Домоди нашъаманд
Дилоро хонаҳояшро ба завқи худаш оро дода, худро хушбахттарин арӯси дунё медонист, вале бо гузаштани як моҳ фаҳмид, ки дар издивоҷ хато кардааст, зеро Мунис нашъаманд будааст...
Ҷавонмард шабҳо дер, масту сархуш ба хона омада, моҷаро мебардошт, баъдҳо ба сари ҳамсари ҷавонаш мушт мебардоштагӣ шуд. Ҳамсояҳо ба арӯсаки ҳамеша сиёҳу кабуд нигариста, дилашон месӯхт, вале Дилоро ба касе лаб ба шикоят намекушод.
Бо гузаштани як сол дар хонааш дигар ягон чизи мефурӯхтагӣ намонд, Мунис ҳатто зару зевар ва куртаю поҷомаҳои занашро фурӯхта, сарфи нашъа мекард. Агар Дилоро овоз баланд кунад, дасту пояшро баста, то аз ҳуш рафтанаш ӯро мезад. Ҷавонзан тифлаки нахустинашро бар асари латукӯби шавҳар аз даст дод.
Модараш ба беморхона афтодани духтарашро шунида, ба аёдаташ омад ва аз дидани сару тани бо оташи сигарет сӯхтаи ӯ ба даҳшат афтода, худи ҳамон рӯз Дилороро гирифта ба пойтахт овард. Ҷавонзан каме ба худ омада, захмҳои сару рӯяш низ шифо ёфтанд. Падару бародараш ба суроғи Мунис рафтанд, то талоқи Дилороро гиранд, вале наёфтанд…
Қотил
Мунис баъди гузаштани се моҳ боз ба ҳамсараш телефон карда, дурӯғ гуфт, ки нашъамандиро партофтаасту ба кор даромадааст. «Дилҷон, агар ин дафъа гашта биёӣ, хоки поятро сурмаи чашмонам мекунам, илтимос маро бубахш”...
Ин дафъа ҳам зориҳои Мунис дили содаи Дилороро об карданду ӯ ба ваъдаҳои шавҳараш бовар карда, ба хонааш баргашт ва онро холӣ ёфт, зеро шавҳар тамоми буду шуди хонаро сарфи нашъа карда буд.
Мунис танҳо ду рӯз ба ваъдааш устувор монд, рӯзи сеюм бо чашмони хунбору хашмгирифта вориди хонаи холию вайронааш шуда, ба Дилоро, ки сари суфра ба хамир кардан машғул буд, дарафтод. Ӯ ба сари занаш зарбаи сахте зад, Дилоро чун латакӯҳна боли фарш афтод ва ба гӯшаш овози модараш расид, ки вақти дидори охирин гуфта буд: “Ӯ ин дафъа туро мекушад!”.
Субҳ Мунис бедор шуда, Дилорои ғарқи хунро дид, ки дар бараш шах шудааст ва зуд ба апааш занг зада, гуфт:
- Ман занамро куштам!
Хешу табори Дилоро ҷисми сарди ӯро ба хонаи падарӣ оварданд. Имрӯз Мунис дар боздоштгоҳ интизори муҷозот аст. Рӯзи ҷанозаи Дилоро яке аз ҳамсоягони ӯ гуфтааст, ки Мунис пеш аз Дилоро ду зани дигар гирифта будааст. Яке аз онҳо худашро оташ задаву дигарӣ худашро овехт...
Холаи Раҳима рӯю мӯй канда, ба он ҳамсоя мегуфт, ки чаро ин гапро пештар ба ӯ нагуфт, аммо дигар чӣ суд аз ин асроркушоиҳо? Чун Дилорои нозанин ҳама орзую омоли ҷавонии хешро ба коми хоки сияҳ бурд...
Нисо ХОЛИД