Қиссаи Нозанин
Нозанин баъди нӯшидани чанд қулт об ба чашмони Асҳоб нигариста гуфт:
- Ман 52- солаам, шавҳари мансабдори доро доштам, ду шоҳписари соҳиби зану фарзанд низ дорам. Шукр, дар тули зиндагии сиюпанҷсолаамон ба шавҳарам ягон бор хиёнат накардааму ҳатто ин шармандагиро ба гӯшаи хотир ҳам наовардаам. Ҳарчанд… Дар ҷавонӣ шавҳарамро аз даст додам. Шукри Худованд имрӯз ду шоҳписарам қуввати дилу болу пари ман ҳастанд. Маро кор накун мегӯянд, вале бекор наметавонам. Дар хонаи бачаҳо кор карда нонамро худам ёфта мехӯрам. Ҳозир танҳо барои худам зиндагӣ мекунам... Дурӯғ намегӯям, ба омадану рафтани шумо одат кардаам, марди зебо бомаърифат ва раҳмдил ҳастед, ман бо шумо дӯстона салому алейк мекунам, аммо чизи дигарро аз ман мунтазир нашавед….
Изҳори ишқ
Асҳоб аз суҳбати ошкорои зан ва мулоиму бомаъно ҳарф заданаш бори дигар волаю шайдои ӯ гашт ва баҷуръаттар изҳори ишқ кард:
- Нозанин то ҷое фаҳмидам, шумо низ аз бахт наосудаед. Биёед ба хонадор шавем, ман шуморо хушбахти дунё мекунам…
Гирди лабони Нозанин аз шунидани ин гапҳо хандаи талхе давиду гуфт:
- Шумо аз ман шаш сол ҷавонтаред ва Худо хоҳад, зани хубе меёбеду фарзандор ҳам мешавед. Аммо маро ба ҳолам гузоред, ман ба Парии шумо ҳасад мебарам, шумо ӯро чунон дӯст медоред, ки ба хотири ӯ тайёр ҳастед, мани кампирро хушбати дунё намоед. Лекин ман наметавонам. Дар фарҳанги мо чунин нест, ки зан ба сари худ шавҳар кунад. Ман фақат худамро не, обрӯйи фарзандонамро низ фикр карданам лозим аст...
Вале Асҳоб паст намеомад:
- Нозанин шумо аз синну солатон хеле ҷавон менамоед, аслан ин барои ман муҳим нест, гап танҳо дар сари монандии шумову Парӣ ҳам намеравад, ман ба шумо одат кардааму дӯстатон медорам... Ман марди сарватмандам, фарзанд бошад… як набераатонро ҳамроҳ гирифта калон мекунем, ҳама сарватамро ба ӯ мерос мемонам, илтимос ба ман иҷозат диҳед то шуморо дӯст дораму хушбахтатон кунам….
- Не, ин мумкин нест, - гуфт ин даъфа ҷиддӣ Нозанин ва аз ҷой бархост...
То Асҳоб ҳисобӣ карда берун баромад, ки Нозанин ба таксие нишаста ба хонааш баргашт.
Агар ишқ ҳамин аст…
Як моҳи ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд, зеро Нозанин дигар ба кор намеомад. Асҳоб боз савғою шириниҳои зиёде гирифта ба хонаи бачаҳо рафт, вале Нозанинро вонахӯрд, чун аз сарвари коргоҳаш дар бораи ӯ пурсид чунин ҷавоб шунид:
- Писари калонии муаллима дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, он кас ба хабаргирӣ рафтанд. Номаълум, кай бармегарданд, барои ҳамин аризаи аз кор рафтан навиштанд…
Асҳоб фаҳмид, ки Нозанин аз ӯ ва ишқи ӯ гурехтааст. Марди муҳоҷир аз пушти ишқи мусофираш ба Амрико сафар кард, ӯ боварӣ дорад, ки рӯзе дар кӯчаҳои Амрико он дидори ошноро хоҳад дид…
Аммо инро танҳо Худо медонад…
Нисо ХОЛИД