Вохӯрӣ
Мунис худро Маҷнуну шефтаи духтар тарошида, он қадар суханпардозӣ мекард, ки дили нарму меҳрубони Дилорои сода об мешуд.
Баъзан Дилоро аз ошиқи телефонияш мепурсид:
- Ту маро надида, чӣ гуна ошиқам шудаӣ?
- Ман медонам, ту зебоӣ, инро аз овози ширину ҳарфҳои шакаролудаят мефаҳмам, соҳиби ин гуна овоз ҳаргиз зиштрӯ нахоҳад буд,- мегуфт дар ҷавоб Мунис.
Ҷавонмард аз духтар хоҳиш мекард то суроғаашро ба вай гӯяд, то волидонашро ба хостгорӣ фиристад. Бо гузашти чанд вақт зориҳои ҷавон ба дили духтар кора карданду ӯ аз Мунис хоҳиш кард, ки як бор ба Душанбе ояд, то ҳамдигарро аз наздик бинанду баъд хостгоронашро фиристад. Ҷавон омад, вохӯрии онҳо ҳамагӣ ним соат, байни издиҳоми одамон дар назди бозори «Саховат» баргузор гашт.
Мунис ҷавонмарди болобаланди зебое буда, ба Дилоро маъқул шуд, байни онҳо даҳ сол фарқ ҳам будааст, аммо Дилорои ошиқу шайдо ҳамаи инро нодида гирифта, ба Мунис гуфт, ки хостгоронашро фиристад.
Духтар саргарми ишқи ҷавонӣ, ҳатто аз Мунис напурсид, ки ҳамсолони ту аллакай соҳиби кӯдак ҳастанду чаро ту то ҳол зан нагирифтаӣ?
Базми висол
Пас аз ду рӯз хостгорони Мунис дари хонаи волидони Дилороро кӯфтанд. Онҳо ду нафар зан буданд. Якеаш худро апаи Мунис муаррифӣ карда, гапро кӯтоҳ кард:
- Падару модари ман кайҳо ин оламро тарк гуфтаанду дар хонаи дуҳуҷрагии аз онҳо меросмонда ҳамин додарам зиндагӣ мекунад. Як сағираи бесоҳиб аст, бо духтари шумо якдигарро дӯст медоранд, розӣ шавед, то онҳо ба ҳам хонадор шаванд...
Волидони Дилоро аз ин гуна гапро сар кардани хостгор ба ҳайрат афтода, ба онҳо ҷавоби рад доданӣ шуданд, вале Дилоро худашро пеши пои падараш партофта, гиря кард, ки агар маро ба Мунис надиҳед, дигар шавҳар намекунам.
Бечора амаки Одил аз шармандагӣ тарсида, зуд розигияшро дод ва холаи Раҳима ночор монд. Хостгорон ҷиҳози ночизе оварда, тӯйи хоксоронае карда, арӯсро бурданд. Янгаҳои аз қафои арӯс рафта медиданд, ки ҳамсояҳои домод зери лаб пичир-пичир карда, бо ҳасрат ба арӯсаки зебо менигаранд, аммо ба ин аҳамияте надоданд…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД