tobiston
Ишқи мусофир (ҚИСМИ 4)
542

Вохӯрӣ бо Нозанин

Баъди андешаҳои зиёд, Асҳоб қарор дод, ки ҳар чӣ бодо бод, бо нусхаи парияш вомехӯрад, аммо чӣ хел? Як ҳафтаи бехобию андешарониҳои бесарунугро пушти сар карда, дар як бегоҳи зебои баҳорон Асҳоб пушти дари хонаи бачаҳоро камин гирифт, ӯ даруни мошини сиёҳшиша мунтазири Нозанин буд, аммо ӯ набаромад.

Рӯзи дигар субҳи барвақт рафта мунтазир нишаст, бо умеде, ки бону ба кор меояд ва Асҳоб ӯро мебинад. Баъди як соати интизорӣ Асҳоб дид, ки Нозанин аз коргоҳаш баромад, чун хонум ба мошинаш назик шуд, мард саросема аз мошин фаромада салом дод:

- Асалом хонум…

- Салом, - бепарво ҷаоб дод Нозаин ва гузашта рафтанӣ шуд. Аммо Асҳоб ӯро аз роҳаш дошта гуфт:

- Мебахшед, бонуи азиз ба шумо гап доштам...

- Марҳамат, гӯшам ба шумо... - посух дод Нозанин ва ба Асҳоб нигарист. Мард худашро гум карда таклиф кард:

- Марҳамат ба мошин шинед то ҷойи даркорӣ бурда мемонаму гапамро низ мегӯям.

- Ташаккур хонаи ман дар ҳамин наздикӣ пиёда меравам, агар гапатон бошад…

- Медонед, ман чанд рӯз пеш ба коргоҳи шумо омада будам...

- Бале, ёд дорам, - гуфт ин даъфа Нозанин ва илова кард ман шуморо шинохтам. Бонуҷон, шумо ба зани фавтидаи ман хеле монандед, мехоҳам…

- Шумо афғонҳоро баъзе занони бероҳаи мо он қадар шерак кардаанд, ки шарм надоштаю ҷуръат карда пеши роҳи дилхоҳ бонуеро, ки ба занатон «монанд» аст мегиред?! Дафъ шав аз назарам, ки… - фарёд зад Нозанин.

Асҳоби аз хашми ногаҳонии бону ҳайратзада на гиристанашро медонисту на хандиданашро…

Нозанин рафту ӯ лолу пакар монд.

Ошиқи хира

Асҳоб ба хона баргашта худро барои муносибати хуб накарданаш мазаммат кард ва қарор дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба суроғи Нозанин намеравад. Албатта ӯ шавҳару фарзанд ва хонаи обод дораду ин гуна рафтори ғайриоддӣ барояш таҳқировар намуд. Аммо Асҳоб танҳо як рӯз тоқат карду халос, чанд субҳу шоми дигар посбонӣ карда оқибат боз Нозанинро танҳо ёфт ва бо узру бахшиши зиёд аз ӯ хоҳиш кард, то барои чанд лаҳза сӯҳбат бо ӯ розӣ шавад. Ин посбонию норизият як сол давом кард ва оқибат Нозанин ҳақорату қаҳру ғазабро ба сари «афғонҳои курнамак» бас карда қадре мулоим шуд. Зеро дар чамони Асҳоб ҳузнеро дид, ки аз гаронии ғами соҳибаш дарак медод. Ӯ розӣ шуд, ки ҳамроҳи Асҳоб ғизои шом хӯрад…

Дидори деринтизор

Он шоми ситорарези баҳорон Асҳоб худро хушбахтарин марди дунё эҳсос мекард, ӯ беҳтарин либосҳояшро ба бар карда назди Нозанин рафт. Нозанин бо либосҳои оддие буд, ки ҳар рӯз ба кор меомад, ӯ бе гапу ҳарф ба мошини Асҳоб, ки нишаст ва онҳо ба тарабхонаи бонуфузе рафтанд. Мард метарсид, ки сухани зиёдатие занад, намехост дили Нозанин озор ёбад. Нозанин худро хеле озод эҳсос мекард, аз нозу неъмати рӯи миз кам-кам тановул мекард, Асҳоб фурсатро муносиб дониста тамоми саргузашташро ба бону нақл карда дод. Чун дар планшет сурати Париро дид, дар ҳайрат афтод, воқеан ӯ чун себи дукафон ба Нозанин монанд буд. Бо дидани писаракони зебою модари нозанинашон ва шунидани фоҷиаи ба сари эшон омада талх гирист ва дид, ки оби чашмони Асҳоб низ рузсораҳояшро мешӯяд. Мард буғзи се мол дар гӯлӯяш ҷамъ шударо пеши як зани барои ӯ тамоман бегонаю ношинос мерехт, Нозанин худро ба даст гирифта дастонашро рӯи дастони Асҳоб гузошт, мард бо меҳр дастони сафеду зебои ӯро бӯсид…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД