Arzon march 2024
Ишқи майзада (қисми 3)
5813

Роҳбари даста ба ваъдааш вафо карда, худи ҳамон ҳафта бо чанд нафар ҳунармандони машҳур ба деҳа, ба хонаи волидони Лайло хостгорӣ омад.

Аз мошин фаромадани одамони машҳурро дида, ҳамаи ҳаққу ҳамсояҳо ба сари девор ва бому бомгӯшаҳо баромаданд, то меҳмонҳои олиқадри муаллимро бубинанд.

Падари Лайло бо гумони он ки ҳамкорони духтараш танҳо ба хотири дӯстию ҳамкасбӣ ба хонаи онҳо меҳмонӣ омадаанд, зуд гӯсфандеро сар зада, ба ҳамсари бо дасту панҷааш фармуд, ки кабоби дегӣ ва оши палав пазад.

Шарофатхон, ки зани ҳунарманде буд, дарҳол дасту остин барзада, дар як мижа задан дастурхони пурнозу неъмат орост ва рӯйи хонро пур аз анвои хӯрданиҳои лазиз карда, бо як чолокии танҳо ба худаш хос дар як муддати кӯтоҳ се таом пухт.

Меҳмонҳо дар сари дастурхони пурнозу неъмат бо соҳибона аз ину он сӯҳбаткунон моҳибирён, кабоби дегӣ ва оши палавро дулунҷа заданд ва пасон сари мақсад омада, Лайлои нозанинро барои ҳамкорашон Пайрав хостгорӣ карданд.

Аслан аз рӯйи таомули деҳа мардон дар ягон масъала бо зан машварат намекунанд, вале падари Лайло, ки марди бофарҳанге буд, мақсади ташрифи меҳмонони олиқадрро фаҳмида, ҳамсарашро ҷеғ зад.

Шарофатхон аввал хурсанд шуд, ки ба духтараш ҳамкасби худаш аз шаҳр талабгор шудааст, вале синну соли домодшавандаро фаҳмида, латташ ба об зад.

Вай забон хоида “Як бо духтарам маслиҳат кунам чӣ” гӯён, ба хонаи дигар гузашт ва Лайлоро ҷеғ зада, розигиашро пурсид. Шарофатхон боварии комил дошт, ки духтараш ҳаргиз ба ин издивоҷ розигӣ намедиҳад, аммо ғайричашмдошти модар Лайло оромона гуфт:

-Зани ҳунармандро танҳо марди ҳунарманд фаҳмида метавонад, охир мо қариб ҳар рӯз дар тӯю маърака ҳастем, агар марди намефаҳмидагӣ бошад, байни зану шавҳар ҳар рӯз ҷангу ҷанҷолу хархаша мешавад...

Ба издивоҷ бо ин мард моил будани дили духтарашро эҳсос карда, Шарофатхон андешамандона гуфт:

-Духтарам, рост аст, ки зани ҳунармандро танҳо ҳунарманд фаҳмида метавонад, вале ин мард аз ту 22 сол калон будааст. Дар синну сол вай қариб бо падарат баробар аст. Ман туро дар канори чунин марди калонсол ҳатто тасаввур карда наметавонам.

-Синну солаш андаке калонтар бошад ҳам, як марди олуфтаи хушқаду қомат ва нармдилу ширинзабон аст. Мурчаро ҳам озор намедиҳад,-аз домодшаванда пуштибонӣ намуд Лайло.

Модар аз ин суханони духтараш ба ғазаб омада бошад ҳам, базӯр худро нигоҳ дошт ва насиҳатомез гуфт:

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

БАХТОВАР МАҲМУДОВ: БА КОРИ МО ҲАМА ВАҚТ ТАЛАБОТ АСТ

-Духтари сода, ҳамаи мардҳо то ба дом афтондани духтар чунин меҳрубон ва ширинзабонанд. Пеш аз тӯй ваъда медиҳанд, ки бароят ситораро аз осмон канда меоранд, аммо ҳамин ки харашон аз об гузашт, чеҳраи аслиашонро нишон дода, зиндагии зани бечораро ба шаби тор табдил медиҳанд. Ин мардак ҳам ягон айбу гуноҳи бузург доштагист, ки аз се зан ягон занаш бо ӯ намондааст...

-Ин тақдиру насиб аст, оча. Худованд, агар ба одам бахт надиҳад, чанд бор оиладор шавӣ ҳам, бахту рӯзӣ намебинӣ,-боз домодшавандаро пуштибонӣ кард Лайло.

Косаи сабри Шарофатхон лабрез шуд ва инони ихтиёр аз даст дода, ин дафъа бо овози баланд дод зад:

-Духтари беандеша, фикр намекунӣ, ки чӣ тавр фардо бо либоси арӯсӣ аз зери дасти як марди пир гирифта, аз хонаи падарат берун мешавӣ. Мардум магар ба ҳоли ту ва ба ҳоли мо намеханданд?!

-Оча, як бор чашматонро кушоед, охир духтари шумо ҳам 18- сола нест. Ҳамсолони ман кайҳо соҳиби шавҳару хонаву дари обод ҳастанд ва 3-4 тогӣ бачу кач доранду фарзадонашон кадом рӯз арӯсу домод мешаванд. Дар ин синну сол ман бачаи очааш бӯса накардаро аз куҷо меёбам?! Шукр гӯед, ки ҳамин марди шаҳрӣ ба синну сол ва касбу кори духтаратон нигоҳ накарда, чунин одамони бообрӯро ба хонаатон хостгорӣ равон кардааст....

Якравии арӯсшавандаро дида, ниҳоят Шарофатхон сар фаровард, вале таъкид кард:

-Лайло, бо марди аз худат 22 сол калон зиндагӣ кардан осон нест. Ҳамкасб бошед ҳам, ба гумон аст, ки диду завқи шумо ба ҳамдигар мувофиқат кунад. Нашавад, ки дар зиндагӣ бо ин мард забон наёфта, пушаймон шавӣ, духтарам...

-Ҳар чӣ дар тақдиру насибамон бошад, ҳамонро мебинем, модар,-пичиррос зад Лайло.

Бо ҳамин маслиҳат пухт ва Лайлоро ба Пайрав фотиҳа карданд...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Мухлис! 2023-09-17, 06:11
Давоми кисаро чаро намэнависэн муалиф? Илтимос мисли сэриалхои турки накунэд кисахоятонро
Посух
Фотимабону 2023-09-19, 10:01
Давомашро интизорем
Посух
Саид 2023-10-27, 21:49
Ид кай аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Мухлис! 2023-09-17, 06:11
Давоми кисаро чаро намэнависэн муалиф? Илтимос мисли сэриалхои турки накунэд кисахоятонро
Посух
Фотимабону 2023-09-19, 10:01
Давомашро интизорем
Посух
Саид 2023-10-27, 21:49
Ид кай аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД