Ишқи қотил (ҚИСМИ 1)
418

Кабӯтараки хушбол

Дилоро духтараки хушқаду зебо ва хушахлоқе буд, дар оилаи серфарзанди камбизоаташон ӯ фарзанди кенҷагӣ ба шумор мерафт. Волидонаш кӯчарӯб буданду ҳама фарзандон ба эшон дастёрӣ мекарданд. Чор апаашро хешу таборон келин карданд, зеро намехостанд ин духтаракони меҳнатӣ бегона шаванд. Ду бародараш дар Русия мардикорӣ мекарданду волидон аз ҳисоби пули фарзандони мардикорашон дар як канори шаҳр порчаи заминеро харидорӣ карда, ният доштанд хонаяке сохта, як писарашонро хонадор карда, он ҷо гусел кунанду баъд дигариро зан дода, нафаси осуда кашанд.

Дилоро баъд аз синфи нуҳ дигар ба мактаб нарафт, зеро волидонаш дасттанҳоӣ мекашиданд. Ин духтараки чобуку қобил субҳи барвақт аз хоб хеста, ҳамроҳи модар ба кор мерафт ва офтоб тулуъ накарда, боз ба хонаашон бармегашт ва пайи зиндагии хонаводагӣ мешуд. Ҳақу ҳамсоя низ Дилороро дӯст медоштанд, зеро ҳеҷ гоҳ хоҳиши эшонро дар бораи кумак рад намекард. Хостгорон низ бисёр буданд, вале волидон ба шавҳар додани Дилороро ба гӯшаи хотир намеоварданд, вале...

Ишқ омаду…

Модари Дилоро холаи Раҳима ба тарбияи духтаронаш назари ҷиддӣ дошту ҳамеша ҳар рафтори онҳоро назорат мекард, аз ин рӯ, духтарон ба ҷавонони шилқини худро ошиқи шайдо меангошта гӯш ҳам намекарданд. Дилоро низ чун апаҳояш духтараки хушахлоқу боодобе буд, вале беҳуда намегӯянд, ки ишқ меҳмони нохонда асту аз мо намепурсад: “Ба хонаи дилат дароям ё не?!”.

Қазияи ишқи Дилоро низ ҳамин тавр оғоз шуд, аниқтараш апаҳояш маслиҳат намуда, дар рӯзи зодрӯзаш пул ҷамъ карда, барои хоҳараки дилсӯзу мушкилкушояшон, ки дар ҳама корашон ҳозир буд, телефони мобилии қиматбаҳо хариданд.

Дилоро тӯли як моҳи омӯзиш бо телефон муносибат карданро ёд гирифт, рақами ӯро ғайри наздиконаш касе намедонист, вале як шаб ҷавоне ба ӯ занг зад, духтар “шумо хато кардед” гӯён, зуд гӯшияшро хомӯш кард, вале зангҳо пайваста такрор шудан гирифтанд.

Дилоро оҳиста-оҳиста ба суханони ширини Мунис одат карду агар ҷавон занг назанад, чизеро гум кардагӣ барин парешонҳолу карахт мегашт, ӯ ошиқи овози марғуладору суханҳои ангубинии ҷавони ношинос гашта, ҳар зангашро бесаброна мунтазир мешуд. Ҳолатҳое мешуданд, ки Мунис ду се-рӯз занг намезад, ин гуна рӯзҳо барои Дилоро азоби гӯрро мемонданду ӯ фиттаи сурудҳои ғамангези ин ё он ҳофизаро монда, то холӣ шудани дилаш мегирист.

Ин амали духтар аз назари модари зираку рӯзгордида пинҳон намонду ӯро сахт сарзаниш кард ва Дилоро дарди дилашро ба модараш гуфт.

- Духтарам, наход барои як ҷавони ношинос ин қадар ашк резӣ, аз ёд набарор, ки ман туро ҳеҷ гоҳ ба шахси ноозмудаю ношинос ба шавҳар намедиҳам, худатро кушӣ ҳам!

Дилоро бо умеди рӯзҳои хуб зиндагӣ мекард…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД