Formula novemver 2024
Ишқи номард
04.06.2022
Дилошуб
2339


Тайёра дар хоки Арабистон нишаст, Гулнур ҳамроҳи писараш аз он поин шуд. Бегоҳ буд, як ба шаҳри чароғон назар афканду дилаш моломоли хушнудии ҳузнолуда гашт.

Охир, ӯ ин рӯзҳоро чӣ қадар интизор буд, ҳамеша дар замираш армони зиёрати қадамҳои пайғамбарон ва Хонаи Худоро мекард. Чун онҳо ба меҳмонхона рафтанд, ӯ зуд таҳорат карду рӯйи ҳонамоз нишаст, намедонад чанд ракат намоз хонд, болои ҳонамоз қариб хобаш мебурд. Дигар ҳавсалаи ба рахти хоб даромаданро накарду ҳойнамозашро чорқат карда, зери сараш гузошт ва нимаи шаб аз дидани хоби даҳштборе бедор шуд… Дар хобаш як марди сиёҳпӯш ӯро зарбу сиёсат мекард, ки ин ҳо ҳойи ту нест, чаро омадӣ?! Гумон дорӣ, Хонаи Худоро зиёрат карда, бегуноҳ меравӣ?! Гулнур аз тарс дир-дир меларзид ва ба он марди зиштрӯй чизе гуфта наметавонист, хайрият бедор шуд, вагарна сактаи қалб шуда мемурд. Гулнур дар обу арақ тар, аз тук-туки дилаш бедор шуду гирист, бо алам гирист, зиндагии гузаштааш чун навори кино пеши назараш мегузашту талх мегирист… Оташи ҳанг Гулнур дар оилаи марди сарватманде ба дунё омадаву ба воя расида буд, падараш як умр дар корҳои роҳбарӣ кор мекард. Давлаташон аз ҳисоби мансаби падараш не, балки аз ҳисоби боғпарвариву чорводорӣ буд. Дар хонаашон чор панҳ нафар кор мекарданд ва падараш ба онҳо маоши хуб медод, хонаводаи онҳо ба дӯконҳои ноҳия ва ноҳияҳои атроф ширу чакка, тухму гӯшт мебароварданд ва зиндагии шоистае доштанд. Дар оилаашон ду духтару ду писар буданд, ки падарашон онҳоро ҳеҳ гоҳ эрка намекард. Хоса додаронаш шабу рӯз меҳунбиданд, ӯ ва хоҳараш низ дар корҳои хона ба модараш ёрӣ мерасонданд. Дар миёни хешу табори онҳо хондани духтар анъана набуд, аз ин рӯ, Гулнурро баъди хатми мактаб зуд ба шавҳар доданд. Хонаводаи шавҳараш низ хеле бонуфуз буд ва бо падараш дӯстӣ доштанд, шавҳараш Искандар Гулнури нозанинро аз ҳонаш зиёдтар дӯст медошту хусуру хушдоманаш низ. Гулнур пайи ҳам соҳиби ду писари нозанин шуд, хоҳараш низ шавҳар кард, зиндагиашон хеле ширин ҳараён дошт, аммо ҳанги шаҳрвандӣ сар заду айши ҳамаро талх кард. Хонаводаи шавҳараш гуреза шуда рафтанд, аммо падари Гулнур “ман чӣ гуноҳ дорам, ки мегурезам” гӯён аз хонааш наҳунбид. Гулнур ба хонаашон омад, Искандар “ман бо зану фарзандонам мемонам” гӯён, бо хешу табораш нарафт, кош мерафт… Беҳуда нагуфтаанд, ки чун оташ ба ҳангал афтод, тару хушкро якҳоя месӯзонад… Ду доғи рӯйи ҳам Падари Гулнур ҳамеша байни ҳангиҳо гашта, онҳоро ба сулҳу салоҳ мехонд, чун додаракони Гулнур хурд буданд, Искандар хусурашро як лаҳза танҳо намемонд. Як рӯз домоду хусур аз хона баромада рафтанду дигар барнагаштанд ва баъди як ҳафта ҳасади ҳардуро аз наҳри канори ноҳия ёфта оварда, ба хок супориданд… Аҳволи Гулнурро худаш медонаду Худо, ҳавонзан ба депрессияи шадиде гирифтор гашт. Модараш дид, ки духтараш ба девонагӣ расидаасту ӯро ҳам аз даст доданаш мумкин аст, ба табобати ӯ пардохт. Доруи духтуру дуохониву чӣ корҳое, ки накард модари зор ва Гулнур оҳиста-оҳиста ба худ омад. Ӯ дид, ки бояд риштаи тақдири худашу ду тифлаки ноболиғ ва додараконашро бояд ба дасти худ гирад. Вазъ ҳам тинҳ шуда буд, ҳавонзан мехост даст ба тиҳорат занад, вале модараш нагузошт. Ӯ ба духтараш гуфт, ки “ту бояд маълумоти олӣ бигирӣ, боқӣ дар ихтиёри ман”, ҳамин хел Гулнур ҳуҳҳатҳояшро ба шуъбаи ғоибони донишгоҳ супорида, дар ҳукумати ноҳия ба кор даромад. Додарҳояш низ донишҳӯ шуданд, модари бечорааш бори тиҳорати оилавиро ба дӯши худ мекашид, боз фарзандони духтарашро тарбия мекард. Ба роҳи каҳ Гулнур духтари зебое буд ва мардони айёш тури макру фиребро рӯйи роҳаш мепартофтанд, вале ӯ бепарво буд, аммо дуои мардони ошиқ гирифташ, ки худаш Лайлои як марди дилсанг шуд…

Ҷавонмарди зебоеро раиси ноҳияи онҳо таъин карданд ва Гулнур ба як нигоҳ ошиқи раиси ҷавон шуд. Раис низ аз рӯзҳои аввал бо нигоҳаш сар то пои ин корманди зебояшро навозиш мекард. Раис ҳамроҳи худаш ҷавонеро ба ҳайси ронанда оварда буд, ҳама мегуфтанд ҷиянаш аст, вале Саид хеш буданаш бо раисро инкор мекарду мегуфт, ки ҷӯраҳои хубем. Як бегоҳ Гулнур то дер ҳисобу китоб карда, ба берун нигоҳ кард, ки аллакай шом шудааст, ҳамин вақт Саид ба ҳуҷраи корияш даромада гуфт: -Муаллима, раис ин бегоҳ лаби дарё моҳихӯрӣ мераванд ва шуморо даъват мекунанд,- Гулнурро аз хурсандӣ табларза гирифт ва зуд розӣ буданашро гуфт, Саид ҳеҷ гумон надошт, ки зан маътали ишора аст, аз ин рӯ, илова кард,- аввал раисро мебарам, баъд шуморо, боз ягон кас набинад, гап шавад. Гулрӯ дав-давон ба хона рафта, оббозӣ карду либосҳои варзишии сап-сафед ба бар карда, ба модараш гуфт, ки ба як маърака меравад. Модари рамузфаҳм фаҳмид, ки дар нимаи шаб ягон хел маърака нест, вале чизе нагуфт, шояд мехост духтараш бахташро ёбад. Он шом Сармад Алӣ, ҷавонтарину зеботарин раис дар вилоят, он қадар садқаву бандаи Гулнур шуд, ки ҷавонзан худро хушбахттарин бонуи дунё ҳисоб мекард. Онҳо ду каса то дер роз гуфтанду дил холӣ карданд, ҳамин хел ду-се моҳ бо ҳам буданд, Гулнур ошиқу шайдо шуда буд, вале раис канд…. Риштаи меҳру муҳаббату вохӯриҳоро яку якбора канд. Бечора Гулнур чанд бор чашми мардумро хато карда, ба ҳуҷраи кории ӯ даромад, вале раис ӯро мисли як ношинос аз дар берун ва оқибат аз кор ихтисор кард…. Бозгашт ба худ Гулнур ду моҳи дароз фақат мегирист, модараш аз кор рафтанашро ба хешу ақрабу, ёру бегона дар бемор шуданаш мегуфт, аммо дар ноҳия аллакай ишқи яктарафаи онҳо овоза шуда буд. Гулнуре, ки панҷ вақт намозашро тарк намекард, акнун май мехӯрд, бо баҳонаи духтур меравам аз модараш пул мегирифту аз он тараф бо шишаи май ё коняк баргашта, ду рӯзи дигар маст мехобид. Як зани қоматбаланди зебои хушлибос ба як зани чиркини майзадае, ки мудом аз баданаш бӯйи сирпиёзу сигор меомад, мубаддал гашт. Модараш фақат мегирист ва медонист, ки духтарашро ишқ ба ин ҳол расонидааст, аммо маслиҳат дода наметавонист ин дафъа ба ёрии Гулнур хоҳараш Зайнур расид… Шавҳари Зайнур корманди милиса буду баъзан ҳафтаҳо ба хона намеомад, ӯ апаи баргаштабахташро ба хона бурда, шабу рӯз дар гӯшаш як гапро такрор мекард: -Ту коре, кун, ки ӯ туро дида пушаймон шавад, ки чӣ гуна занро аз даст додааст, ту ба ин афту андом ба касе лозим нестӣ,-Зайнур шабу рӯз дар гӯши апааш мехонду мехонд ва оқибат Гулнур ба худ омад ва ба Душанбе ба назди додаронаш рафт. Модараш барои писаронаш як хонаи дуҳуҷрагӣ харида буд, ки дар донишҷӯйӣ азоб накашанд. Гулнур зиндагиро аз нав оѓоз кард ва назди дузандае шогирд нишаста, тамоми нозукиҳои духтани кӯртаҳои миллиро ёд гирифт. Аввалин мизоҷонаш ҳамсояҳо ва ҳамсабақони додаронаш буданд ва оҳиста-оҳиста шӯҳрат ёфт. Баъд додаронаш донишгоҳро хатм карда, ба деҳа баргаштанду Гулнур писаронашро бо худ овард, Шамсу Қамар дар беҳтарин литсей мехонданд ва модарашон шабу рӯз кор мекард. Ӯ акнун дар бонке ба кор даромада буд, рӯзона кор мекард, шабона курта медӯхт. Баъд сехи дӯзандагие кушоду кораш равнақу барор ёфт, оҳиста-оҳиста писаронаш низ ба тиҷорати модар шарик гаштанд. Гулнур ҳар ду писарашро хонадор намуда, дар як моҳ ду арӯс фаровард, ҳарчанд писаронаш мегӯянд, ки дигар кор накун, ӯ бекор истода наметавонад…

Ишқи қисматсӯз

Гулнури зебо хушдорони зиёде дошт ва дорад, вале ишқи қисматсўзи раис дили ўро аз ҷинси мард хукун карда буду њаргиз майл ба марде намекард. Модарашу хоњараш мудом таъкидаш мекарданд, ки марди хуберо ёфта, ба шавњар барояд, аммо ў ба ин масъала кайњо нуқта монда буд. Дар хонадони онњо як фазои оромию покизагӣ њукмрон буд, келину писаронаш шахсони замонавӣ бошанд ҳам, ба Гулнур пайравӣ карда панҷ вақт намозашонро тарк намекарданд, ҳатто ду наберааш ба намозхонии калонсолон тақлид мекарданд. Писари калонияш ҳамеша орзуи зиёрати Хонаи Худоро дошт, чун ин орзуяшро ба модараш гуфт, додараш таклиф кард, ки бо модараш якҷоя ба тавофи Каъбатулло раванд. Ва инак, очаю бача дар Арабистонанд, вале ин хоб дили Гулнурро сип-сиёҳ кард… Гулнур чанд муддате, ки дар сафари ҳаҷ буд, мегиристу аз Худо зорӣ мекард то гуноҳҳои ўро бахшад. Рўзҳои муқаддаси зиёрат низ ба охир расиданду ў ба ватан баргашт, чун модари пираш барои зиёрат омад, Гулнур хобашро нақл кард ва модараш гуфт: -Духтарам аз Худо умед дорам, ки ҳаҷҷат қабул шудааст, зеро хоби раҳмоние дидамат. Таъбири хоби ту бошад, танҳоият ҳаст, охир ту ба чилу ҳашт даромадӣ ва бисту панҷ солашро танҳо бе мард сипарӣ кардӣ, ин Худоро хуш намеояд ва бояд шавҳар кунӣ… Аммо Гулнур намехоҳад дари дили шикастаашро ба рўйи марде во намояд, ноҷавонмардии як мард бовари ўро куштааст….

Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД