Пас аз рафтани шавҳарашу тариқи адвокат аз ў ҷудо шудан, падари фарзандонаш гуфт, ки “то калон шудани кўдакон дар ҳамин хона зиндагӣ карда гард”.
Наҷиба шаш моҳ ба худ наомад, танҳо нигоҳи маъсуми тифлаконаш, ки яке чор ва дигаре панҷ сол доштанд, ўро ба зиндагӣ баргардонд. Ў медонист, ки агар ками дигар ҳамин ҳолаташ давом кунад, дигар наметавонад аз ҳолати изтироб барояд. Хатари ба хонаи бачаҳо афтодани кўдакони маъсумаш низ ҷо дошт. Як рўзи боронии Маскав зан аз ҷой бархоста, хонаву дари чангзеркардаашро тоза кард ва барои кўдаконаш шавлаи дўстдоштаашонро пухту чун онҳоро хоб бурд, ширинии зебое пухта, субҳи барвақт дар тақсимчае гирифта, ба хонаи кампири Юля даромад. Ин пиразан солҳо дар соҳаи савдо кор карда, бо Наҷиба дўстони ҷонӣ буданд. Зан бори аввал пеши кампираки меҳрубон қиссаи дилашро бо гиря нақл карду гуфт, ки мехоҳад коре ёбад. Кампир дарҳол гуфт:
- Ман дуртар аз бинои истиқоматиямон қаҳвахонаеро медонам, ки соҳибаш тоҷик аст. Ҳамеша аз он ҷо кулчақанд мехарам, борҳо сари як финҷон қаҳва бо Фарҳод сўҳбат оростаам. Ҳамин рўз рафта, аз ў хоҳиш мекунам то туро ба кор гирад, то тахт шудани ҳуҷҷатҳои кўдаконат барои боғча метавонӣ дар хона ширинӣ пухта барӣ. Ягон қанноди рўйи дунё мисли ту пазанда нест духтарам, ғами беҳуда нахўр! Саша (кампир Соҳибро ҳамин тавр ном мебурд) барои ин кирдораш назди Худо ва фарзандонаш ҷавоб медиҳад!
Зиндагии Наҷиба баъди ба кор баромаданаш тамоман дигар шуд. Бо ёрии Юля-хола кўдаконашро ба боғчаи дар наздикии ҷойи кораш буда гузошт, худаш бошад, ҳамчун қаннод дар қаҳвахонаи Фарҳод ба кор шурўъ кард. Фарҳоди тоҷик дар синни шонздаҳсолагӣ аз дасти падарандари ҷоҳилаш фирор намуда, дар ин ғарибӣ роҳи худро меёбад. Баъдҳо бо духтари русе хонадор мешавад, ҳамсараш ки бемории дил доштааст, ҳангоми тавуллуди нахустфарзандашон ин дунёро падруд мегўяд. Шукронаи ягонаашро худаш танҳо ба воя мерасонад. Духтараш Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, ба ҳамсабақи тотораш хонадор мешавуду ҳоло ҳарду дар Олмон зиндагӣ мекардаанд. Фарҳоди чилучорсола дигар ёди оиладорӣ намекунад. Вақте Наҷиба ба Фарҳод, ки наздиктарин дўсташ шуда буд, дар бораи шавҳараш нақл кард, аз беномусии чунин мард дар ҳайрат мемонд. Оҳиста –оҳиста Наҷиба ба худаш аҳмият медодагӣ шуд. Оқибат лоғар шуду ба ҳусни худодаш ҳусни дигар зам шуд. Зебо либос пўшидан, ба худаш аҳамият додану ба салонҳои зебоӣ рафтанаш ба хотири дили худаш бошад ҳам, аммо Фарҳод ба ҳамватани нозанинаш дил баст ва ба ў таклифи издивоҷ кард. Наҷиба зуд розӣ нашуд, вале Фарҳод бо хушсуханӣ дили ўро ёфт ва баъди хонадор шудан Адиба ва Сурушро ба фарзандӣ хонд. Наҷиба меҳрубонии Фарҳодро нисбати фарзандонаш дида, Худоро шукр мекард, ки дар ин мулки ғарибӣ Худованд онҳоро хор накард. Вақте падару модари Наҷиба номардии домодашонро фаҳмиданд, ба ў гуфтанд, ки ба хотири фарзандонаш мубориза бараду шавҳарашро баргардонад. Зеро дар зоти онҳо касе аз шавҳараш ҷудо шуда, ба хонаи шавҳар барнагаштааст. Наҷибаро баъди ин сухан дасту пояш аз замину осомон канда шуданд, вале Худованд ба ў такягоҳе фиристод. Ў пеш аз ба хонаи Фарҳод рафтан, номае навишт ба ин мазмун:
- Салом Соҳиб, ман имрўз ба шавҳар баромадам. Фарзандонамро гирифта, хонаи туро тарк кардам. Чӣ хеле дидӣ, то калон шудани онҳо низ сабр накардам. Зинда бошӣ!
Соҳиб гумон дошт, ки ду сол гузашта бошад ҳам, Наҷиба ўро бо оғўши кушод пешвоз мегирад. Фикр мекард, ки бигзор фарбеҳу безеб бошад, ба худаш аҳмият надиҳад, аммо зани ҳалолу покизаи худам аст. Гул дар давоми ду сол мардро муфлис кард, мағозаҳо ва пули барои хона ҷамъ кардааш аз даст рафт, зани макор дид, ки Соҳиб бепул монд, бо марди турке шинос шуда, ба Туркия рафт…
Соҳиб дари хонаашро зад, аммо касе онро накушод, калиди барои рўзи мабодо пинҳон кардаашро кофта ёфту дарро кушод. “Бечора калидро ҳам иваз накардааст” гуфт бо алам. Аммо ба хона даромаду фаҳмид, ки чанд сол ин ҷо касе зиндагӣ накардааст, дар рўйи мизи ошхона номаи чангзеркардаро ёфта хонду мисли кўдак гирён шуд…
Рухсора САИД