Sebiston new 2024 october
ИШҚИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА МИЛЛИОНЕРЗАНИ РУС қисми 2
1946

Ирина баъди се рӯз ба хабаргирии мардикори «интилигент» омад, ӯ дар дил ба Раҳмон чунин лақаб дода буд. Мард дар ҳамин се рӯз онқадар кор карда буд, ки гумон мекардӣ, ҳамроҳаш чанд ёрдамчӣ дорад.

Дарахтони ба тартиб тозакарда, замини ҳамвору барои гулшинонӣ тайёр, буттаҳои ба шаклҳои зебо орододашуда, харакҳову катҳои дар лаби дарёчаи аз поёни бӯстонсаро мегузашта таъмиргардидаву рангзада, ба назар хеле зебо метофтанд. Ирина баъд аз адои салом хурсандии худро пинҳон дошта натавониста гуфт:

-О барои чӣ харакҳоро ранг задед, ин дар назар набуд ку?!

-Бону, ман таҳхонаро аз партовҳо тоза кардаму онҷо қуттиҳои нимпури ранг ёфтам, онҳоро напартофтаму истифода кардам.

-Таҳхонаро тоза кардӣ?!

-Бале,- гуфт Раҳмон, ки дар либосҳои оддии корӣ низ хеле зебо метофт. Ирина ба Раҳмон пул дод, ки гулу бутта харида, атрофро ба дили худаш оро диҳад ва бо ӯ хеле сӯҳбат карда, ҳамроҳаш чой нӯшид аз пиставу бодому тути хушку санҷиду ғулинги фиристодаи хонаводаи Раҳмон даҳон ширин кард. Ирина ба хориҷа сафар дошт ва баъди ду ҳафта омаду бӯстонсарояшро нашинохт, ҳама зебоӣ бо дастони як мард офарида шуда буданд. Раҳмон мехост, ки бо Ирина хайрухуш карда равад, вале бону боз барои вай кор ёфт, пули хубаш дод ва ӯро маътал кард.

Дили Ирина ширин метапид, ӯ ба ин марди хушкори зебо назари гарме дошт, вале нишон намедод. Раҳмон бо супориши Ирина дохили бӯстонсароро бо деворҳои берунаш ранг молид, тоза кард ҳама ҷо покизагию нафосат ҳукмрон буд. Ирина бо Раҳмон дӯст шуда буданд, ӯ ба мард гуфт, ки рӯзи якшанбе барвақт ба бӯстонсаро меояд, онҷо анҷоми кори ӯро «мешӯянд» ва баъд хайрухуш мекунанд. Охири моҳи май буду боронак маҳин-маҳин меборид, Раҳмон ош пухт, дастархон орост, як шиша майи сурхи олиҷаноби гурҷӣ гирифт ва интизори меҳмон нишаст. Ирина соатҳои ёздаҳи рӯз расида омад, аз мошин фаромадан замон бӯйи атраш атрофро фаро гирифт, ӯ либоси сабуки варзиши пӯшида, аз болояш боронии чармӣ, мӯйҳои ҳамеша парешонашро болои сар кулула карда буд. Зан чашмони кабуди обияшро ба Раҳмон асроромез дӯхт, дили мард таҳ кашид. Ӯ ин гуна нигоҳҳои ташнаи ҳавасро дар ин мулки ғарибӣ бисёр дида буд, аммо худро ба даст мегирифт. Онҳо сари миз нишастанд, сӯҳбат карданд, ош хӯрданд, май нӯшиданд, Ирина бо гитор суруд хонд, овози маҳинаш мисли чак- чаки борон ширин буд. Баъд ӯ ба Раҳмон гуфт:

-Тоҷик, мехоҳӣ ман туро хушбахти дунё кунам? Раҳмон гапро ба дигар тараф бурда гуфт:-Ман хушбахти дунёям, чун бо шумо барин зани оқила ҳамнишину ҳамсӯҳбатам, хоҳари азиз! Ханда дар чашмони кабуди зан ях баст ва бо хандаи талх гуфт:-Чаро хоҳар?!

-Чунки мо тоҷикон аз дастархоне нон хӯрдем, ба он туф намекунем, Ирина ин дафъа бо овози зангӯладори худ дурудароз хандида, чанд кори ношоистаи ҳамватанони моро ба хотири Раҳмон расонд ва мард низ паст наомада гуфт, дар ҳама миллат гандаву хуб ҳаст, миёни мо низ. Ирина дид, ки намешавад, рӯирост ба Раҳмон изҳори ишқ кард, вале мард дар посух гуфт, ки ман занамро дӯст медорам ва ба ӯ хиёнат намекунам! Ирина каме андеша карду барои аз ҳолати ногувор баромадан гуфт:

-Ман туро санҷидам дӯстам, зинда бошӣ…

Раҳмон ҳаққи хизматашро гирифта, бо корфармои нозанинаш хайру хуш карда рафт, аммо Ирина то дер зери боронаки баҳорӣ баҳудаву беҳуда ба гитораш нохун зада гирист, талх гирист…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД