?
- Ман шавҳари никоҳиат.
- Баъд чӣ? Ту ку боз зан дорӣ, ман ҳам ҳақ дорам, ки ба ғайри ту боз маъшуқ дошта бошам.
- Чӣ гуфтӣ, ман туро мекушам.
Шамшод аз қаҳру ғазаб худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр аз гулӯи Лола дошту сахт ба девор зер карда, ҳақораташ кард. Лола нафасаш гирифта, зорӣ кард, ки ӯро сар диҳад. Аммо Шамшод банди рашк боз гулӯи ӯро сахттар фишурд. Лола мисли мурғи нимбисмил як патаррос заду ба замин афтод. Аз ин ҳолат якбора Шамшод тарсиду ӯро аз замин бардошт. Аммо Лола дигар нафас намекашид. Шамшод дили ӯро маҳс карда, аз даҳонаш оби сард оварда рехт. Вале, Лола тамоман намеҷунбид.
… Наход мурда бошад…,- аз дил гузаронид Шамшод. Акнун қалбашро рашк неву тарс ҷойгузин шуд. Ҳеҷ гумон надошт, ки рашкаш ба одамкушиву қотил гаштани ӯ оварда мерасонад.
- Худоё, наход ман ӯро кушта бошам? Худочонам, кумак кун, ӯро ба ҳуш биёрам.
- Лолаҷони ман, худатро ба мурда наандоз, илтимос мекунам.
- Лолаҷонам, хез, майлаш, чӣ коре мекунӣ, кун, фақат намур.
Аммо ҷисми Лола баъди соате сард гашт. Шамшод болои сари Лола то нисфишабӣ оҳ кашида нишаст. Шабона ҷасади ӯро ба қолини калоне печонида, ба сарпӯши қафои мошинаш бурда гузошт. Ба лаби дарёи Кофарниҳон расиду ҷасадро гирякунон партофт. Сипас ба хона омада, ба ташноб даромад ва оббозӣ кард. Гулноз бо шиками дамида наздаш омада, пурсид, ки гушна аст ё сер.
- Дафъ шав аз пешам. Аз боиси ту шуда Лоларо аз даст додам,- дод зад Шамшод.
Ин охирин сухане буд дар зиндагии бемеҳронаи ӯ нисбати ҳамсараш. Гулноз ашки чашмонашро тоза карда, барои шавҳараш ҷогаҳ андохт. Шамшод ишора кард, ки ӯ танҳо хобидан мехоҳад. Шамшод пеш аз ба хона баргаштанаш аз дорухона рафта як қуттӣ доруи хобовар хариду ҳамаи онро бо як чойник чой фурӯ бурд. Сипас ба ҷогаҳи марг даромада, аз худованд зориву таввало карда, ба хоби ширин фурӯ рафт.
Шарифа аввал гумон кард, ки додарашро шояд Гулноз ё Лола заҳр дода кушта бошанд. Аммо баъди гум шудани Лола дарк кард, ки ин ҷо дигар гап аст. Бародарон хостанд, ки ҷасади Шамшодро аз нав аз гӯр бароварда, мавриди таҳқиқи экспертиза қарор диҳанд. Аммо номаи навиштаи Шамшод садди роҳи онҳо гашт. Шамшод шаби худкушиаш дар таги болишташ нома пинҳон карда буд. Дар нома навишта буд ӯ: «Ба марги ман касе гунаҳкор нест, ба ҷуз он ки аз рашк рафта дар хонааш Лоларо куштам».
Ҳамсояи наздики Лола ба Шарифа нақл кард, ки ҳамон шаб мошини Шамшодро дидааст, ки то субҳ назди бинои истиқоматӣ интизор истодааст.
Шарифа ба кӯдакони сағирмондаи додари меҳрубонаш нигариста, ашкрезон мегуфт: оҳ ишқи хонасӯз, хонаи додарамро сӯхтӣ…
Шаҳлои НАҶМИДДИН