Фотеҳа
Падару модари Асҳоб аз интихоби писарашон зиёд хурсанд шуданд, зеро тақдири духтараки ятим дили онҳоро озурда карда буд. Рӯзи дигар падараш ба Аҳмад-оғо занг зада мақсадашро баён кард. Генерал дар ҷавоб гуфтааст, ки Париро то имрӯз мисли гавҳараки чашм нигоҳубин кардааст, ҳарчанд харидорони зиёд дорад, вале ихтиёр дар дасти худи ӯст…
Асҳоб намедонад дар хонаи Аҳмад-оғо чӣ гуфтугӯе шуд, вале рӯзи дигар волидайн мусоидат карданд, ки ду ҷавон ба ҳам вохӯранд. Асҳоб ҳамроҳи модараш ва Парӣ ҳамроҳи зани Аҳмад-оғо ба тарабхонае рафтанд. Модарон дар мизи алоҳида аз онҳо дуртар истоданду ду ҷавон дар сари мизи дигар. Парӣ либосҳои зебои аврупоӣ ба бар карда буд, ки ба андоми зебояш хеле шинам афтода буданд, вале аз шарм ба рӯи Асҳоб нигоҳ намекард. Асҳоб аз ин пеш бо духтарони зиёде риштаи дӯстӣ дошт, вале пеши парии афғон лол монда буд. Оқибат худашро ба даст гирифта гуфт:
- Париҷон, номи ман Асҳоб, ту ба ман зиёд писанд омадӣ агар розӣ бошӣ хонадор мешавем. Туро ба Амрико мебарам…
- Ман донишҷӯйи соли ахири донишгоҳи тарроҳӣ ҳастам, то хатм накунам шавҳар намекунам, - пичиррос зад Парӣ.
Асҳоб бо ханда гуфт:
- Ҳеҷ гап не, як соли дигар тоқат кардан мумкин…
- Як сол не, чор моҳ пас диплом мегирам...
- Инаш боз хубтар, - хандид Асҳоб…
Рӯзи дигар дар тарабхонаи машҳуре падараш маърака ороста ҳама афғонҳои муқими Олмонро даъват намуда Парӣ ва Асҳобро фотеҳа карданд. Падару модараш барои ду моҳ дар Олмон монданд, зеро падараш назди табиби хубе табобат мегирфт Асҳоб бошад ба Амрико баргашт, зеро акнун ӯ сарварии ширкати падарашро ба ӯҳда дошт…
Кошонаи саодат
Баъди панҷ моҳи фотеҳа тӯйи Парӣ ва Асҳоб баргузор гашт, волидайни Асҳоб дар симои Парӣ ба хонаашон духтари меҳрубону ғамхоре оварданд. Парӣ он қадар ба хусуру хушдоманаш меҳрубон буд, ки Моҳҷаҳон аз тарси нарасидани чашми бад ҳар бегоҳ дар ҳавлии бошукӯҳаш испанд дуд мекард. Падараш низ беморияшро фаромӯш кард, як саодати бузурге ҳукмрон буд дар ин хонадони хушбахт. Асҳоб ба Парии нозанинаш аз дилу ҷон ошиқ буд, гулдонҳои хонаашон ҳамеша гулҳои тару тоза доштанду Парӣ чун парвона гирди сари ҳамсари зебою меҳрубонаш давр мезад. Асҳоб ҷавонмарди сабзинаи қоматбаланди ба китфу бозу буд ва духтаракони зиёде ба ӯ изҳори ишқ мекарданд, вале барои ӯ Парӣ ягона ва оила муқаддас буд.
Бо гузаштани як сол Парӣ сари ӯро ба осмонҳо расонида барояш ду шоҳписар таваллуд кард, ки онҳоро Аҷмалу Акмал ном ниҳоданд. Падараш хона менишасту ҳама кор бар души Асҳоб буд, набераҳояш барои ӯ болотар аз ҳама буданд, ҳарчанд нав ба шаст қадам ниҳодаю айни камолоташ буд, вале мард аз ҳамнишини бо набераҳояш ҳаловати беандоза мегирифт. Шояд ҳамаи ин саодат буд, ки даҳ соли дигар умри падарашро дароз намуданд. Бобои хушбахт дар даҳсолагии набераҳояш орому осуда аз олам чашм пӯшид, ҳарчанд марги падар барои Асҳоб хеле гарон буд, вале шукри оилаи хушбахт ва модари азизашро мекард. Дарёи зиндагӣ дар маҷрои худ равон буд…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД