Салом ба аҳли қалам ва хонандагони сершумори «Оила». Ман сомонаи «Оила»-ро низ пайгирӣ мекунам. Зеро дар он маводҳои муфид зиёданд, қиссаҳояш низ аз зиндагӣ гирифта шудаанд.
Ростӣ, баъзан дилам пур мешаваду намедонам онро ба кӣ кушоям, албатта мард бояд тавонад мушкили зиндагӣ ва рӯҳияшро пинҳон созад. Аммо баъзан дар дилам хоҳише пайдо мешавад, ки зор-зор бигирям, барои бастани роҳи сели ашк рӯй меоварам ба шароб…
Не, ман майзада нестам, кор мекунам, ҷавонмарди чор ишкелаш бутун ҳастам, аз таваҷҷуҳи занҳо ҳам танқисӣ надорам, вале ба чил даромадааму худамро мӯйсафеди ҳафтодсола эҳсос мекунам. Худамро марди бебарор меҳисобам, ба ман санги маломат назанед, аммо як ҳафтаи дароз қиссаи зиндагиямро навиштаам ва онро пешкаши шумо месозам…
Дар оилаи серфарзанде ба дунё омадаам, мо фарзандони падар аз ҳамдигар як солӣ фарқ дорему халос. Ростӣ, падарам вазифаи хубе доштанду кӯшиш мекадарданд мо зиндагии шоистае дошта бошем. Падарам марди меҳнатии хубу сиёсатдорест, моро тарбияи хуб додааст ва кӯшиш мекунад, ки ҳамеша зери назараш бошем.
Апаҳоям ҳамагӣ шавҳар карданду ба хонаи бахташон рафтанд, мо чор бародар мондем. Аз писарон ман калон будам ва модарам аз пайи келинкобӣ шуданд, ҳарчанд медонист, ки ман бо духтари ҳамсояамон муносибатҳои ошиқона дорем.
Гулбарг як синф аз ман поён мехонд, ман ӯро дӯст медоштам, мо қариб ҳар шаб вомехӯрдем. Давраи донишҷӯӣ ҳам ягон духтари шаҳрӣ натавонист ҷойи ӯро дар дили ман бигирад, ман ба модарам гуфтам, ки беҳуда келинкобӣ накунад, зеро ба ман ғайри Гулбарг ягон кас даркор нест.
Модарам ноилоҷ монду дилу бедилон ба хонаи дӯстдоштаам хостгорӣ рафт, ман дар курси якум мехондам, ки оиладор шудам. Ман дар дарс будаму ҳамсарам бо волидонам меистод ва ҳамин тавр давом кардан гирифт.
Баъди хатми донишгоҳ ман дар пойтахт мондам, умед доштам додаронамро зан медиҳему баъд ман зану писарамро ба пойтахт меорам, ҳарчанд дар иҷора мешиштам, бовар доштам, ки як рӯз не, як рӯз соҳиби хонаи худам мешавам, аммо…
Се додарамро зан додему ба онҳо замини назди ҳавлигӣ гирифта, хонаҳояшонро ҷудо кардем. Ман соҳиби ду писар шудам, аммо ҳамоно ман дар пойтахт будаму занам дар ноҳия. Ҳар гаҳе вақт ёбам, ба дидорашон мерафтам, ба занам гуфтам, ки ду фарзанд кофист, дигар таваллуд накунад.
Акнун мо ҳарду ба чил қадам гузоштему зиндаҷудоем, ростӣ писаронам аз ман дида, бобою бибияшонро дӯст медоранд. Ба занам ҳам меҳрам кам аст, дурӣ ишқро ҳам мекуштааст. Падару модарам хонаву дари бобоиро ба ман доданд ва ман мувофиқи тавони худ онҳоро азнавсозӣ мекунам.
Модарам маро эрод мегирад, ки туро умрат дар шаҳр гузашту соҳиби ҳеҷ чиз нашудӣ, чӣ хел ба ӯ фаҳмонам, ки “оча, дар шаҳр дар хонаи иҷора зиндагӣ кардан азобест вазнин?!” Хайрият як рафиқи наздикам, ки зиндагияш хуб аст, хонаи холие дораду маро аз азоби иҷорашинӣ имсол халос кард.
Дар зиндагӣ як умр азоб кашидаам, ҷое омадааст, ки гурусна ҳам мондаму бо либоси кӯҳна ҳам гаштам, марди бадгард нестам, зеро медонам агар зебои дунё, хуби олам, боадаби бофарҳанги ягона бошиву бепул бошӣ, занҳо писандат намекунанд.
Занамро эҳтиром мекунам, кӯшиш мекунам ҳама хоҳишҳояшро иҷро кунам, чунки як умр азоби дурӣ кашид. Ҳар гоҳе ба хона меравам, мебинам, ки дар чашмонаш нишонаи шодмонӣ нест, зеро аз ман чизе надидаст, шояд дилаш мондааст?
Занони деҳотӣ дар хусуси он ки дилаш аз шавҳараш мондааст, ба касе намегӯянд, дар ин бора ба худ ҳатто фикр карданро иҷозат намедиҳанд. Зеро қишлоқ урфу одати нонавиштаи худро дорад, ба ҳар ҳол ба ҳамсарам меҳрубонӣ мекунам, гапи хубаш мегӯям, ӯ раҳмомез ба ман менигараду халос.
Шаш моҳ боз дар зиндагиям дигаргуние ворид шуд, ки мани саргардонро парешонтар кард. Як бегоҳ аз хонаи як шинос бармегаштам, хостам роҳро кӯтоҳ карда, аз байни хонаҳои истиқоматӣ гузашта ба роҳи калон бароям. Дар назди як бинои навсохти зебо таксие қарор гирифту аз он зани қоматбаланди нозанине берун шуд.
Ронандаи таксӣ аз пушти мошин халтаҳои селофании бисёрро фароварду мошинро ронда рафт. Зани зебо, ки хеле расмӣ либос дошт, ба чор тараф нигоҳ мекард, ба фикрам ёрдамчӣ мекофт, наздаш рафтаму пурсидам, ки ёрӣ даркор аст? Ӯ бо лабханд “ташвиш накашед, ҳозир ягон бача меомадагист” гуфт, вале ҳама халтаҳояшро бардошта, ҳамроҳи зан то хонааш рафтем.
Ӯ дарошёнаи дуюм зиндагӣ мекардааст, зан бо арзи сипос дарашро пӯшиду бӯи атри ӯ дар димоѓам хонаи танҳоиям рафтам. Симои нозанини зан аз пеши назарам дур намешуд, дигар ҳар бегоҳ назди ҳамон бинои истиқоматӣ мерафтаму аз дур назора мекардам, ки меояд ё не?
Ӯ савори мошини хориҷии сиёҳшиша меомаду мошинашро ба гӯшае гузошта, хиромон-хиромон ба подездаш медаромад, баъд ман хона мерафтам ва оромона мехобидам. Як рӯз боз ба ҷойи доимиям рафта, омадани санами ношиносро поидам, ки бачаи дувоздаҳ- сенздаҳсолае бо ман нишаст. Бо ӯ хеле сӯҳбат кардаму бо эҳтиёт гуфтам:
-Ҳамин ҷо як мошини Лексуси сиёҳшишаи рақамаш …. ҳаст, оё соҳиби ҳамон Зафар ном надорад? Ман рақамҳои мошини занеро гуфтам, ки як моҳ боз хобу хӯри маро вайрон карда буд. Бача бо содагӣ ҷавоб дод, ки “не, соҳиби он мошин апаи Ҳанифа, ҳамсояи мост ва коргари калон аст”.
Ман акнун номи дилбарамро медонистам ва боз пурсидам, ба фикрам Зафар ҳамсари ҳамон зан аст. Не, боз ҷавоб дод бача, шавҳари апаи Ҳанифа чор сол пеш дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуд, як писар дорад дар Амрико зиндагӣ мекунад. Духтараш апаи Зулола бошад, дар Туркия зиндагӣ мекунад, зеро шавҳараш ҳамон ҷо кор мекунад.
Ман дар бораи Ҳанифа ҳама гапро аз ҳамон бача фаҳмидам ва ҳайрон шудам, ки чӣ хел ӯ набераву келину домод дорад, ки ба ҷавонзани сисола монанд аст?! Як моҳи дароз аз пушташ поидаму баъд тоқат накарда, ба дараш ангушт задам, ӯ даро кушода, маро дида ҳайрон шуд. Ман ҳамагӣ як гап гуфтам:
-Ман бе шумо наметавонам,- ӯ бо ҳайрат ба ман нигаристу баъд,- э дафъ шав аз назарам,- гӯён дарро ба рӯям пӯшид… Ман шаби дароз аз хории зиёд, аз пастии худ дар пеши ин зани нозанин, ки мисли бача ошиқаш шуда будам, гиристам ва зиндагиям танҳо бо ёдӣ ӯ буд. Дидам, ки намешавад, то ҷойи кораш рафтам, ӯ мансабдори калонест, худамро корафтода нишон дода, бо зорӣ аз коргараш телефони дастиву кабинеташро гирифтаму занг задам.
Ӯ аввал маро аз милисаву чизи дигар тарсонд, баъд маро алфонс унвон кард, ки аз пушти занҳои пулдор медавам, баъд сухани асосиро гуфт. Ӯ гуфт, ки ман арвоҳи шавҳарамро аз тамоми мардони дунё боло медонам. Ҳоло гоҳ- гоҳ зангаш мезанаму фақат таърифи шавҳарашро мешунавам, ману ишқи маро умуман қабул надорад…
Миёни чор девори андешаҳоям худамро танҳо меёбаму мегӯям:
-Ту барои занат мурдаӣ ва барои зане, ки маънии ҳаётат гаштааст, пасттар аз як мурда, пас ту кӣ ҳастӣ?!
Шояд аз уҳдаи номанигорӣ набаромадам, аммо дилам холӣ шуд, боқӣ қазоват аз шумои азиз.