(Охираш)
Одатан ин калимаи тақдирсӯз занро бе корд мекушад ва занҳо бо шунидани номи талоқ рӯю мӯяшонро канда, зор-зор гиря мекунанд, вале вақте Пайрав “се талоқат кардам” гуфт, гӯё бори вазнине аз дӯши Лайло гӯё ба замин афтид.
Вай нафаси сабук кашида, оромона ба хонаи дигар гузашт ва ба ҷамъ кардани либосҳои худ ва фарзандонаш сар кард.
Лайло бо як чолокии танҳо ба худаш хос дар байни чанд дақиқа тамоми чизу чораи худу фарзандонашро ҷамъ карда, ба сумкаҳо андохт ва ба духтаронаш занг зада гуфт, ки дар назди мактаб ӯро интизор шаванд, вай бо таксӣ омада онҳоро мегираду ба хонаи бобояш мераванд.
Бо дидани ин манзара ҳуши Пайрав ба сараш зада, ҳушёр шуд ва ба пойи ҳамсараш афтида, зорию тавалло кард, ки наравад. “Занакҷон, маро бубахш, ман маст будам, чӣ кор карданамро намедонистам. Одам дар ҳолати мастӣ ҳар хел сафсатта мегӯяд. Илтимос, маро бубахш. Нарав, ман бе туву духтарҳоям зиндагӣ карда наметавонам” зорӣ мекард ин марди умраш ба ҷое расида ва мисли кӯдак ҳой-ҳой мегирист, вале Лайло дигар ӯро набахшид. “Зиндагии ману шумо аз ин пас раво нест, чунки талоқи маро додед. Акнун мо ба ҳамдигар бегона ва номаҳрам ҳастем. Ман бояд ҳарчӣ зудтар аз ин хона равам” гӯён, зан бо қомати расою сари баланд ҷомадонҳояшро бардошта ҷониби дар равон шуд. “Лайло, нарав, илтимос, нарав, агар хоҳӣ, худи ҳозир рафта, муллоро меорам, дубора никоҳ мекунем” зорӣ мекард Пайрав ва пойҳои занашро маҳкам оғӯш карда, зор-зор гиря мекард. “Илтимос, худатонро беҳуда паст назанед, чунки дунё такорӯ шавад ҳам, ман аз роҳам намегардам. Ман 15 соли дароз тоқат кардам, дигар бас аст. Шумо, агар дар фикри оила ва фарзандонатон мебудед, дар бадали ин қадар сол ақаллан як бор оқибати рафтору кирдоратонро фикр мекардед, вале накардед. Маълум мешавад, ки барои шумо ба ғайр аз арақ дар зиндагӣ дигар чизе қадру қиммат надорад. Шуморо бо ишқи ягонаатон танҳо гузошта, мо ин хонаро холӣ мекунем” ба шишаи шароби рӯйи миз ишорат карда гуфт Лайло ва силтав зада, пойҳояшро раҳо карду аз дар баромад...
Ф. Сатторӣ