Гарчи андар сад баҳорам гул бирӯяд аз дигар,
Бӯи фасли рафтани ту аз димоғам дур нест.
Сиёвуш рӯ ба чамани вожаҳо овард, то ба он рози дил гӯяду қиссаи ишқи пайдову пинҳони худро ифшо созад. То бо он биситезад ва гоҳи дигар нарм-нармак сари зулфи хушбӯи Шаҳнозашро ба хотир оварда, онро чун хаёлоти рангинаш шона занаду ҳамчун нафари масту махмур дар бағали он чаман нишинад. Яъне, ин вожаҳо, дарди дил, дақиқан, сарнавишти як писари деҳотист, ки худро аз миёни анбӯҳи одамон дур месозаду пайваста дар роҳи муҳаббит бевасли Шаҳнозаш месӯзад.
Хонандаи азизи “Оила”, шумо, ки ҳоло ин чамани вожҳоро рӯи даст доред, доваре ҳақ ба нахуст ишқи нокоми Сиёвушед. Пас, хулосаву бардошт ва пешниҳодоти худро ба муаллифон бифиристед.
Дар суҳбати акс
Субҳи 20-уми декабри соли 2015 рӯзи чоршанбе буд. Оғози як рӯзи сарди зимистонӣ. Аз само барфҳо бо замзамаи резиши худ ба курпаи зебои табиат ҷилло медиҳанд. Ин субҳи Сиёвуш ҳам аз муҳоварааш бо равони Шаҳноз оғоз шуд.
Ӯ чанд ҳафта аст, ки бо акси дилдоааш гуфтугӯ мекунад – гаҳе чун девонаҳо ҷанг мешаваду гаҳи дигар мӯи нозукашро навозиш мекунад. Баъзан шеракеро ба васфи рухаш мехонаду мегиряд аз кори кардааш ва ҳам механдад баъзан. Аҷабо, девона шудааст, - чӣ?! Дақиқ! Девонаи ишқ аст ӯ.
Тӯфони гиряву ханда
Ба ёд овард. Соле қабл. Айни қиёми Офтоб. Паси пушта. Менишастанд. Шаҳноз хост Сиёвуш шеърҳои эҷодкардаашро барояш бихонад, вале ... Нахонду давид. Давиду давид то рӯи ҳавлӣ. Шаб нахуспид. Шеър гирд овард. Супориш иҷро кард. Супориши нотамомро. То субҳ варақдастаҳо тимсоли як китоб шуданд. Шоҳкитоби ишқ. Ва рӯзи дигар тамоми шеърҳоро ба таги бағал заду рафт ба мулоқот. Омаду як сар ба хондан даромад, чун талабае назди муаллим. Ва ошиқонатаринҳояшро хондан гирифт.
Шаҳноз механдид. Аммо, хеле кам. Баъд гирист. Сахт. Бо амал. Сидқан. Чашмони шаҳлояш баҳри об шуданд. Чун як обанбор ашкҳоро ғундоштанд. Сарашро хам кард. Сукут. Оҳ, дунёи сукут. Чӣ тӯлонисту талх. Сиёвуш ҳамонон мехонд. Баъд духтар ғазаб кард. Хесту равон шуд. Рафт, рафт, рафт ... Ва пас гашт. Омаду шоирро оғӯш кард. Оғӯшаш чун сандалии зимистона гарм буд. Аммо, сард шуд. Зеро акнун рафт. Ба пасаш ҳам нанигарист. Рафту рафту рафт. Ва аз назар нопадид шуд.
Вопасин нома
Баҳор. Табиати зинда. Наврӯз. Шаб. 24-уми март буд, соли 2015-ум. Телефон нола кард. Рӯи он навишта шуда буд – рақами ношинос. Сиёвуш бо пахши тугмае нолаашро боздошт.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
“АЗ КОРИ ХОНА ГУРЕХТА РӮЙИ ҶОНАМОЗ МЕШИНӢ” МЕГӮЯД ХУШДОМАНАМ
- Салом, Сиёвуш!
- Салом.
- Шомат ба хайр!
- Аз ту ҳам!
- Ин ман, Шаҳнозат!
- Хубӣ?
- Не!
- Чӣ шуд?
- Мехоҳам бароят суханеро гӯям, ки дар дилат абадан боқӣ хоҳад монд!
- Ту чӣ мегӯӣ?
- Мемирам!
Гуд, гуд, гуд ... Тарақ, даранг. Телефон рӯи замин пош хӯрд. Ба узвҳо ҷудо шуд. Рӯи таблуи телефонро ду қатра об тар кард. Ва ин охирин суҳбат буд.
Давом дорад ...