arzon replenishment
“Аз кори хона гурехта рӯйи ҷонамоз мешинӣ”мегӯяд хушдоманам
3498

Салом “Оила-и дардошно! Ман, як ҷавонзани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда қиссаи зиндагиамро нақл карда, аз шумо маслиҳат пурсидан мехоҳам.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дар тӯйи дугонаам дида, маъқул кардем. Вақте ки ӯ маро ба мулоқоти ошиқона даъват намуд, хоҳишашро ад карда гуфтам, ки духтари намозхонаму вақти “свиданияравӣ” надорам, агар нияташ ҷиддӣ бошад, хостгор фиристад. Ин гапам ба ҷавон писанд омада, худи ҳамон ҳафта падару модарашро ба хонаамон фиристод.

Ростӣ, волидонам дар оғоз хостгории онҳоро қабул кардан намехостанд, вале “росташро гӯям, ман он ҷавонро як бор дар тӯйи дугонаам дидам, бачаи хуб менамояд” гуфтани маро шунида, модарам падарамро розӣ кард ва ҳамин тавр моро фотиҳа карданд.

Тӯямон хоксорона гузашта бошад ҳам, хурсанд будам, зеро шавҳарам ба ман писанд буд. Рӯзҳои аввал зиндагиамон хеле ширин мегузашт, аммо ин хушбахтии мо дер давом накард.

Намедонам аз чӣ бошад, ки ситораи ман ба хушдоманам писанд наомад. Модаршӯям дар ҳама кору бори ман айб ҷуста, кӯшиш мекард, ки маро бо шавҳарам ҷанг андозад.

Ҳамин тавр, талхиҳои зиндагии ман оғоз ёфт. Бовар кунед, ҳатто намозхониам низ барои ин зан баҳонаи ҷангандозӣ шуда монд. Тамоми кору бори хонаро сари вақт иҷро кунам ҳам, ҳамин ки шавҳарам аз кор баргашт, модараш косаро ба кӯза зада, фиғон мебардошт, ки кору бори хона мондагӣ, ин духтар рӯзи дароз дар болои ҷойнамоз мешинад.

Шавҳарам сари қаҳр маро зери мушту лагад мегирифт, ки ту зани танбал аз кори хона гурехта, бо баҳонаи намозхонӣ рӯзи дароз болои ҷойнамоз менинӣ.

Умед доштам, ки фарзанддор шавем, шояд муносибати хушдоману шавҳарам о ман беҳтар мешавад, аммо беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Пас аз тавлиди писарчаам боз як баҳонаи нав барои ҷангу ҷанҷол пайдо шуд.

Хушдоманам акнун “ту ҳар рӯз памперс биёру шир биёр гуфта, писари маро хонасалот мекунӣ” гуфта, хонаро ба сараш бардошта, дар сари ман чормағз мешиканад.

Шавҳарам аз моҷаро ва ҷангу ҷидоли ману модараш безор шуда, хонагурез шудааст. Намедонам маъшуқа дорад ё зани дигар гирифтааст, ки баъзан ҳафтаҳо бедарак мешавад. Дилам аз рашку алам мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯзад, балои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам “ту манҷалакӣ хуни писарамро макидӣ” гӯён, ба захмҳои қалбам ханҷар мезанад.

Рӯи ҷойнамоз Худоро зорӣ мекунам, ки ба шавҳарам инсоф диҳад ва зиндагиаморо аз вайроншавӣ нигаҳ дорад, аммо модаршӯям дуохониамро дида, боз исён мекунад, ки ту ҷодугар сура хонда, писари маро ҷоду карда истодаӣ.

Ҷонам аз дасти хушдомани бадгумону шӯрандоз ба лабам расидаасту намедонам сарамро ба куҷо занам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Зайнаб аз н. Темурмалик

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Робия 2023-09-20, 13:04
Аз паи худ ва фарзандатон шавед ва хуштоман ва писарашро ба Худованд супоред. Холо вакт аст ягон касбро аз худ карда пешаки хисоби зиндагиро ёвед. Дар фикри 2 фарзанд набошед саросема нашавед вагарна азоб мекашед хес кас намедонад пагох чи мешавад агар шавхаратон чудо шавад ба кучо меравед. Сузанони хуштоманро ахамият надихед хараакат кунед ягон хонаи дигар харед дили шавхаратонро ёбед то он хонаро ба номатон кунад ки оянда бо фарзандатон дар берун намонед
Посух
Ҳилолахон 2023-09-21, 21:26
Аввалан ассалому алайкум кормандони «Оила»и дардошно ва кулли мухлисони ин сомона. Баьдан ба маслихати додаи Робия дар коментарияи боло мувофикам. Аз он ки дар зиндагии шумо чунин мушкилихо сар задаанд хеле мутаасирам. Ба хеч вачх шуморо гунахкор кардани нестам, чун хар хона дуд ва равзани худро дорад, мушкилотхо албатта якранг нестанд. Намехоҳам ки навиштаҳои дар поен будаи ман малоли хотири шумо гарданд. Бетарафона мехоҳам аз рӯзгори апаи калониам нақл кунам. Писари ягонаи ин хонадон чӣ шуду чӣ монд, ки зери таъсири кадом муллобашарае монду аз пешниҳоди духтарони дустони шиносҳо, ки дар байнашон духтарони соҳибмаълумот, духтур, муаллима, забоншинос ва рузноманигор буданд, даст кашиду хостгорӣ духтари нохонда, аммо “5 вақт намозхон, худотарс, сатрпӯш” гардид. Падару модар ҳам бар зидди хоҳиши яккаписар нарафта ба умеди хушбахтии ӯ ба ин издивоҷ розӣ шуданд. Тӯй бодабдаба гузашту арӯси Худотарсро ба хона оварданд. Қисса кӯтоҳ келин ҳанӯз аз рӯзҳои аввал дар кору бору хона беҳавсалагӣ мекард. Ҳанӯз хеле ҷавон ҳаст гуфта, хушдоманаш ӯро кору бори хонаро ед додан гирифт. Келин ҳатто оддитарин корҳо, аз қабили хамир шӯридану хомшӯрбо пухтанро, ки барои духтари тоҷик -мусалмон фарз ҳаст, намедонист. Дар бораи тозагӣ умуман гап набуд. Нохунгиракро дар ошхона болои мизи хӯрокхури мегузошту косаҳоро об болояшон рехта холӣ менамуд, бо дасту мачалка намешуст, то нохунҳои дарозаш осеб набинанд. Саҳар аз хоб мехесту намоз хонда ба рангу бори рӯи худ машғул мешуд. Худро чунон рангу бор мекард, ки гуе ягон раққосаи кӯчагии тӯйгард бошад. Аз байн чанд вақт гузашту хешу табори ба меҳмонӣ омада аз чунин рангу бор кунии келин норозигӣ карданд. Хушдомани бечора-апаам ки 27 сол собиқаи омӯзгорӣ дораду дар тарбияи насли наврас саҳми арзандае гузоштаанд, як зани воқеанъ ҳам бомаънӣ ва бомулоҳизаанд, аз дигар қаҳрамониҳои келини ҳунарманд лаб намекушоданду, ҳанӯз наварӯсаканд барои ҳамин каме рангу бор кардаанд, то дар назди шавҳарашон зебову шукуфон бошанд-да, ҷавонанд монед ҷавонӣ кунанд мегуфт. Вале ин наварӯсак моҳҳо паи ҳам мегузаштанду ҳеҷ не ки кӯҳнаарӯс шаваду кору бори хона (ҳамаги 4 ҳуҷра) ро ед гирад. Боломади ин чун хушдоман ӯро ба нарми кору бор ед медод, ӯ қошу қавоқ карда ба ҳуҷраи хоби худ мегузашту дигар намебаромад. Ҳамаи ин ба дили бечора апам магар кора кард, ки дилашон ба дард заду ба беморхона афтиданд. Ростӣ ман аз аввал мефаҳмидам, ки келин табъи дили хонадон нест, вале апаам дар ин бора сухан кардан намехост. Чун бемор буданд, дар қуввату ирода заифӣ карданду ба ман, ягона хоҳарашон, дарди дил карда гуфтанд, ки фардо пас аз марги ӯ ҳоли шавҳару писараш чӣ мешуда бошад?! - - Фикрҳои беҳударо аз саратон дур кунед, апаҷон. Ба шумо чизе нашудааст. Ду рӯз пас асп барин сиҳат шуда пеши язнамулло медавед. Писаратон бошад зан дорад. Апаам барои аввалин бор пеши ман иқрор шуд, ки бо вуҷуди солҳо фарзанди мардумро тарбия карданаш дар тарбияи келини саркаш оҷизӣ мекашад. Келин тоқати шунидани насиҳати ӯро надорад. Агар каме сахтгирӣ кунад, метарсад ки муносибати писараш бо келин вайрон мешавад. Бе ҳамин ҳам аз байн як сол гузашту келин ҳеҷ не ки ҳомиладор шавад. Боз дахолати модар сабаб нашаваду писараш хонавайрон шавад. Ҳамсояҳо аз рангуборкунии келин ва рӯз то бегоҳ дар берун ба хок ҷӯлида шиштани ӯ байни худ миш-миш карда, борҳо ба апаам мешунавонидаанд. Ҳамаи ин кам буд ки боз писарбачаҳои маҳал, (двор)ба келин лақаби “скрытая камера-монашка» ва «крашенная камера-монашка» ниходаанд. Ӯ баъди кор рафтани шавҳару хусуру хушдоман рангу бор карда сатр баста берун таги ошъена фаромада болои хараки назди хона менишастаасту тамоми кору бори одамонро назорат мекардааст. Пписарбачаҳои хурдсоли назди ошъена (9 ошъена) кӣ бо кӣ ҷанг карду чӣ гуфтро ба падару модарони онҳо расонида, дар байни ҳамсояҳо чандин бор шоҳидӣ дода сабабгори муноқишаҳо гаштааст. Бо ду зани ранги худаш дугона шуда аз саҳар то бегоҳ кадом зан чӣ либос дар бар дошту соати чанд аз хона баромаду соати чанд омад, хонаи кадом ҳамсоя дар набудани шавҳараш кӣ омаду рафт, духтари қадраси ҳамсояро бо кӣ дид ва ҳоказо саргарми ғайбат мешудааст. Ҳамсояҳо дар ин муддат аллакай чанд бор ба апаам шикоят кардаанд. Ӯ ба писараш аз шикояти ҳамсояҳо чизе нагуфтааст, то болои безуретӣ боз баҳонаи иғвоангезӣ шуда ӯро талоқ надиҳад. Ҳоли ягона апаамро дида ғашам омад, гиръя гулӯгирам кард. То ба кадом ҳолат овардани апаамро дида дарун дарун сӯхтаму ӯро тасалло додам. Аз он ки хеле дер дарди дилашро ба ман гуфт, норизоӣ кардам. Охир, заҳри одама одам мегирад, гуфтаанд. Апаам ки аз хурдсолӣ одати алов барин дар гирифтани маро хуб медонист, аз ман хоҳиш кард ки ба касе лаб накушоям ва ба келинаш ҳам кордор нашавам. Чун ман ягона хоҳараш ҳастам ба ман рози дил карда каме сабук шудааст. Медонистам ки апаам на ҳамаи чизро ба ман нақл карда, танҳо ба қавле “цветочки» ро гуфт. Бо апаам хайрухуш намудаму ба хона рахсипор шудам, вале поям маро сӯи хонаи худам неву сӯи хонаи апаам мекашид. Мехостам асли воқеаро бо чашмони худ бубинам. Ба назди хонаашон расида келини худотарсро болои харак саргарми сӯҳбати “Ахбори рӯзи маҳал” дарефтам. Салом додаму ӯ дили нохоҳам аз ҷой бархост. Ҳис кардам, ки омадани ман ба табъи нозукаш чандон нафорид ва дилу бедилон бо ман ҳолпурсӣ намуда, ҳар чӣ зудтар рафтани маро матъал ҳаст. Одоби тоҷикона ва меҳмоннавозӣ, ҳурмати онеки ман хоҳари хушдоманаш як даҳан нагуфт, ки биеед хона дароем. Чун дар назди дугонаҳояш, хабарнигорони дигари маҳал, пурсупоси дигарро ба худ эб надидам, то радду бадали мо “реклама” шуда ба гӯши апаам нарасад, маҷбур шудам барои аввалин бор дурӯғ гӯям. Ман бояд як ду чизро аз ҳуҷраи апам гирифта ба наздаш барам, барои ҳамин омадам, гуен келини серрангуборро маътали рафтан кардам. Ӯ қошу қавоқ намуда аз пуштам ба ошенаи 5 баромад. Дарро кушоду аввалин чизе ки ба чашмам афтод, муй дар назди оинаи долон буд, ки ба шонаи чиркине печида монда буд… Шавҳару хусур бояд аз кор меомаданд, вале аз ошхона бӯи хӯрок ҳам намеомад. Ба ҳуҷраи апаам даромада гулҳои хонаашро пажмурдаву зор дарефтам. Даррав ба онҳо об рехтаму берун баромадам. Келин дар роҳрави долон интизори ман буд то тезтар бароям ки у поен фарояду давоми ахбори рӯзро ба дӯстонаш расонад. -Гулҳои хонаи апаам қариб қоқ шудаанд ку гӯшраси келин кардаму ба зал- ҳуҷраи калон гузаштам. Ин корам ба келин тамоман нафорид. - Э ҳа келин гулҳои зал ҳам қоқ шудаанд ку. Ӯ бо чашмони пур аз ӯсмаву сурма ва миҷгонҳои часпондаи ранги гов дарозаш ба сӯям нигоҳи нохушоянде партофту бо косаи калон об гирифта ба гулҳо рехтан гирифт. Ба ошхона даромада об гирифтанӣ шудам ки дар ошхона ҳам гулҳо қоқу ҳам косаҳо ношуста… - Ҳозир шавҳару хусурат аз кор меоянд ягон хӯрок пухтании е не. - Фирдавс имрӯз хонаи ҳамкорашон нишаст доранд, нимғурма ҷавоб дод. -Ҳа амакат чӣ. Аз кор гурусна монда меомадагистанд? Ӯ ба ин савол ҷавоб доданро шоиста надид. Дигар тоқатам намонду ба зарда гуфтам, ки охир худатонро ба ҷои ҳамин қадар рангу бор кардан як кори хонаро кунед. Гулҳо ба об резед , муи саратонро хонаи хобатон ба шона кунед, хӯроки шом тайор кунед. Пагоҳ хушдоманатон аз дар дарояд бо дили дардмад дилкаф шуда мемурад. Бинед, ки ин келини намозхону сатрбанду худотарс чӣ ҷавоб дод. - Аввалаш ки ман сатр дораму 5 вақт намозамро дар вақташ мехонам. Баъд рангу бор дар Ислом барои зан иҷоза дода шудааст. Гуноҳ нест. - Дар Ислом магар тозагиро риоя кардан гуноҳст? Ба гул об рехтан гуноҳст? Ба падари шавҳар хурок пухтан куфр ҳаст? Бо қаҳр ҷавоб додам ман. - Мара иҷа гулкорӣ наовардан. - Тура баъд иҷа чӣ кор овардан, хонара валангор кардану худта орову торо додану рӯзи то бегоҳ дар кӯча ғелидану ғайбат кардан овардан. Барои ҳамин ту касофатӣ шуда апаам дарди дил шуд, дигар сабру қарора аз даст дода дод задам ман. Аммо келини худотарс миҷааш ҳам хам нахӯрда ба сӯям бидиррос зада гуфт. - Э апаи тра ма чӣ касал кардам, апаи тра гулакҳои мардум дар мактаб касал кардан. Шарт набуд ки дар байни мардакҳои бегона дар мактаб гулаки мардума дарс бдиҳад. Сатр мекарду хонада мешишт, намозоша мехонд, на дарди дил мешид на дарди сар. Кор хонадаҳам пуррай. Ҳо гулҳоша об медод, коригари кампири апат кида даркорай. Ҳамсое ҳама меган, ки ҳози ами кампир да мезеба дар ҳамин синну сол ба ҷои хонада шиштан саҳар ранги мардак фасон карда мактаб мерава…ба ту ту гуфтан гузашт келини шаттоҳ. Фаҳмидам ҳақиқати ҳолро. Гарчанде апаам ба ман дар ин мавзӯъ чизе нагуфт, баръало маълум буд ки ин шаттоҳкелин борҳо ба сари аппам ҷанҷол бардоштааст. Дар гузаре ки апаам зиндаги мекунад, қариб 95 фоизашон одамони илмиву фарҳангӣ буда, одамони намоени шаҳранд. Бо ихтисор аз ду нафар дугонаҳои келин дар ин ҳавлӣ (двор) ҳамагӣ одамони таҳсилдидаву маъданианд. Ва бе ягон шубҳа касе дар ин бора сухани ноҷое нагуфта, баръакс эҳтиром мекунанд. - Ман ҳамсояҳои апаамро хуб мешиносам, ба ғайр аз туву ду дугонаи бесаводу бемаданияту бекорхӯҷаи ту дигар касе вақти ғайбат карданро надорад, беномус, даҳонатро нигоҳ карда гап зан! -Дугонаҳои ма мадраса хондагиан, сатрпушу намозхонан, хонашинанд, ранги дигарҳо сарлучу пойлуч куча ба кӯча намегарданд- гуфта фиғон бардошт. Хостам ин беҳаеро, ки сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои хонаводаи апаам шуда буд, бо дастонам буғи кунам. Вале ҳамин дам дар боз шуду язнаам ки дар синну сол аз ман хеле калонанд ва марди боиззату эҳтироманд аз дар даромад. Ӯ дар назар аз пештара пиртару заифтар ва хеле афсурдаву ранҷур менамуд. Дар ин 10 рӯзи бемории завҷааш гуе 20 сол пиртар шуда буд. Ӯ маро дар он ҳолат дида лабонаш пир пир париданд, дастонаш ларзиду ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва ҳаросон ба ман нигоҳ карда гуфт: - Чӣ гап шуд, тинҷи ми? Ягон воқеа … апаат чӣ хел? -Апаам нағз, хавотир нашавед гуфтаму келин бидиррос ба гап даромад. — э и ки бдай ки мада малими мекардай. Гулҳои апаш қоқ шдиан, ма гнаҳкор. Апаш касал шидай ма гнаҳкор, ай апаш нав гуфтм халос мехрм намехрм, ки боз и аз кадом қавр пайдо шид…. Рости гап ман дар назди язнам ба ин келини сермағал баробар нашудам. - Келин ором шавед, айбаст айб. Ин кас ҳам ба ҷои модар насиҳат кардааст.. -Э ма бе насиҳат мондагиюм. Ма одами намозхон, сатр дорм, мешинм насиҳати амиора гуш мекнм.. - Бас кунед келин, каме баландтар гуфт язнам.. - Эээ ту чӣ садота баланд кадестай. Арака задай отдых кадестай бра сарта таги курпа мон хов бра.. Язнаам духтури тачрибадор ва як одами намоени шахр дар назди келин ранги лухтак хакиру нотавон ба суям бехолона нигариста гуфт. - Ба у баробар нашавед, одами намешудани аст гуфта ба ошхона даромад ва ин тараф ун тараф нигох кард ки шояд ягон кути лоямуте ебаду ба дахон гузорад. Ба гайр аз косахои ношуста дар ошхона чизе дигар ба назараш нарасид. У хору зор сарашро бо ду дастонаш дошт баьд бо алам дастонашро ба боло бардошта гуфт: - Худое Худовандо рахми маро хур. Ба завчаам умр бидех ва маро пеш аз у ба наздат хон, ки ман бе ӯ хори кӯча мешавам. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Се дона тухм бо картошка пухта дар наздаш гузоштам ва чун дер шуда буд роҳ ба сӯи хона пеш гирифтам. Дар беруни баромадгоҳ келини апаам бо тамоми рангу бор ва муболиғаҳои зиед ба дугонаи дигари худотарсаш охирин ахбори шомро аз хонаводаи худ нақл мекард. - Худша нав дар ҷош шондум, ки боз хоҳарша роҳӣ кадай. Хоҳаруш юристай прокурорай ба худшай, зато фаҳмид ки кати ки сару кор гирифтай, зунукуш қапид ай тарса мандраш гирифт… Ман хаставу лакот аз наздашон дур мешудаму овози келин аҳен аҳен ба гушам меомад, ки мегуфт: - Пирхари худозада боз дар пеши хоҳари занш гапдон шидай..Ҳозир боло мебром напоминатуш мекунум ки ма киум.. Ай йодш бромадай оказиватся… Ххххххххххххххххххххххххххххххххх Манзурам, аз навиштани ин нома фақат як чиз ҳаст: Одамият на ба нутқу на ба ришу на ба ҷон, Тутӣ ҳам нутқу буз ҳам ришу хар ҳам ҷон дорад. Алҳамдулилоҳ мусалмонам, калимаи шаҳодат дар забон дорам. Вале аз он ки бархе аз инсонҳо Исломи Бузургро ба ҳаққоният дарк нанамуда, аз оддитарин одоби Исломӣ ва инсони баҳравар нестанд бо пушидани сатру мондани риш худро мусулмон мешуморанд, магар нишонаи аблаҳӣ нест. Ҳилолахон 21.09.23 (Салом Фирӯзаҷон, ман Ҳилола. Нақл аз рузгори як шинос. Давом ҳам дошт, не ки дар ҳамин ҷо ҷамъбаст кардам. Дарози бад мешавад гуфта.)
Посух
Рохгузар 2023-09-23, 17:28
Сабр сабр сабр худо бо собирон аст! Шавхаратон ягон гунох надора асабош вайрон меша медонаки бегунохи дар чуртаи очаш мезана неки очаш акл намегира😏
Посух
Мамадраҳим 2023-09-25, 19:53
О намешуд нақли Ҳилодабонуро на жар коментария балки дар Қиссаҳои Оила чоп мекардед?! На ҳамаи хонанда дохили коментарияи қиссаҳои пештара мешавад. Баъдан фикр иекунам қиссаи ғеле хуби тарбиявист.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД