Sebiston new 2024 october
Ишқи шаттоҳбону
2252

 

Салом ба аҳли қалам ва хонандагони ҳафтавори дӯстдоштаи аҳли хонадони мо «Оила». Мо аз рӯзҳои аввали нашр шуданаш ин нашрияи сабақомӯзро мехонем ва қиссаҳояшро байни ҳам муҳокима мекунем. Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе мерасаду ба суроѓаи он нома менависам, вале мехоҳам қиссаи зиндагии додарамро рӯи саҳифа бирезам. Додараки хушқади зебои босаводу кордон, аммо дар ҳаёт роҳи худ наёфтаамро…

 

                               Бачаи раис

Падари ман раиси колхоз буд ва мо даҳ нафар дар домани модари азизамон ба воя расидаем, зеро падарам кори бисёре доштанд. Падару модарам чор духтар ва чор писарро дар рӯҳияи меҳру муҳаббату инсондӯстӣ ба воя расонидаанд. Чун аввал чор духтар ба дунё омад, ба дунё омадани додарам Ворис барои аҳли хонаводаамон тӯй буд, мо ӯро эрка мекардему дӯст медоштем. Баъд додарони дигарам ба дунё омада бошанд ҳам, Ворис байнашон дигар аст. Ман фарзанди калонии хонадонам ва бо додарам ҳамдаму ҳамроз. Мо ягон сирри аз ҳам пинҳон надорем, додарам мактабро бо баҳои аъло хатм намуда, Донишгоҳи миллиро ба ҳайси иқтисоддон хатм карда, дар Душанбе монд. Падарам пули бисёр дошта бошанд ҳам, чанд бор ба пойтахт хонахарӣ рафтанду нахарида баргаштанд. Ҳамин тавр пулҳои шӯравӣ аз байн рафтанд ва додарам дар пойтахт як умр дар хонаи иҷора монд ва як тинаш ду тин нашуд. Азбаски бачаи мулоиму боодоб буд, як духтараки ҳамсояамонро, ки дар даврони мактабӣ дӯст медошт, ба занӣ гирифт. Падару модарам ба ин издивоҷ розӣ набуданд, аммо Ворис “бо ман бадном шудааст” гӯён, ӯро, ки қадпасту бенур ва аз авлоди паст буд, ба занӣ гирифт. Модарам келинашро нагузошт, ки ҳамроҳи писараш ба шаҳр равад ва ҳамин тавр, додаракам дар шаҳри дур танҳо зиндагӣ мекард. Онҳо соҳиби як писару як духтар шуданд, ҳамоно акаам аз аҳли оилааш дур буд.

                         Хизмати хирсона

Дарёи зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буду ҳамин тавр мо ҳама соҳиби хонаву дару зану шавҳар шудем. Додарони дигарам хонадор шуда, хонаҳояшонро ҷудо карданд. Аммо зани Ворис дар хонаҳои падарӣ ҳамроҳи волидонам монд…

Як бор аз модарам пурсидам, ки “агар намемонед зану кӯдакаш ҳамроҳи додарам раванд, пас ӯро наздатон хонед, умраш ба панҷоҳ дакка мехӯрад, ҳамин хел мегардад?” Модарам бепарво гуфт:

-Ман аз азал намехостам ин паканазани писарам бошад, ба хотири фарзандонаш ҳамин ҷо истад. Писарам ба дили худашу ба мисли худаш зан ёфта мегирад.

Ростӣ, аз ин ҳарфҳои модарам ҳайрон шудам, наход одам ба ҳамин дараҷа бераҳм бошад. Додарам ҳар гоҳе ба деҳа ояд, моро ҷамъ мекарду ош мепухту хурсандӣ мекард. Медидам, ки мӯйи сараш сафед шудаву ѓамгин аст, дилаш дидори моро мехоҳад. Занаш ҳам кайҳо дурии шавҳарро одат кардаву дар як моҳ як бор ё ду бор омаданҳояшро як амри воқеӣ меҳисобад. Шояд дурии ҳамсар ба ӯ асар карда, ки бепарвою хаставу пир шудааст. Дар ҳар омадани додарам худашро ба тавре фасон мекарду боқӣ дар кору бори хона ѓарқ мегашт, дар заминҳои фермерҳо пахта чида, пул меёфт. Додарам ҳам барояш як чиз ним чиз мехарид, хулоса дилам ба додарам сахт месӯхт, вале чанде пеш…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД